Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ афзоиш меёбад

№107 (4057) 05.09.2019

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Дастоварду самтгирии стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: сиёсат, иқтисодиёт ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ» баргузор гардид.

Директори маркази зикршуда Диловар Қодирзода зимни ифтитоҳи конфронс қайд кард, ки тибқи ҳадафҳои стратегӣ, соли 2020 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба ҳар нафар аҳолӣ 8430 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Соли 2018 ин нишондиҳанда 7597,5 сомонӣ ва дар нимсолаи якуми соли 2019 — ум 3411,6 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 339,8 сомонӣ ё 10,6 дарсад зиёд мебошад. Бо дарназардошти имконияту захираҳои мавҷуда то соли 2020 ҳиссаи саноат дар ММД 12 — 13 дарсад пешбинӣ гардидааст. Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки соли 2018 ин нишондиҳанда ба 17,3 дарсад баробар шудааст ва нақшаи иҷрои стратегия дар самти саноат босуръат пеш меравад.

Иштирокчиён инчунин вобаста ба мавзӯъҳои «Саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи стратегии навбатӣ: вазъ ва дурнамо», «Мониторинги рушд бо истифода аз нишондиҳандаҳо ва индикаторҳо дар миқёси кишвар ва минтақаҳои он», «Мониторинг ва иҷрои стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аз раҳоии бунбасти коммуникатсионӣ то ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан: мушкилот, дастовардҳо ва дурнамо», «Моделҳои ояндабинии сатҳи амнияти озуқаворӣ ва мониторинги раванди иҷрои нақшаҳо, барномаву стратегияҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои иҷрои Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020», «Чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» изҳори андеша карданд.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»