Проблема ва мулоҳиза

Истеҳсоли электромобилро ба роҳ бояд монд

№99 (4049) 17.08.2019

Вазири саноат ва технологияҳои нави мамлакат Заробиддин Файзуллозода чанде пеш дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон истеҳсоли мошинҳои сабукрави олмониву японӣ ба роҳ монда мешавад.

fe9958b2e2df9b4d57ddec876c2343a1- Кишварҳои ҳамсояи мо, ба монанди Ӯзбекистону Қазоқис­тон, бо ширкатҳои хориҷии истеҳсолкунандаи нақлиёти сабукрав кор бурда истодаанд, ки шоистаи дастгирист, вале дар ин самт мебояд кори зиёдеро анҷом дод ва сармояи хориҷиро ҷалб кард, — гуфт номбурда.

Аммо дар шароити ҳозира аз истеҳсоли автомобил дида, истеҳсоли электромобилро ба роҳ мондан айни муддаост. Зеро сол то сол нархи бензин афзуда истодаасту қисми зиёди хароҷоти мошиндоронро маҳз сӯзишворӣ ташкил медиҳад. Аз тарафи дигар, истифодаи сӯзишворӣ ба зиёдшавии газҳои парникӣ мусоидат мекунад, ки ин боиси гармшавии иқлим мегардад. Гармии бесобиқаи имсола далели ин гуфтаҳост. Мутахассисон исбот кардаанд, ки пайвастагиҳои қӯрғошим, ки баъди сӯхтани бензин ба фазо паҳн мешавад, метавонад боиси пайдошавии бемориҳои саратон ва дигар омосҳо шавад. Қӯрғошим махсусан барои кӯдакон хатарнок буда, метавонад дар устухону дандонҳо ҷамъ шуда, боиси заъфи ақлонӣ гардад. Солҳои охир ҳодисаҳои кундзеҳнии кӯдакон зиёд ба мушоҳида мерасад, ки шояд яке аз сабаб­ҳои он ифлосшавии ҳаво аз дуди сӯзишвории нақлиёт бошад. Аз рӯи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло тақрибан 60 фоизи ифлосшавии ҳаво дар мамлакат ба соҳаи нақлиёт рост меояд.

3c1395e0803780eb55c49e6b7d5577b9Олимон ҳисоб кардаанд, ки барои сӯхтани як литр бензин қариб 300 литр оксиген зарур аст. Муҳаррики автомобил зимни як соати корӣ ба ҳисоби миёна он қадар гази оксиген сарф мекунад, ки ба нафаскашии як нафар тӯли як моҳ мерасад. Автомобиле, ки бо суръати 80-90 километр дар як соат ҳаракат мекунад, гази оксигени барои 300-350 нафар кифояткунандаро ба гази карбонат табдил медиҳад. Зимни тамбашавии нақлиёт, агар шамол набошад, ҳиссаи оксиген то 15 фоиз кам мешавад. Аз дуди автомобил ба фазо ва хок пайвастагии металлҳои вазнин паҳн шуда, ба нашъунамои растаниҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Дар бисёр маврид партови нақлиёт боиси хушкшавии дарахтон, камшавии ҳосили зироатҳо, ҷамъшавии пайвастагиҳои зарарнок дар меваю сабзавот мегардад.

Бо мақсади пешгирии ифлосшавии минбаъдаи об, хок ва ҳаво экологҳо пешниҳод мекунанд, ки майдони дарахту буттазор бештар гардонда, ба ҷои нақлиёти автомобилӣ мошинҳои барқӣ-электромобилу электробус истифода шавад. Зеро пайвастагиҳои аз автомобил ихроҷшуда, дар баробари ҳаво, зимни боришот ба об ҳамроҳ шуда, ин манбаи ҳаётро низ ифлос карда истодаанд. Оксиди карбон, оксиди нитроген, ангидриди сулфур, сулфид, бензапирен ва дигар пайвастагиҳои дар таркиби дуди мошин мавҷудбуда ба системаи дилу рагҳо, узвҳои нафаскашӣ, системаи асаб, роҳҳои хунгард ва ғайра таъсири манфӣ мерасонанд.

Ширкатҳои автомобилии маъруфи тамғаҳои «Fiat», «Chevrolet», «Volkswagen», «Nissan», «Hyundai», «Ford» ва ғайра чанд сол боз истеҳсоли электромобилҳоро ба роҳ мондаанд, ки рӯз то рӯз сафи муштариёнашон меафзояд. Ҳоло дар Хитой ва ИМА шумораи электромобилҳо аз 1 миллион адад гузаштааст. Дар Германия низ соли 2020 теъдоди нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза ба 1 миллион адад хоҳад расид. Дорандагони электромобил эҳсос карда истодаанд, ки дар баробари аз лиҳози экологӣ тоза будан, ин намуди нақлиёт хеле камхарҷ аст. Ҳангоми тай кардани 100 километр роҳ хароҷоти неруи барқ нисбат ба бензин 8-10 маротиба арзон меафтад. Аз ин рӯ, дар баробари кишварҳои аврупоӣ шумораи электромобилҳо дар Японияву Австралия, Ҳиндустон, Малайзия ва Кореяи Ҷанубӣ низ торафт зиёд шуда, истодааст. Идораи пулиси Австралия дар ҷаҳон нахустин шуда парки мошинҳояшро аз ҳисоби электромобилҳо пурра гардонид. Мошинҳои барқӣ дар зарфи камтар аз се сония суръатро ба 100 километр соат мерасонанд ва вайронкунандаи қоида дур гурехта наметавонад.

Ширкати маъруфи олмонии «Mercedes-Benz» соли 2021 ба истеҳсоли седани барқии EQE шурӯъ хоҳад кард. Тавоноии муҳаррики он 400 қувваи асп буда, бо як захираи неруи барқ 600 километрро тай менамояд.

Вобаста ба афзоиши истеҳсоли электромобил талабот ба аккумуляторҳои литий-ионӣ ҳам меафзояд. Инро ба назар гирифта, дар ширкати Lonic materials lnc. воқеъ дар иёлати Массачсетси ИМА, полимери сахтеро ихтироъ карданд, ки метавонад ҷойи электролити моеъро дар аккумуляторҳо бигирад. Техноло­гияи он таваҷҷуҳи мошинсозони Японияро низ ҷалб кардааст, зеро метавонад муддати истифодаи аккумуляторҳоро тӯлонитар созад. Ба ин мақсад ширкати Toyota 14 миллиард доллари ИМА сармоягузорӣ намудааст. Лабораторияи Sila Nanotechnologies-и Калифорния дар асоси элементи кремний хокаеро ихтироъ намудааст, ки маҳсулнокии батареяҳои литий-иониро 20 фоиз баландтар месозад.

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҷаҳон аллакай ба электромобил рӯ овардааст. Аз ин рӯ, лозим аст, ки барои дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли электромобил сармоягузор ҷӯем, зеро кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Ӯзбекистон, хеле пештар истеҳсоли автомобилро ба роҳ мондаанд ва харидорони доимӣ доранд.

Чанд сол боз дар Ҳиндус­тон истеҳсоли арзонтарин электромобил бо номи «Mahendra E-20» ба роҳ монда шудааст. Арзиши он 2500-2700 доллар буда, на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар Англияву Норвегия ва дигар кишварҳо низ харидори зиёд пайдо кардааст. Агар бо Ҳукумати Ҳиндустон дар хусуси ба роҳ мондани истеҳсоли ин намуди электромобил созишнома имзо шавад, айни муддао хоҳад буд. Мутмаинем, ки ба ғайр аз сокинони кишвар ба ин нақлиёти аз лиҳози экологӣ тоза дар Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистону Украина, Беларус ва Афғонистон низ таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Азбаски нархи барқ дар мамолики Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, арзон аст, истифодаи электромобил нисбат ба автомобил хеле арзон меафтад. Ҳар кас метавонад дар хонааш шабона мошинро бо неруи барқ «пур» карда, рӯзона аз пайи кор шавад. Ҳукумати Эстония, ки мисли Тоҷикистон сӯзишвориро аз хориҷа ворид мекунад, бо мақсади тарғиби мошинҳои барқӣ 500 адад электромобилро ба вазорату кумитаҳо тақсим кардааст.

Бояд фикри ояндаро кунем ва ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва аккумуляторҳои насли нави литий-ионӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»