3 сентябр - Рӯзи кормандони саноати нафту газ

Истеҳсоли нафту гази худӣ меафзояд

№105 (3742) 01.09.2017

Газу нефтБо ихтирои мошинҳои буғӣ ва муҳаррикони дарунсӯз тепло­энергетика дар ҷаҳон ба локомативи пешбарандаи саноат табдил ёфт. Алахусус баъди иктишофи захираҳои калони нафту газ таваҷҷуҳ ба теплоэнергетика бештар гардид. Имрӯз аз панҷ чор ҳиссаи  захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон ба сӯзишвориҳое рост меоянд, ки барои зарурати тепло­энергетика сарф шудаанд. Ҳарчанд солҳои охир истеҳсоли неруи барқ аз обу шамолу офтоб дар бисёр кишварҳо афзуда истода бошад ҳам, алҳол қариб 80 дарсади истеҳсоли неруи барқи ҷаҳон ба неругоҳҳои ҳароратӣ (бо истифодаи ангишт, нафт ва гази табиӣ) рост меоянд. Аз ин рӯ, иқтидору тавоноии ҳар як  давлат аз он вобастагӣ дорад, ки то чӣ андоза аз захираҳои табиӣ бой аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини  пурганҷ аст, вале аз масоҳати умумии он танҳо 34, 6 ҳазор километри мураббаъ барои ҷустуҷӯйи нафту газ мувофиқ мебошад. Корҳои мақсадноки иктишофи нафт ва азхудкунии конҳои нафт дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон соли 1907 оғоз гардидааст. Он замон дар майдони Селроҳа (водии Фарғона) аз чуқурии 282 метр ҷараёни нафт ошкор гардид, ки ҳаҷми истихроҷи он дар як шабонарӯз 7 тонна буд. Ин ба корҳои иктишофи нафт дар Тоҷикистон  асос гузошт.

Тайи солҳои 1959 – 2003 дар ҳудуди  мамлакат 25 кони нафт, газ ва конденсат ошкор гардидааст, ки аксари онҳо мавриди истифода қарор доранд. Дар ҷумҳурӣ соли 1973 ҳаҷми зиёдтарини истихроҷи газ (520 миллион метри кубӣ) ва соли 1979 ҳаҷми аз ҳама зиёди нафт (418 ҳазор тонна) мушоҳида шудааст.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ захираи гази табиӣ дар мамлакат 863 миллиард метри мукааб, нафт 113 миллион тонна ва конденсати газӣ 36 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Бинобар кам истихроҷ намудани захираҳои  мавҷуда қисми зиёди маҳсулоти сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, гази моеъ ва равғанҳои молиданӣ аз хориҷи кишвар ворид мешаванд. Алҳол аз  25 кони нафту гази ошкоргардида 16-тояш фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод 10-тояш дар қисми шимол ва 6 ададаш дар қисми ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷойгиранд. Ширкатҳои ватании ҶСК «Нафту газ», ҶДММ «Петролеум – Суғд», ҶММ «Салоса», ҶСК «Суғд нафту газ», ҶММ «Азизӣ», ҶММ «Сетос», ҶСП «Ҳасан ва К» ба истихроҷи нафту газ машғуланд.

Соли 2016 кормандони соҳа 25124 тонна нафт ва 2 миллиону 979 ҳазор метри мукааб газ истеҳол намуданд. Дар 7 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 13777 тонна нафт ва 930 ҳазор метри мукааб газ истеҳсол шудааст.

Дар ҷумҳурӣ корҳои  пармакунии чоҳҳои нафту газ  имрӯз танҳо дар  пармачоҳи ҷустуҷӯйии №17 — майдони «Маҳрам» рафта истодааст.  Чуқурии лоиҳавии он 4800 метр мебошад. Айни замон корҳои пармакунӣ то чуқурии 3500 метр  расидааст. Корҳои пармакунӣ дар ин ҷо  пурра аз ҳисоби мутахассисони ватанӣ ба роҳ монда шудааст.

Соҳаи нафту газ дар ҷумҳурӣ ояндадор мебошад. Дар назар аст, ки солҳои наз­дик дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ» корхонаҳои истеҳсоли сӯзишворӣ ба фаъолият  пардозанд. Ин дар самти ба роҳ мондани истеҳсолоти  ивазкунандаи воридот ва маҳсулоти ба содирот  нигаронидашуда қадами устуворе хоҳад гашт.

Гулрухсор ПИРОВА,

мушовири калони Кумитаи

Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия