Истеҳсоли семент воридоти онро коҳиш дод

№152 (3453) 11.11.2015

сементДар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Покистон чанде пеш дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд, ки дар он масъулини Палата, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро, Президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳумоюн Парвиз, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳор дошт, ки давоми даҳсолаи охир гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле афзудааст. Гуфта шуд, ки бо мақсади рушди ҳар чӣ бештари муносибатҳо доираҳои соҳибкорӣ, тавсеаи фаъолияти муштарак дар соҳаҳои энергетика, саноат, хоҷагии қишлоқ истифодабарии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистон зарур аст. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро аз шароити мусоиди ҳамкорӣ ва муносибатҳои хуби ду давлат ёдовар шуд. Президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндии Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҳумоюн Парвиз низ доир ба молу маҳсулоти истеҳсоли кишвараш маълумот дода, изҳор дошт, ки дар намоишгоҳ маҳсулоти 25 ширкати пешқадами Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз қабили газворҳо, мебел, маҳсулоти хӯрока, маводи ороишӣ ва атриёт, пойафзолҳои чармин, либос, таҷҳизоти тиббӣ, масолеҳи сохтмонӣ, таҷҳизоти саноатӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Доир ба коҳиш ёфтани гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон иттилоъ дода шуд, ки ин тамоюл ба фаъолияти корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, зеро то ин вақт ҳаҷми асосии молу маҳсулоти воридотиро аз Ҷумҳурии Исломии Покистон семент ташкил медод. Айни замон талаботи Тоҷикистон пурра бо сементи истеҳсоли ватанӣ қонеъ карда мешавад.

Дар фарҷоми нишаст миёни рӯзноманигорон ва масъулин саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

    «Садои мардум»