Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллат буд

№108 (3745) 09.09.2017

DSC_0965Ҳамчун як тан шаҳрванди ин кишвари соҳибистиқлол, ҳамзамон вакили халқ дар Маҷлиси намояндагони кишвар ифтихорманд аз онам, ки ба шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон тайи зиёда аз чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ ва 20 соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ зери осмони софу беғубор умр ба сар мебарем. Ҳар фарди соҳибхирад, новобаста ба кору соҳааш, бояд ҳаёти осоиштаи имрӯзро ба солҳои  90 — уми асри ХХ қиёс намуда, дар ниҳоди фарзандонаш ҳисси ватандӯстиву расидан ба қадри сулҳу осоиштагиро бедор созад ва дар ин радиф, ифтихор аз Ватану ватандорӣ намояд.

Гоҳо вақти фориғ асарҳои хондаамро дар бораи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардидааст, хаёлан варақгардон мекунам. Иҷлосияи XVI-умро ҳамчун Иҷлосияи  тақдирсоз мешиносанд, ки бесабаб нест. Зеро, маҳз ин Иҷлосия заминаи сулҳу ваҳдатро гузошт. Маҳз дар ин Иҷлосия ақлу хиради азалии миллати тоҷик боло гирифту ҷонибҳои даргир ба ҳам омаданд. Бузургтарин хизмати Иҷлосияи сарнавиштсоз дар назди таърих он аст, ки кишвари моро дар як давраи бисёр ҳассос аз вартаи фаношавӣ наҷот бахшид ва дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наве боз гардид, ки ба раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар ин Иҷлосияи наҷотбахш Роҳбари тозаинтихоби мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро бӯсида, қасам ёд карданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам, барои ноил шудан ба ин ниятҳои муқаддас агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти халқи азияткашидаам боварӣ дорам».

Маҳз ҳамин Иҷлосия буд, ки роҳи миллатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона боз намуд.

Ба ҳама чун оина равшан аст, ки халқи тоҷик дар тӯли 26 соли баъди баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ба чӣ дастоварду зафарҳои беқиёси меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ комёб гардидааст. Ин муваффақияту дастовардҳо дар саҳифаҳои таърихи давлати навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии Истиқлолияти давлатӣ ва ғояву манзалати Ваҳдати миллӣ се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ медиҳанд. Ташаббусу пешниҳод ва иқдомҳои ватандӯстонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ба ҳифзи манфиати сокинони мамлакат равона шудаанд.

Имрӯзҳо кӯшишу талоши Ҳукумат ва захираву имкониятҳо бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона гардидааст. Ба шарофати татбиқи  стратегияву барномаҳои миллӣ дар 15 соли охир суръати миёнаи рушду тараққиёти иқтисодии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар як сол ба 7,8 дарсад баробар шуд. Дар ин муддат даромади Буҷети давлатӣ аз 300 млн. сомонӣ то ба 18 млрд. сомонӣ афзуд. Даромади сокинони кишвар 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар зиёд гардид. Дар 20 соли охир музди миёнаи меҳнат 60 баробар ва андозаи миёнаи  нафақа 85 баробар афзоиш ёфт, ки ба се карат паст шудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат кард.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кӯшишу талошҳои Пешвои миллат дар соҳаи саноат ба он равона шуд, ки тавассути  ворид намудани технологияи муосир ва истифодаи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда ва рақобатпазирро таъмин намоянд. Дар натиҷа, агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, соли 2016 шумораи онҳо ба 2100 расонида шуд. Дар онҳо беш аз 300 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис ёфтанд. Дар корхонаҳои саноатии кишвар имрӯзҳо истеҳсоли зиёда аз 140 навъи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ  тавассути рушди баробари минтақаҳои кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ — «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис ёфт, ки дар онҳо 61 ширкати  ватанию   хориҷӣ ҳамчун субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ  фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки амалӣ гардид. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳҳои автомобилгарди «Душанбе – Мурғоб — Қулма», «Шоҳон-Ғарм», «Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб», «Дӯстӣ-Панҷи Поён», «Душанбе – Хуҷанд — Чаноқ», «Душанбе — Турсунзода», «Айнӣ -Панҷакент» ва ғайра таҷдиду барқарор гардиданд. Бунёди нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳрис­тон», «Хатлон», «Озодӣ» орзуи чандинсолаи халқро ҷомаи амал пӯшонд. Ҷамъ дар солҳои истиқлолият дар мамлакат зиёда аз 2000 км роҳ, 240 пул, 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.

Ногуфта намонад, ки дар солҳои истиқлолият соҳаи ҳаётан муҳим-кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ қариб 3 баробар афзуд. Дар доираи татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба 180 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991 — ум 100 ҳазор гектар зиёд мебошад. Бо ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар ноҳияи Б.Ғафуров «Боғи миллӣ», дар ноҳияи Ҳисор боғи «25 — солагии Истиқлолият» бунёд шуданд.

Дар солҳои истиқлолияти кишвар дар соҳаи фарҳанг дастовардҳои беназир ба даст омад. Бо иқдоми неки Сарвари давлат Наврӯзи тоҷикон мақоми байналмилалӣ гирифт. «Шашмақом»-и тоҷик ва ёдгории таърихии «Саразм» ба рӯйхати Мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Танҳо баъди соли 1991 — ум 18 номгӯй ёдгории таърихии кишвар ба рӯйхати иншооти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Дар ин радиф  «Фалак» низ мақоми давлатӣ гирифт.

Иншооти азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ — муассисаҳои давлатии  «Китобхонаи миллӣ», «Осорхонаи миллӣ», «Кохи Наврӯз», Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» ва ғайра қомат афрохтанд, ки далели раднопазири сиёсати оқилона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир барои таъмиру азнавсозии ёдгориҳои таърихии мамлакат 3 млрд. сомонӣ равона кардааст. Барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ба 1 млн. 300 ҳазор оила 129 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.

Инак, зиёда аз чаҳоряк аср мешавад, ки миллати тоҷик бо ҳидоятҳои Сарвари оқилу тавоно, сиёсатмадори беназир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш меравад, рушд мекунад, дастовардҳои Иҷлосияи сарнавиштсозро, ки беҳтарин неъмат ва кафили осудаҳолии мардум аст, ҳифз менамояду гиромӣ медорад.

Аз ин лиҳоз, ғояҳои Иҷлосияи таърихӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи сулҳофарӣ шинохта шудаанд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, бахту саодат, шаъну шараф ва осоиштагии кулли тоҷикистониён аст.

Гулбаҳор НАЗИРӢ,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод