Истиқлолият — рамзи саодат ва асолати миллат

№108 (3745) 09.09.2017

Шашуми сентябри соли ҷорӣ  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе- Плаза» дар мавзӯи «Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Зимни ифтитоҳи кори конференсия муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода иброз дошт, ки «Истиқлолият азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард».

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»