Истиқлолият ва рушди дипломатияи тоҷик

№16 (3653) 16.02.2017

Дар вазъияти пуртазоди солҳои аввали Истиқлолият роҳандозии равобити хориҷӣ ва муаррифии шоистаи давлати навини мо дар арсаи байналмилалӣ яке аз муҳимтарин самтҳои раванди давлатсозӣ буд. Аз ин лиҳоз, 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи муҳим ба шумор меравад.  Дар он рўз аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид  нақшаҳои бунёдкорона, сулҳҷўёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тарафи Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардиданд.

Минбаъд, дар зарфи 25 соли Истиқлолият хизматрасонии консулӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ба таври назаррас густариш ёфт. Айни ҳол зиёда аз 30 намояндагии дипломатӣ дар хориҷи кишвар баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дар маҷмўъ, ҳифзи манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Мусоидат ба шинохти воқеии ҷомеаи Тоҷикистон ва раванди рушди ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии он дар хориҷа яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати кишвар ва намояндагиҳои дипломатӣ мебошад.

Дар ин робита, истифода аз василаҳои дастрас, аз ҷумла таҳкими робитаҳои кории самарабахш бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат, тарғиби дастовардҳои соҳаҳои гуногун ва дигаргуниҳои бунёдии ҷомеаи мо аз тариқи суханрониву мусоҳибаҳои матбуотӣ ва музокироту вохўриҳои дипломатӣ амри зарурист.

Имрўз мушоҳида мекунем, ки ояндабинии тамоюлҳову ҳаводиси сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вокуниши саривақтиву мантиқӣ ба онҳо аҳамияти дучанд пайдо кардааст.

Аз ин ҷост, ки дар самти омода кардани кадрҳои дорои сатҳи баланди касбӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва лоиқу кордон, ки аз умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ бархўрдор бошанд, тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Айни ҳол Тоҷикистон, ки дар маҷмўъ, ба узвияти беш аз 80 созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳоди молиявии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон ҳиссагузорӣ мекунад.

Дар баробари ин, Тоҷикис­тон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, ба мисли конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳо ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онҳо иҷро менамояд.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои  минтақаҳои мухталифи олам ҷойгоҳи хоса дорад.

Тоҷикистон то имрўз бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобил, манфиатҳои муштарак ва риояи ҳуқуқи байналмилалӣ бо зиёда аз 140 кишвари дуру наздик робитаҳои дўстонаву беғараз ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст. Дар ин замина, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон беш аз 2000 санади ҳуқуқиро ба имзо расонида, мавриди иҷро қарор додааст.

Воқеан ҳам, дипломатияи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми хоса пайдо карда, ҳамаҷониба густариш ёфт, ки имрўз шоҳиди он мебошем.

 Беҳрўз Икромовмушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот