Истифодаи оқилонаи неруи барқ

№90 (3570) 15.07.2016

Дар ноҳияи Балҷувон ба сарфаю сариштакории неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Маблағи қарз дар ноҳия ҳамагӣ 656 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки ин рақам, дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ниҳоят кам аст. Масалан, ин нишондод дар ноҳияи Восеъ 16 миллиону 625 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»