Кишти баҳорӣ чӣ гуна ҷараён дорад?

№51 (4157) 23.04.2020

 Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шонздаҳуми апрели соли равон дар маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои соҳаи кишоварзӣ супориш доданд, ки нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро то 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60 фоиз зиёд намуда, истеҳсолу захираи орду равғанро таъмин намоянд.

Дар гузорише, ки сомонаи www.prezident.tj нашр кард, омадааст: «роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо, аз ҷумла, сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ, васеъ ба роҳ монанд».

Бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз рафти кишти баҳорӣ ба Вазорати кишоварзӣ муроҷиат намудем. Аз маркази матбуоти он иттилоъ доданд, ки дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ гузаронидани кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ дар майдони 155168 га, ғалладонагиҳои баҳорӣ — 112030, зироатҳои техникӣ — 222479, аз он ҷумла, пахта — 190000, картошка — 33501, сабзавот — 40244, полезӣ — 19507 ва зироатҳои хӯроки чорво 26638 га пешбинӣ гардидааст.

Ҳоло дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар масоҳати 168877 га гузаронида шудааст, ки беш аз 109 дарсади иҷрои дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 апрели соли 2020 кишти ғалладонагиҳои баҳорӣ дар майдони 68851 га, пахта — 50081, картошка — 10152, сабзавот — 24092, полезӣ — 7656 ва зироатҳои хӯроки чорво дар майдони 12891 га гузаронида шудааст, ки мутаносибан 61,4,  26,3,  30,3,  59,8,  39,2 ва 48,4 дарсади дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»