Пахта-2020

Конибодомиҳо дар сафи пеш

№ 07.10.2020

ПахтаСеюми сентябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази вилояти Суғд 20- рӯзи аввали маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардид. Бино ба иттилои масъулини соҳа, кишоварзони вилоят дар ин давра 45189,9 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробар ба 34,9 дарсади нақшаи солона мебошад. Ба ҳисоби миёна дар вилоят рӯзе то 5 дарсади нақша пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки чунин нишондиҳанда таи чанд соли охир бори аввал ба даст омадааст. Дар маҷмӯъ, пахтакорон ният доранд, ки соли ҷорӣ наздик ба 130 ҳазор тоннагии «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.

Тибқи қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзии вилоят ва Кумитаи иттифоқи касабаи коркунони соҳаи агросаноатӣ, дар мусобиқаи байни ноҳияҳои пахтакор ҷойи якум насиби кишоварзони шаҳри Конибодом гардид, ки то ин муддат ба андозаи 54,3 дарсади нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳисоби миёнаи чиниши пахта ин шаҳр дар як рӯз 4 фоизи нақшаро ташкил додааст. Дар маҷмӯъ, пахтакорони конибодомӣ то ба имрӯз 7215,5 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Дар оростани ин хирмани бошукуҳ зиёдтар ҳама аҳли заҳмати ҶС ба номи Э.Бойматова ҳисса гузоштаанд. Онҳо миёни дигар хоҷагиҳои пахтакори вилоят аввалин шуда, аз иҷрои нақшаи солонаи истеҳсоли «тиллои сафед» мужда расониданд.

- Ҳосил дар саҳро зиёд аст,-гуфт зимни суҳбат раиси хоҷагӣ А.Шокиров,-аҳд кардем,ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 32 сентнерӣ расонем.

 Соли равон заҳматкашони шаҳри Конибодом ният доранд, ки 13 ҳазору 300 тонна пахта  ба даст оранд.

-Мо бо истифода аз боду ҳавои мусоид аминем, ки нақшаи истеҳсоли пахтаро  то 1 ноябр ба иҷро мерасонем,-гуфт раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода.

Ҷойи дуюм насиби пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ гардид. Пахтаи ба хирмани Ватан рехтаи онҳо 11063 тоннаро ташкил дод, ки 40,3 дарсади нақшаи солона аст. Дар миёни ҷамоатҳои деҳот бошад, деҳоти «Ҳаёти нав»-и ноҳияи ба номи Ҷ.Расулов ғолибият ба даст овард. Дар 75 хоҷагии деҳқонии ин деҳот дар давраи ҳисоботӣ 872 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки баробар ба 108 дарсади нақша аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода мукофотпулиҳоро ба ғолибон тақдим кард. Ҳамин тариқ шаҳри Конибодом соҳиби 20, ноҳияи Масчоҳ 10 ва деҳоти «Ҳаёти нав» 5 ҳазор сомонӣ гардиданд. Дар ин радиф, меҳнати самараноки чинакчиёни пешқадам — М.Ғаниева (Ашт), Р.Қосимова (Б.Ғафуров), Д.Юлдошева (Ҷ.Расулов), Ш.Бекмуродова (Зафаробод), У.Рӯзиматова (Конибодом) С.Каримова (Мастчоҳ) ва Ҳ.Мамадсаидова (Спитамен) бо 1000 сомонигӣ қадр карда шуд.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»