Консепсияи рушди қонунгузорӣ ва зарурати он

№41 (3678) 18.04.2017

Рушди низоми қонунгузорӣ, пеш аз ҳама, аз сифат ва тартиби истифодаи қонунҳо вобастагӣ дорад. Мусаллам аст, ки хусусият, моҳият ва мазмуни низоми қонунгузорӣ бетағйир монда наметавонад.

Конститутсия низ зарурати танзими ҳуқуқии демократии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва марҳилаи навро дар таҳия, қабул ва такмили  қонунҳо тақозо менамояд. Хусусияти  барҷастаи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар меъёр ва принсипҳои он асосҳои фароҳам овардани таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, инчунин нақши ҳокимияти қонунгузор дар қабул ва такмили қонунгузорӣ муайян шудаанд.

Демократикунонии институтҳои давлатию ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷодаи қонунгузорӣ, бо риоя намудани эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ дониста мешаванд, дар мадди аввал қарор доранд. Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар ҷаласаи нахустини  Иҷлосияи сеюми Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (17 марти соли 2015) таъкид намуда буданд:

«Дар шароити вазъи зудтағйирёбандаи ҳуқуқӣ ҳамчун танзимгари асосии ҳаёти ҷамъиятӣ, дар баробари фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа, фаъолияти қонунгузорӣ яке аз воситаҳои муассири пешгирии вуруди унсурҳои фарҳанги бегона ва ҳаракатҳои номатлуб мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи имрӯзаи мо таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки дар марҳилаи муосири рушди кишварамон зарурӣ буда, ҷавобгӯйи манфиатҳои милливу фарҳангии халқи Тоҷикистон бошад».

Барои барқарор намудани асосҳои ягонаи ҳуқуқии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ба тартиб даровардани муносибатҳои мавҷуда, ҳокимияти қонунгузор ва давлат саъй менамояд, ки қонунҳо дар амал ба халқ хизмат намоянд. Ба ин мақсад қонунҳое қабул карда мешаванд, ки дар баробари танзими доираҳои муайяни муносибатҳои ҳуқуқӣ чунин амалҳоро нисбат ба дигар доираҳои муносибати байниҳамдигарӣ низ пешбинӣ менамоянд.

Маҳз барои ҳалли масъалаҳои номбурда Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсия ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ тибқи принсипҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мураттаб  гардидааст.

Самтҳои афзалиятноки Консепсия баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа буда, ба чунин мақсадҳо равона шудааст;

- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ ва амният;

- якпорчагии давлат, барқарорӣ ва инкишофи сулҳ, муносибатҳои дӯстона ва нек бо ҷомеаи ҷаҳонӣ;

- таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди ҷомеа, баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқӣ;

- рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, озодии эътиқод ва изҳори ақида, сухан ва такмили дигар унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- баланд бар­доштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;

- пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ;

- ҳалли ҷиддии масъалаи таъмини ҳамоҳангиву мувофиқати  қонунҳо ва мутобиқати онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз байн бурдани ихтилофоти санадҳои қонунгузорӣ, таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон;

- бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ, такмил додани қонунҳои амалкунанда, таҳия ва қабули қонунҳои нав;

- ҷиҳати баланд бардоштани сифатнокии қонунҳо ҳангоми такмил додани қонунҳои амалкунанда ва таҳияи лоиҳаи қонунҳои нав, гузаронидани экспертизаи илмию ҳуқуқӣ, зиддикоррупсионӣ, гендерӣ, молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;

- мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии   эътирофнамудаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мониторинги санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Ҳамчунин, тавре дар Консепсия қайд шудааст, ислоҳот дар соҳаи эҷоди қонунҳо ва ҳуқуқ дар доираҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, мадании ҷомеа номутаносиб инкишоф меёбад. Агар ин ислоҳот дар соҳаҳои асосҳои сохти конститутсионӣ, мудофиа, бехатарӣ, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, адлия, сохторҳои қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбатан бештар эҳсос шавад, дар фаъолияти соҳибкорӣ, молия ва қарз, системаи андоз, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар соҳаҳои муҳимтарини рушди иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва маҷмӯи саноати кишоварзӣ мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки танзими ҳуқуқиро талаб мекунанд.

Аз ин сабаб, дар асоси Консепсияи рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш барномаи давлатӣ оид ба татбиқи он, аз ҷумла дар соҳаи сохтори давлатӣ, рушду ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният, кишоварзӣ, муҳофизати муҳити атроф, қонунгузории шаҳрвандӣ, соҳибкорӣ, молия, андозситонӣ, фаъолияти гумрукӣ, бонкӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналхалқӣ, инчунин қонунгузории меҳнат ва иҷтимоӣ қабул шудааст, ки барои некуаҳволии мардум хизмат мекунанд.

Ҳамин тариқ, амалигардонии Консепсия ба низоми муътадили қонунгузорӣ мусоидат менамояд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим дароварда, рушду такомули минбаъдаи онҳоро фароҳам меоварад.

Бахтиёр ШАМОЛОВ, 

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният