Корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Ёвон

№85 (3722) 18.07.2017

26481971092_51b77651a7_oБо ибтикори соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Ҷунгстай моҳир-семент», дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи саноатии истеҳсоли халта ба истифода дода шуд.

Он дар як сол 40 миллион дона халта истеҳсол мекунад, ки 40 фоизи талаботи солонаи корхонаҳои сементбарории ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар корхона 93 сокини  маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанд, ки 61 нафараш занону духтарон мебошанд. Маоши миёнаи коргарон 1300 то1600 сомониро ташкил медиҳад.

То ҳол ин навъи халтаҳо аз хориҷи кишвар харидорӣ мешуданд. Ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки нархи семент дар ҷумҳурӣ то андозае паст шавад.

Дар маросими ифтитоҳи корхона муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, вазири саноат ва технологияи нав Шавкат Бобозода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иштирок намуданд.

Ҳамчунин, бо ибтикори соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов дар шафати корхона сохтмони Корхонаи истеҳсолии масолеҳи сохтмонӣ -гипсокартон оғоз гардид. Дар маркази шаҳраки Ёвон бошад бунёди бинои муассисаи таълимии хуштарҳу замонавӣ барои 640 хонанда идома дорад. Қарор аст, ки мактаб дар соли хониши нав мавриди истифода қарор дода шавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»