«Корвони саломатӣ» дар Рашт

№83 (3720) 13.07.2017

Чанде пеш «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 80 нафар мутахассиси марказҳои саломатӣ ва пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии ҷумҳурӣ дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт хизматрасонии ройгони тиббиро ба сокинони минтақа пешниҳод кард.

Бино ба иттилои Алимаҳмад Солиҳов — сартабиби Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт, чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратӣ — «Корвони саломатӣ» дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2013 – 2023» амалӣ гардида, ҳадаф аз он пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани маърифати тиббии мардум мебошад.

- Дар натиҷа, беш аз ду ҳазор сокини минтақа аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. «Корвони саломатӣ» бо технологияю таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла флюрография, лабораторияи клиникии сайёр, 6 таҷҳизоти фаросавтӣ, 2 таҷҳизоти сабти барқии дил муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин, зимни ин чорабинӣ 11 ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд, — гуфт А. Солиҳов.

  Диловари МИРЗО, «Садои мардум»