Кумак ба зарардидагони офати табиӣ

№81 (3718) 08.07.2017

цукцукДар деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон супоридани кумаки хайриявии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлати Кувайт ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида оғоз ёфт. Дар маъракаи мазкур раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода Қодир, котиби генералии Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Баҳодури Бобоҷон ва директори Департаменти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари давлати Кувайт Минҳал Алинейзи ширкат варзиданд.

Кумак 15 номгӯйи маҳсулоти хӯрока ва дигар молҳои ниёзи мардумро дар бар гирифта, барои 900 оила пешбинӣ шудааст. Супоридани кумаки башардӯстона аз деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон оғоз ёфта, дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа то охири моҳи июл идома меёбад.

Ш. Шоҳқосим, «Садои мардум»