Кумаки Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

№112 (3258) 27.09.2014

Федератсияи Россия дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии озуқа ба Тоҷикистон панҷ миллион доллари ИМА ҷудо кардааст, ки барои вусъат бахшидани раванди табобат ва таъмини сокинон бо озуқа пешбинӣ шудааст.

-Маблағи ҷудошуда барои сохтани иншооти истеҳсолии хоҷагии қишлоқ, вусъат додани истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ, ёрӣ расонидан ба  марказҳои тиббӣ дар раванди хизматрасонӣ, ба паст кардани сатҳи  норасоии хӯроки кӯдакон, таъмини беморони сил ва аҳли оилаи онҳо бо маводи зарурӣ давоми табобат, ҳаррӯза додани хӯроки гарм барои 350 ҳазор нафар  хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва ғайра хароҷот мешавад,- изҳор доштааст сардори намояндагии Барномаи умумиҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон Николаса Оберлина.

Федератсияи Россия  давоми даҳсолаи охир дар доираи барномаи зикршуда ба Тоҷикистон пайваста кумак менамояд, ки маблағи умумии он зиёда аз 60 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Инчунин кишвари фавқуззикр дар доираи  Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои беҳтаргардонии некуаҳволии як миллион нафар аҳолии деҳоти Тоҷикистон 6,7 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.

Таҳияи Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»