Лахш боз ҳам рушд хоҳад кард

№96 (3733) 12.08.2017

SAM_3988Бо тақозои касб чанде пеш ба ноҳияи Лахш сафари корӣ доштам. Дар он ҷо намунаи беҳтарини дӯстии миллатҳоро дидан мумкин аст. Ду миллати бародар — тоҷику қирғиз тӯли асрҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ доранд. Урфу одат ва арзишҳои миллиашон чунон омезиш ёфтаанд, ки баъзан кас гуфта наметавонад ба кадомашон тааллуқ дорад.

Дастовардҳои сокинони ноҳия дар солҳои охир назаррасанд. Тамошои киштзорҳои гулпӯши картошка табъро болида мегардонад. Ба назар чунин менамояд, ки масоҳати заминҳои картошка дар ин мавзеъ беохиранд. Баъди ошноӣ бо кори картошкапарварону боғдорон, сохтмончиёну аҳли маориф хостам бо раиси ноҳия Баротзода Файзулло Раҷаб, суҳбат намоям. Ӯ маро хуш пазируфт ва бо шавқу рағбат дар атрофи масоили марбут ба хоҷагии халқ чунин гуфт:

- Ҳар ҷо, ки кор ҳаст, он ҷо мушкилоту заҳмат бо инсон рӯ ба рӯ мешавад. Вазифаи мардони бонангу ор ва заҳматкашу ватандӯст аст, ки аз мушкилот наҳаросанд. Агар мо дастовардҳоямонро дар тайи ду-се сол таҳлил кунем, фурсати зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, мехостам дар мисоли натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон ибрози назар намоям.

Имсол се корхонаи саноатиро ба истифода додем. Яъне, барои сокинон боз чил-панҷоҳ ҷойи корӣ муҳайё шуд, ки дар муҳити кӯҳистон дастоварди хубест.

Соҳаи асосии ноҳия кишоварзист. Мардум аз он даромади хуб ба даст меоранд, ба шарте ки корро дар асоси илми муосир, яъне технологияи ҷавобгӯйи рӯз ба роҳ монанд. Ман, пеш аз ҳама, соҳаи картошкапарвариро дар назар дорам, ки хуб рушд кардааст. Деҳқонон имсол дар майдони 2302 гектар ин намуди зироатро кишт кардаанд ва аз нумӯи он маълум аст, ки ҳосили хуб ба даст меоранд.

Ба нақша гирифтаем, ки соли дигар майдони кишти картошкаро ба се ҳазор гектар расонем. Амалӣ гардидани ин ният он қадар мушкил нест. Мушкил дар обёрӣ кардани заминҳои бекорхобида аст. Имрӯз роҳи ҳалли ин муамморо ҷустуҷӯ карда истодаем ва бовар дорам, ки бо кумаки мутахассисон ва сокинони ватандӯст онро ҳал хоҳем кард. Барои таҷриба дар деҳоти «Сартало» соли равон бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории соҳибкорон 50 гектар замини бекорхобида ба истифода дода шуд ва онро ба воситаи ду пойгоҳи обкашонӣ обёрӣ кардем. Бори аввал дар 12 гектари ин мавзеъ картошка кишт намудем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нашъунамои картошка дар заминҳои нав хуб аст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, мушкили дигар ташкили сардхонаҳои калон ва захираи тухмии хушсифати маҳаллӣ мебошад ва амалӣ гардидани ин нақша имконият медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст биёрем. Сардхонаҳо дар ноҳия ҳастанд, аммо талаботи имрӯзаи картошкапарваронро таъмин карда наметавонанд. Дар сурати истеҳсоли тухмии худӣ метавонем на танҳо ҳосили хуб ба даст орем, балки нархи картошкаро дар бозорҳои кишвар арзон кунем. Ба ин тариқ, имкон аст пеши роҳи воридшавии тухмиҳои гуногун ва картошкаи ғизоиро аз хориҷ пешгирӣ кунем.

Соли равон боғпарварони ноҳия дар майдони 44,1 гектар боғи нав бунёд намуданд. Барои бунёди боғҳои нав бештар аз талу теппаҳо истифода бурдем. Боғдорӣ соҳаи сердаромад аст.  Бо мақсади бештар намудани рағбати боғпарварон нахустин корхонаи коркарди меваро ба кор даровардем. Бовар дорам, ки ин корхонаи хурди саноатӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат доираи фаъолияташро бо дастгирии соҳибкорон васеъ менамояд ва кишоварзон ҳосили хуб мегиранду шумораи онҳо боз ҳам зиёдтар мешавад.

Соҳаи чорводорӣ низ рушд меёбад. Айни ҳол саршумори чорвои калон 27923 сар ва моли майда 131204 сарро ташкил медиҳад. Аз оғози сол чорводорон 5630 сар гӯсола ва 50107 сар барраву бузғола гирифтанд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 161 сар гӯсола ва 370 сар барраву бузғола зиёд аст.

Ба масъалаи ­сох­т­мон ҳам диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз тарафи бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи меъёрҳои меъморию банақшагирӣ барои сохтмони бинову иншоот 23 лоиҳа тартиб дода шудааст.

- Мехостам оид ба масъалаи муҳоҷирати дохилӣ чанд сухан бигӯям, — афзуд Баротзода Файзулло Раҷаб — Тибқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №430 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ҳудуди ­ноҳияи Лахш ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол» 500 оилаи муҳоҷири дохилӣ бояд дар мавзеъҳои пешбинигардида — мавзеи Чоргул 365 оила, Ҷайлған — 77, Сартало — 18 ва Дувана 40 оила ҷойгир карда мешуд. То кунун дар мавзеи Чоргул аз ноҳияи Рашт 55 оила сохтмони хонаҳошонро ба итмом расониданд, 25 оилаи дигар девори хонаҳояшонро бардоштаанд. 34 оила зиндагӣ доранд.

Аз ноҳияи Тоҷикобод 49 оила сохтмони манзили зисташонро ба охир расонида, 11 оилаи боқимонда девор бардоштаанд ва айни замон 14 оила зиндагӣ доранд. Аз 180 оилаи ноҳияи Лахш 115 оила сохтмони макони зисташонро ба итмом расонида, ба зиндагии доимӣ шурӯъ намуданд ва 45 оилаи боқимонда талош доранд, ки то фаро расидани фасли сармо сохтмонро пурра ба анҷом расонанд.

Чун сухан аз боби Чоргул рафт, мехостам ба ёд биёрем, ки замоне дар мавзеи Лахш ниёгон бо ҳамин ном шаҳре доштанд. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат ба хотири эҳёи ин шаҳри қадима дар як ҷойи кушоду зебо, дар соҳили дарёи Муксу, шаҳраки замонавӣ бунёд мешавад ва итминони комил дорам, ки дар ояндаи на он қадар дур як шаҳри зебо бунёд ёфта, ҷойгузини шаҳри қадима хоҳад шуд.

Соҳаи маориф ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа барои ноил гардидан ба ҳадафҳо нақши муҳим мебозад. Дар соли хониши 2016-2017 дар ноҳия 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, шаш муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, шаш муассисаи томактабӣ, як мактаб — интернати наздимактабӣ, муассисаи таҳсилоти таълими иловагӣ фаъолият намуданд. Аз ин шумора дар 23 мактаб таҳсилот бо забони қирғизӣ, дар 20 муассиса бо забони тоҷикӣ ва дар 18 муассиса бо забонҳои тоҷикию қирғизӣ сурат мегирад.

Аз тариқи Квотаи президентӣ 155 нафар дар макотиби олӣ — 107 нафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 48 нафар дар Ҷумҳурии Қирғизис­тон таҳсил доранд.

- Албатта, зимни як вохӯрӣ наметавон оид ба тамоми соҳаи хоҷагии халқ суҳбат кард, — мегӯяд раиси ноҳия, — аммо мехоҳам оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чанд сухан гӯям. Чанде пеш даҳумин солгарди қабули ин қонуни миллӣ ва барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар бисёр муҳим ҷашн гирифта шуд ва дар мулоқоте, ки Пешвои миллат бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар доштанд, натиҷаи фаъо­лияти даҳсолаи қонунро аз забони Пешвои миллат шунидем ва дастуру супориш гирифтем. Дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш, шахсе ёфт намешавад, ки аз зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур норозӣ бошад. Мардум аллакай зарурати тағйиру иловаҳоро ба қонун ва ғамхории Пешвои миллатро нисбат ба сокинони кишвар хуб дарк кардаанд.

Комиссияи доимии оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо 65 комиссияи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳалҳо фаъолиятро хуб ба роҳ мондаанд.

- Итминони комил дорам, ки дар партави дастуру супоришҳо, дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Лахш рӯз то рӯз боз ҳам рушд хоҳанд кард ва мо метавонем барои мардуми ин гӯшаи зебои Ватан зиндагии шоистаро таъмин кунем. Ҷиҳати амалӣ гардидани ин ниятҳои нек заҳмати сокинони маҳал, таҷрибаву дониши мутахассисон ва дастгирии соҳибкорони бонангу ори диёр ҳис карда мешавад, — гуфт дар поёни суҳбат Баротзода Файзулло Раҷаб.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»