Лоиҳае, ки татбиқаш дар дигар манотиқи мамлакат низ зарур аст

№140 (3777) 23.11.2017

Барк«Ҳоло дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, беҳдошти замину обтаъминкунӣ ва дигар соҳаҳои вилояти Суғд татбиқи 23 лоиҳа идома дошта, то имрӯз қариб 2,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст», — таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, 18 ноябри соли 2017.

Яке аз ин лоиҳаҳои манфиатбахшу бобарор «Кам намудани талафоти энергия дар Суғд» ба шумор меравад

Зимни татбиқи ин лоиҳаи муҳим аз тарафи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти энергия» — и ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба кам шудани талафоти неруи барқ ва саҳеҳияти ҳисобу китоби барқи истифодашуда натиҷаҳои мусбат ба даст омад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи «Кам намудани талафоти энергия дар Суғд», ки бо маблағи 35,8 миллион доллари амрикоӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи аврупоӣ татбиқ мегардад, сарфаи барқ, кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ба танзим даровардани пардохти ҳаққи барқи истифодашуда тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.

Лоиҳа аз таҳвил ва насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ, роҳандозии технологии низоми гирифтани нишондоди ҳисобкунакҳо, қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқии Хуҷанд ва атрофи он иборат аст. Таҷдиди қисме аз шабакаҳои барқии шиддати миёна ба воситаи иваз намудани як қисми хатҳои ҳавоӣ ва зеризаминии интиқоли барқ, сохтмони зеристгоҳҳои «Ваҳдат» 110/10 кВ, «Темурмалик» 110/10 кВ, якчанд истгоҳи трансформаторӣ ба роҳ монда шудааст.

20 октябри соли 2015 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи «Ваҳдат» 110/10 кВ ба истифода дода шуд. Ҳоло барои бунёди зеристгоҳи «Темурмалик» 110/10 кВ омодагиҳо оғоз ёфтаанд.

Бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳ ва барномаву технологияҳои муосир татбиқи чунин лоиҳа дар низоми ШСХК «Барқи Тоҷик» бори аввал амалӣ шуд.

Гарчанде лоиҳаи мазкур ҳанӯз ба пуррагӣ ба итмом расонида нашудааст, аллакай натиҷаҳои манфиатбахш ба бор овардааст. Аз ҷумла, дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) ҷамъоварии ­маблағи истифодаи неруи барқ аз 94 ба 101,4 фоиз, талафоти неруи барқ аз 18,4 ба 12,8 фоиз (дар минтақаҳои алоҳида ба 5,9 — 8,6 фоиз) расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта 6-12 фоиз камтар мебошад.

Татбиқи ин лоиҳа дахолати инсонро ба ҳисобу пардохти барқ батадриҷ барҳам дод ва дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 9 нафар расид.

Хароҷот аз ҳисоби таъмири ҷориву капиталӣ, хариди таҷҳизоти барқиву сохтмонӣ ва дигар масрафҳои ба онҳо алоқаманд, ки соли 2015-ум 2 716 510 сомониро ташкил дода буд, 1 204 060 сомонӣ кам гардидааст. Пас аз татбиқи лоиҳа, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд зиёда аз 9 миллион сомонӣ сарфа гаштааст.

Аз ин бармеояд, ки муштариён ва ҳам ниҳоди энергетикӣ аз татбиқи лоиҳа манфиати муштарак мебинанд. Бовар дорем, ки «Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Кам кардани талафоти энергия» дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ татбиқи чунин лоиҳаҳои манфиатбахшро дар дигар минтақаҳои кишвар идома медиҳад.

Н. ЁДГОРӢ,

сардори бахши матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»