Лоиҳаи муваффақи энергетикӣ самар овард

№133 (3770) 14.11.2017

отопДар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ амалӣ шуда истодааст. 

Бо сохта ба истифода додани неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бори аввал дар даврони соҳибис­тиқлолӣ, моҳи январи соли равон маҳдудияти интиқоли неруи барқ пурра бекор карда шуд. Чанде пеш ШСХК «Барқи Тоҷик» эълон кард, ки бинобар мавҷуд будани иқтидори лозима, тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба аҳолӣ бидуни маҳдудият барқ дода мешавад.

Ба касе пӯшида нест, ки дар фаслҳои тирамоҳу зимистон шаҳри Душанбе нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо зиёдтар қувваи барқро истифода мекунад. Тавре сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иброз дошт, агар ҳар рӯз дар фасли тобистон  қувваи барқ то 5 миллион КВт — соат сарф шавад, дар фасли зимистон он ба 15 миллион КВт — соат мерасад. Аз ин рӯ, ба фаъолият шурӯъ кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ талаботи сокинони пойтахтро ба қувваи барқ то 30 фоиз  кам намуд.

Имсол, ҳанӯз сардиҳои зимистон оғоз нашуда, ба бинову иншооти бархе аз маҳаллаҳои шаҳри Душанбе оби гарм дода шуд, ки аз ин иқдом сокинон бисёр қаноатманданд.

- Солҳои пеш бухориҳои барқиро истифода мебурдем. Агар як ҳуҷраро гарм мекардем, барои дигар ҳуҷраҳо таҷҳизот намерасид. Ҳоло ҳуҷраҳо бо оби гарм таъминанд. Зимистон ташвиш нахоҳем дошт, — мегӯяд сокини маҳаллаи 101-уми пойтахт Саодат Умарова.

Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ки дар баробари истеҳсоли неруи барқ, таъмини бинову иншооти пойтахтро бо оби гарм низ ба уҳда дорад, соли ҷорӣ лӯлаҳои оби гармро то назди биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ васл кард. Соҳибмулконе, ки хатҳои интиқоли оби гарм­ро дар хонаҳо аз байн бурда буданд, аз нав барқарор намуданд ва дастаҷамъона қубурҳоро дар таҳхонаҳо таъмиру таҷдид карданд.

Шахсони воқеиву ҳуқуқие, ки бо сабаб­ҳои гуногун натавонистанд батареяҳои гармидиҳандаро дар хонаву коргоҳ насб кунанд, ҳаққи неруи барқ аз онҳо се баробар зиёд ситонида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8-уми декабри соли 2016, зимни ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» таъкид намуданд: «Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ҳамчун лоиҳаи муваффақи энергетикӣ манфиатбахш будани худро собит месозад ва ба кор оғоз намудани он, бешубҳа, боз як қадами устувор ба сӯи истиқлолияти энергетикӣ, яъне амалӣ гардидани ҳадафи стратегии кишварамон мебошад». Биноан, шаҳрвандонро мебояд имкониятҳои ин лоиҳаи муваффақи энергетикиро самаранок истифода намуда, ба ин васила ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳмгузор бошанд.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»