Пайгирии саволи хонанда

Маблағҳои буҷет чӣ гуна харҷ мешавад?

№14 (3160) 11.02.2014

Ба идораи рӯзнома сокини шаҳри Душанбе Маҳмуд Каримов нома навишта, аз кормандони рӯзнома хоҳиш намудааст, ки чӣ гуна амалӣ гардидани қисми хароҷоти Буҷети давлатии мамлакатро дар соли сипаришуда барои хонандагони рӯзнома бозгӯйӣ намоянд. Посухи ин суолро мо сеюми феврали соли равон, зимни баргузории нишасти матбуотии Вазорати молияи кишвар, аз вазири молия Абдусалом Қурбонов пурсон шудем.

Мавсуф доир ба ин масъала зикр намуд, ки қисми хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ба маблағи 11,4 миллиард сомонӣ иҷро гардидааст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки  қисмати хароҷоти Буҷети давлатӣ дар муқоиса ба соли 2012-ум 2,3  миллиард сомонӣ зиёд шудааст, ки ин омил далели возеҳи таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳама соҳаҳо ва қишрҳои ҷомеа мебошад. Дар давраи  зикршуда барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 5418,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла, маориф  2009,0  миллион сомонӣ, тандурустӣ 780,0  миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 2217,1  миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 412,5 миллион сомонӣ, барои бахши  иқтисодиёт  2412,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла кишоварзӣ 233 ,8 миллион сомонӣ, энергетика 1148,8 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия  903,0 миллион сомонӣ, саноат ва сохтмон 90,6 миллион сомонӣ ва барои фаъолиятҳои дигари моҳияти  иқтисодидошта 35,6 миллион сомонӣ равона шудааст.

Нуктаи муҳим он аст, ки соли гузашта маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳо ба аҳолӣ, сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ ва  чорабиниҳои  дигар пурра таъмин гардидааст.

Дар ҳамин радиф, тайи давраи зикршуда  барои  рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 182,8  миллион сомонӣ, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон 46,3 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби дигар захираҳои буҷетӣ 212,4  миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона шуд. Тӯли соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ  1320,6 миллион сомониро ташкил намудааст, ки омили мазкур  гувоҳи тамоюли афзоишро касб намудани вуруди сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мебошад.

Соли гузашта ҳамчунин аз тарафи Вазорати молияи мамлакат барои татбиқи 22 лоиҳаи нав  созишномаҳои қарзию грантӣ бо ташкилотҳои бонуфузи  баналмилалии молиявӣ ба маблағи умумии 2,5  миллиард сомонӣ, аз ҷумла 18 созишномаи грантӣ ба маблағи 1,9 миллиард сомонӣ ва 8 созишномаи қарзӣ ба маблағи 589,1  миллион сомонӣ ба имзо расид.

Тавре аз посухи  мазкур бармеояд, қисми хароҷоти Буҷети давлатии мамлакат давоми соли 2013 дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»