Мадамон Замонзода: «Санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ ба такмил ниёз доранд»

№42 (3836) 05.04.2018

DSC_8355Солҳои охир баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тадбирҳои зиёд андешида мешавад, ки самараи онро мушоҳида мекунем. Дар ин замина мушкили асосӣ – маҳдудияти истифодаи неруи барқ дар давраи зимис­тон ҳалли худро ёфт.

Айни ҳол дар баробари бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ, ба таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бегуфтугӯ, фаъолияти муназзами иншооти тавлидкунандаи неруи барқ, таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ дар ҳалли масоили мавҷуда муҳим аст. Дар ин самт Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Хабарнигорамон бо сардори он Мадамон Замонзода суҳбат намуд.

- Таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Бесабаб ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 22 декабри соли 2017 таваҷҷуҳи хоса зоҳир накарданд: «Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди неруи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди Неругоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳила бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳилаи якуми он оғоз ёфт. Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад.  Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» яке аз куҳнатарин неругоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад. Барои таҷдиди он 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд. Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди неругоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад».

Ибтикори зикршуда масъулияти моро дучанд мегардонад.

Тибқи нақшаи корӣ, ки аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»  мувофиқа карда шудааст, мутахассисон корҳои назоратӣ ва санҷиширо дар як қатор НБО-ҳо аз рӯи дараҷаи таваккалнокии иншоот ба роҳ монданд. Аз ҷумла, дар якҷоягӣ бо мутасаддиёни неругоҳҳои барқи обӣ ва идораҳои давлатии зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи марказ корҳои назоратӣ – санҷишӣ гузаронида, дар маҷмӯъ 57 санад тартиб дода, барои бартараф намудани камбудиҳо 538 пешниҳод дода шуд. Онҳо нишон доданд, ки иншооти гидротехникӣ бинобар солҳои тӯлонӣ фаъолият намудан дар ҳолати на чандон хуб қарор дошта, ниёз ба таъмири куллӣ ва ҷорӣ доранд.

Бояд зикр намуд, ки барои мустаҳакам намудани заминаи моддӣ-техникии соҳа аз ҷониби ташкилоти Ҷамъияти  Олмон  оид  ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) соли 2016 озмоишгоҳи сайёр  тақдим гардид.

- Мутахассисон боз дар кадом самтҳо фаъолият мебаранд?

-Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, № 436 барои дар Феҳристи давлатии иншооти гидротехникӣ ба қайд гирифтани иншоот ва ба соҳибмулкон расонидани шакли ягонаи ҷадвали гурӯҳбандии иншооти гидротехникӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд. Ҷадвали мазкур дар ҳамкорӣ бо идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ  дар шакли ягона тартиб дода шуда, айни замон гурӯҳбандии иншооти обёрикунии вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар  марҳилаи анҷомёбӣ  қарор дорад.

Илова бар ин, Хадамот мунтазам ҳисобот ва маълумоти аз неругоҳҳо гирифтаро таҳлил намуда, нисбат ба онҳо ба соҳибмулкони иншооти гидротехникӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса пешниҳод менамояд.

Мавриди зикр аст, ки мутахассисон дар семинарҳои омӯзишӣ, ки оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ, ки дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд, иштирок намуданд.

-  Фаъолиятро дар асоси кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш мебаред?

- Бо дарназардошти таҷрибаи дигар давлатҳо ва мувофиқ ба шароити Тоҷикистон санадҳои нави меъёрии ҳуқуқии соҳаи  мазкур давра ба давра қабул шуд.

Дар асоси моддаҳои 7,10, 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 «Дар бораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи масъ­а­лаҳои бехатарии иншоот­ҳои гид­ротехникӣ» Эъломияи бехатарии иншооти гидротехникиро таҳия намудем. Ин ҳуҷҷати асосие мебошад, ки маълумот дар бораи мутобиқати иншооти гидротехникӣ ба меъёрҳои бехатарӣ ва тадбирҳо оид ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникиро бо дарназардошти таснифи онҳо дар бар мегирад. Эъломияи зикршуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №803, аз 16 декабри соли 2015 ба қайд гирифта шудааст.

- Вобаста ба такмили санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии соҳа чӣ пешниҳод доред?

- Бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» таҳия ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳо барои  баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар кодексҳои амалкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррарот доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ пешбинӣ нашудааст. Қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани қонунҳои зикршуда имконият медиҳанд, ки таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ва назорати онҳо дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.

Бояд қайд намоем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба таври мушаххас самтҳои таъмини фаъолияти иншооти гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншооти гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти назоратиро муайян намуда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ муқаррар намудааст. Лекин шароити кунунӣ тақозо дорад, ки ҷиҳати батанзимдарории ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони масъул ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иловаҳо ворид карда шаванд.

 Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»