«Made in Tajikistan». Кай бо ин навиштаҷот бештар дучор мешавем?

№104 (3898) 25.08.2018

изоми -2Гулдонҳои бесифати хона фарсуда гаштанду фарзандон барои иваз намудани онҳо сатилчаҳои зебову хушсохти пластикӣ харидорӣ карданд. Яке аз онҳоро ба даст гирифта, аз назар гузаронидам. Воқеан, хушсифат ва нисбат ба гулдонҳо чанд маротиба бадошттар намуд. Нархаш ҳам нисбат ба гулдонҳо хеле арзон. Ба зери сатилча назар кардаму боварам наомад. Дар он бо ҳуруфоти хоно навишта шуда буд: «MADE IN TAJIKISTAN».

Аз дидани ин тамға маро эҳсоси гуворое фаро гирифт, ки гуфтанаш ғайриимкон аст.

Миллиардер Алишер Усмонов солҳои охири мавҷудияти давлати шӯравӣ, дар ибтидои фаъолияти тиҷоратӣ ба коркарди дубораи маҳсулоти пластикӣ низ машғул шуд. Ӯ аз маҳсулоти коркардшуда маҳсулоти пластикии нав истеҳсол менамуд.

Чунин тарзи кор дар Тоҷикис­тон низ роиҷ буд. Дар давраи шӯравӣ дар пойтахт корхонаи махсусе бо номи заводи металлу пластмасса машҳур буд, фаъолият дошт.

Соли  1978 мо — хонандагони мактаби миёнаи №59-и пойтахтро дар дарси меҳнат барои шинос намудан бо раванди истеҳсолот ба ин коргоҳ  оварданд. Ба қавли рӯзноманигорони он айём, дар корхона «симфонияи меҳнати зарбдор танинандоз буд». Моро  ба сехи маҳсулоти тайёр низ роҳ доданд. Пас аз тамошои маҳсулоти истеҳсолшуда, ки аз бозичаҳои рангоранг ва гуногунҳаҷми кӯдакона, асбобҳои рӯзгор ва қисмҳои техникии мураккаб иборат буд, муҳандиси коргоҳ — марди рус моро назди дастгоҳи азиме оварда, гуфт, ки маҳсулоти дидаамон ва боз даҳҳо маҳсулоти дигарро низ дар ҳамин дастгоҳ истеҳсол кардан мумкин аст. Кофист, ки қолаб иваз карда шавад. Барои исботи сухани худ ӯ чанд «кубик»-и кӯдаконаи сохт­монӣ истеҳсол ва тақдим намуд. Лозим ба ёдоварист, ки пас аз хатми мактаб бархе аз ҳамсабақон дар он коргоҳ кор ҳам кардаанд.

Табиист, ки вазъи имрӯзаи коргоҳро чун бисёр корхонаҳои дигари истеҳсолӣ бо он айём муқоиса кардан мумкин нест. Аз субҳ ягон — ягон коргарон ва мошинҳо ба дарвозаи он ворид мешаванд…

Хушбахтона, айни ҳол дар корхона, ки ҶДММ «Таҷҳизот» ном гирифтааст, коркарди партовҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст, гарчанд номгӯи маҳсулот зиёд нест.

- Мо асосан бо фармоиши корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсулот истеҳсол менамоем, — мегӯяд коргари корхона Ҷамшед Ҳасанов. — Масалан, айни ҳол ғалтакчаҳое истеҳсол мекунем, ки барои печонидани ришта истифода мешаванд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд нест. Вале мо баъзан асбобҳои рӯзгор истеҳсол менамоему баъзан қисм ё ҷузъи маҳсулот барои корхонаҳои дигар.

Кори бонизоми корхона бо кӯшиши сардори коргоҳи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ Файзалӣ Гулов таъмин карда мешавад. Бо сабаби гарон будани нархи пластики воридотӣ дар корхона хариди маҳсулоти истифодашудаи пластикӣ аз аҳолӣ ба роҳ монда шуда, барои кори бонизоми корхона дар чанд моҳи дигар мерасад. Вале камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Масалан, маҳсулоти пластикии истифодашуда дастӣ — бо табар майда карда мешавад. Бинои корхона солҳост рӯи таъмирро надида, рӯзҳои боронӣ боми он мечакад. Шишаи тирезаҳо шикастаанд.

Ф. Гулов мегӯяд, ки роҳбарияти корхона ният дорад ба зудӣ бино ва таҷҳизоти коргоҳро таъмир намуда, барои коргарон шароити хуби корӣ муҳайё созад.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо дар бозор ва мағозаҳои асбобҳои рӯзгор маҳсулоти дигар истеҳсолкунандагони ватаниро низ дучор омадан мумкин аст, аммо хеле ночиз аст. Сабаб он аст, ки даромад аз коркарди маҳсулот зиёд нест. Шояд зарур аст, ҷиҳати кам кардани партовҳои пластикӣ ва зиёд намудани маҳсулот аз коркарди онҳо дар кишвар ба корхонаҳое, ки ба коркарди партовҳои пластикӣ ва истеҳсоли маҳсулот аз онҳо машғуланд, имтиёз дода шавад. Дар ҳамон сурат шояд бо тамғаи «MADE IN TAJIKISTAN»  бештар дучор хоҳем шуд…

Н. ҷУМЪАЕВ, «Садои мардум»