Майдончаҳои варзишӣ. Навсозие, ки аллакай ба бозсозӣ ниёзманд аст

№85 (3879) 10.07.2018

DSC_3217Дар ноҳияи Сино бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соли гузашта 29 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд ва соли ҷорӣ низ аз тарафи вазорат, кумита ва ташкилот бояд 35 майдонча ба истифода дода шавад. Вале сифати корҳои сохтмонии бархе аз майдончаҳо зери савол аст.

Чунончӣ, дар майдончаи варзишие, ки дар кӯчаи Ҳисории маҳаллаи 103, ки онро Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ба истифода додааст, рӯзҳои боронӣ бинобар ноҳамвории сатҳ ҳавзи об пайдо шуда, то се рӯз боқӣ мемонад.

Ин ҳолат дар майдончаҳои варзишии хиёбони Саъдии Шерозӣ (назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 66) ва кӯчаи Неъмат Қарабоев (пушти Суди шаҳри Душанбе) ҳам ба назар мерасад.

Агар сохтмончиён дар ҳамвор кардани сатҳи майдончаҳо оҷизӣ кашида бошанд, хуб мешуд, обрав мегузоштанд. Аз ҷониби дигар, майдончаҳо бояд масъули рӯбучин дошта бошанд, дар акси ҳол ба як партовгоҳ табдил ёфтанашон аз эҳтимол дур нест.

Сокини пойтахт Қудратулло Юнусов нимшӯхӣ иброз дошт, ки агар рӯзи қабули майдончаҳо ба рӯзҳои баъди боронӣ рост меомад, шояд аъзои комиссия камбудиҳоро бо чашми сар медиданд. Саволи матраҳ ин аст, ки чаро камбудӣ ба чашми сокинони одӣ менамояду аз мавҷудияти он пинаки сохтмончиён ва мутасаддиён вайрон намешавад?

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»