15 октябр – Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

№128 (4234) 15.10.2020

коллажСолнома бо Тақвими бостонии ниёгонро ҷашнҳои бешуморе, аз қабили Обрезгон, Озар, Барзгарон, Пурдгон, Фарвардгон, Тиргон, Хурдодгон, Сада, Шарбатхӯрон, Фаридун, Навгон ва Нилуфар зебу зинат медоданд. Меҳргон аз ҳамон гуна ҷашнҳост.

Аз рӯи тақвими шамсӣ-қамарӣ, хуршед ба вақти Гринвиҷ аз болои 12 бурҷ гузашта, ба нимкураи ғарбӣ майл мекунад. То омада расидан ба хати гардиш — экватор (устувола), ба истилоҳи илми ҷуғрофиё ва нуҷум, «зодиак»-ро давр мезанад. Ин гардиш, бо истилоҳи байналмилалӣ, «Эклиптика» ва ба қавли аллома Абӯрайҳони Берунӣ ва ҳаким Умари Хайём, «Минтоқ-ал-Буруҷ» ном дорад. 22-юми сентябр шабу рӯз баробар 24/2, ба 12 соату дақиқаву сония мерасад. Ин аввалин рӯзи моҳи мизон аст. Мизонро дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», (ҷ.1. саҳ.688.) 1. Тарозу 2. Санҷонида, 3. Бурҷи ҳафтум (аз 12 бурҷи фалак аст) шарҳ додаанд.

Соате мизони зайдӣ соате мавзуни амр,

Баъд аз ин мизони худ шав, то шавӣ мавзуни хеш.

(Шамси Табрезӣ)

Соҳибо, рои рафсонӣ, ки ба меъёри назар,

Ҳаст пайваста чу мизони фалак ҳодисасанҷ.

(Анварӣ)

Дар солномаи форсӣ – яздигурдӣ онро меҳрмоҳ гӯянд (моҳи 7-уми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 16-уми меҳрмоҳ, ки ба 22 – юми октябри солшумории Григорианӣ рост меояд. Дар ин рӯзҳову соатҳо иди Меҳргон ҷашн гирифта мешавад.

Қофиласолори назму насри адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фармудааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз бар ҷойи мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бӯстон омад.

Мурда ба ҷойи савсан омад боз,

Май бар ҷойи арғавон омад.

Берунӣ дар асараш «Китоб-ут-тавҳим ли авоили саноат-ут-танҷим», ки масоили илмҳои ҳадиса, ҳисоб, ҳайат, ҷуғрофиё ва илми нуҷум қисматҳои онро дар бар мегирад, чунин менигорад:  «Шонздаҳуми рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр ва андар ин рӯз Афредун зафар ёфт бар Биюросеби ҷоду, он ки маъруф ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд, ба кирдори он чӣ аз паси Фарвардгон бувад ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрӯз ном аст…».

Эрониёни қадим 16-уми меҳрмоҳи моҳи 7-уми шамсӣ-ҳиҷрӣ иди Меҳргонро ҷашн мегирифтанд ва онро муборак шумурда, баъди ғунучини ҳосил ид мекарданд. Дар ҷашни Меҳргон ба тани худ равғани бон мемолиданд (бон-дарахти мавзуне, ки баргҳои нозуку хушбӯй дорад ва аз донаҳои он равғани хушбӯй мегиранд).

Чу бону чу кофуру чун мушки ноб,

Чу уду чун анбар, чу равшан гулоб.

(Фирдавсӣ)

Ба дӯстону наздикон атру гулоб пошида, табрику таҳният мегуфтанд. Ба пешвози Меҳргон ҳашар карда, либоси нав пӯшида, сайру базмҳо, бозиҳои варзишӣ барпо мекарданд:

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр,

Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.

(Масъуди Саъд)

Дар даврони салтанату шоҳигарии сулолаи Сосониён, ки зиёда аз 416 сол дар сари қудрат буданд, иди Меҳргон шаъну шукӯҳи хоса дошт.

Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ҷашни Меҳргонро чунин тавсиф кардааст: «Зардушт эрониёнро амр кард, ки Меҳргону Ромрӯзро ба як андозаи бузург ва ба ҳам ин ду идро ҷашни бузург бидонед, то ки Ҳурмуз — писари Шопури паҳлавон ин ду ҷашнро бо ҳам пайваст. Мулки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то 30-рӯзи тамом ҷашн қарор доданд».

Борбади Марвазӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон оҳанги сурудҳои «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд» ва «Меҳргонӣ»-ро эҷод кард. Онро ҳамчун шуъбае дар «Понздаҳ мақом» аксар «Меҳргони борбадӣ» ё «Меҳргони шоҳӣ» номгузорӣ карданд, ки дар байни мардуми Хуросони бузург ва Мовароуннаҳр аз ҷумлаи беҳтарин суруду оҳанги созу овозӣ буд. Оҳанги суруди «Меҳргонӣ» то ба ҳол дар таркиби «Дувоздаҳ» мақом» иҷро карда мешавад.

Лаъли ӯ бозори ҷон хоҳад шикаст,

Хандаи ӯ Меҳргон хоҳад шикаст.

(Ҳоқонии Шервонӣ)

Ҳаким Умари Хайём дар тавсифу шуҳрати Меҳргон овардааст: «Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ба аввали дақиқот Ҳамал боз ояд. Ва ҳар гоҳ, ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунад ва бад ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ӯст, қирон ба муқобилаи ин бурҷи Мизон расад. Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард…

Меҳрмоҳро аз он «Меҳрмоҳ» гӯянд, ки меҳрубонӣ бувад, мардумро ба якдигар аз ҳар чӣ расида бошад аз ғалла ва мева, насиб бошад, бидиҳанд ва бихӯранд баҳам. Ва Офтоб дар ин моҳ дар Мизон бошад…»

Амирони давлати Сомониён Меҳргонро хуш пазируфтанд. Низомии Арӯзии Самарқандӣ чунин гӯяд: «Чун амир Наср ибни Аҳмад Меҳргон ва самароти ӯ бидид, хушаш омад».

Дар «Таърих-ул-мулук-вал-умам»-и Ҷарири Табарӣ ва «Таърихи Табарӣ» — и Муҳаммад Балъамӣ чунин нигоштае аст: «Меҳрмоҳ рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге ҳаст ва ба Меҳргон маъруф аст ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли Олам пайдо шуд, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро ба сурати Офтоб ба сар мегузоштанд».

Салмони Форс мегӯяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем: «Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва Забарҷадро дар Меҳргон берун овард».

Эроншаҳрӣ мегӯяд: «Худованд аз нуру зулмат байни Наврӯзу Меҳргон паймон гирифт. Сайд ибни Фазл мегӯяд: «Уламои Эрон гуфтанд, ки қуллаи кӯҳи Шоҳин дар айёми тобистон ҳамвора сиёҳ дида мешавад ва дар бомдоди Меҳргон сапед дида мешавад ва чунин ба назар мерасад, ки бар он барфе аст».

Донишвар Кисравӣ мегӯяд: «Ман аз муъбадони Мутаваккилӣ шунидам, ки мегуфтанд: «Дар рӯзи Меҳргон офтоб миёни нуру зулмот тулӯъ мекунад ва арвоҳро дар ҷасадҳо мемиронад ва боз аз ин ҷиҳат эрониён ин рӯзро «Мӯрон» мегуфтанд. Баъзе аз мардум бар он ақоид қойиланд, ки «Ҳар касе дар бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд».

Дар даврони шӯравӣ ба ҷойи Меҳргон Иди ҳосилот ҷашн гирифта мешуд. Заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироатҳои хоҷагии қишлоқ Иди ҳосилотро мегузаронданд, ки дар асл яке аз қисматҳои унсурҳои қадимаю бостонии ҷашни Меҳргон буд. Рӯзҳои Иди ҳосилот дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ — бузкашӣ, гӯштингирӣ, консертҳо, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд.

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

хабарнигор