Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ баррасӣ шуданд

№ 13.11.2021

Бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ»  доир гардид. Муовини якуми раиси кумита Улуғбек Умарзода изҳор дошт, ки меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар ҷаҳони муосир талабот ба он мунтазам зиёд мегардад.

Тавре номбурда гуфт, дар ҷумњурӣ сатҳу сифати лоиҳакашӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ баланд гардида, талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии бино ва иншооти сохташаванда афзуда истодааст.

Аммо масъалаҳои муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ бояд мавриди таваҷҷуҳи доираи васеи мутахассисони соҳа қарор гирад.

Дар чорабинӣ дастовардҳои меъморӣ ва шаҳрсозии даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла маҷмӯи сохтмонӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, самтҳои афзалиятноки корҳои илмию тадқиқотӣ ва технологияҳои инноватсионии соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин, роҷеъ ба пажӯҳишҳои илмию амалӣ, муттаҳид намудани саъю кӯшиши вазорату идораӣо, таъсис додани низоми ягона ҷиҳати ҳамкории судманди фаъолияткунандагон дар ҳалли масъалаҳои муосири меъморӣ ва шаҳрсозӣ олимон, коршиносон ва дигар мутахассисони соҳа мубодилаи афкор намуданд.

Дар кори конференсия, намояндагони вазорату идораҳо, Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ», Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои сохтмонӣ ва  лоиҳакашӣ иштирок карданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»