Симои роҳбар

Масъулиятнокии сарвар — омили асосии рушди корхона

№116-117 (3596-3597) 09.09.2016

IMG_8147Баъди ҳодисаҳои соли 1992 Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе қариб аз кор монда, мутахассисон, ки асосан рус буданд, аз ҷумҳурӣ рафтанд. Дастгоҳҳои чопӣ фарсуда шуда, аксарият кор намекарданд. Ворид  намудани қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири дастгоҳҳо аз хориҷи кишвар ғайриимкон буд.

Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар хориҷи кишвар бо маблағи калон ва пур аз хато чоп мешуд, ки талаботи рӯзафзуни муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи касбӣ ва олии ҷумҳуриро қонеъ гардонида наметавонист.

Вазъияти баамаломадаро Ҳукумати ҷумҳурӣ ба инобат гирифта, аз 4-уми июли соли 2012 «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе»-ро ба қатори муассисаву ташкилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд.

Бо фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ аз соли 2012 Мирзохон Ҳафизов директори Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» таъин гардид. Номбурда вазъи корхонаро ҳаматарафа омӯхта, бо шахсони кордон суҳбат карда, аз онҳо барои таъмиру барқарорсозии бино ва таъмини таҷҳизоти чопӣ кумак пурсид. Октябр-ноябри соли 2012 болои боми корхона дар масоҳати 12,5 ҳазор метри мураббаъ ба маблағи зиёда аз 3 млн. сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дастгоҳҳои чопӣ, дӯзандагӣ ва саҳифабандӣ ба кор омода гардиданд. Аз оғози соли 2013 бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чопи 23 номгӯи китобҳои дарсӣ, дафтари машқи хат ва журналҳои синфӣ бо теъдоди зиёда аз 1 млн. шурӯъ намуда, то охири сол 1 млн. 406 ҳазор нусха китоб ва дигар адабиёти таълимиро ба маблағи 9 млн. 954.482 сомонӣ аз чоп баровард. Шумораи кормандон аз 35 нафар соли 2013 ба 109 нафар расид.

Корхона соли 2013 зиёда 700 ҳазор сомонӣ, соли 2014  1223876 ва соли 2015-ум 1964354 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ андоз супорида, аз ҳисоби даромад маблағи қарзи барои таъмир ҷалбшударо пурра пардохт намуд. Тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 -ум 32 номгӯйи китобро бо теъдоди 1094110 нусха аз чоп баровард. Музди миёнаи маоши кормандон ба 831 — 1200 сомонӣ баробар шуд.

Дар баробари дигар пешравиҳо, маъмурияти корхона назди худ вазифа гузоштааст, ки маҳсулоти  корхона дар  бозор бояд рақобатпазир бошад. Бо ин мақсад соли 2015 аз Ҷумҳурии Федералии Олмон ба маблағи 6460768 сомонӣ 11 навъи таҷҳизоти нави чопӣ ворид гардид.

Дар тарғиби сиёсати давлати миллӣ, арзишҳои миллӣ, адабиёт ва забон нақши нашриёт хеле муҳим аст. Фарҳанги ҳар миллатро осори илмӣ, назмӣ ва насрӣ муаррифӣ мекунад.

Биноан, ин суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сармашқи кори кормандони нашриёт мебошад: «Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳувияти миллӣ  ва худогоҳию худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

Гулчеҳра Муҳаммадиевамуҳаррири нашриёти «Адиб»