Масоили об ба амният вобастагӣ дорад

№47 (3997) 27.04.2019

Об1Тибқи пешбинии коршиносон, то соли 2050 эҳтиёҷот ба об дар маҷмӯъ 70 фоиз, аз ҷумла харҷи об дар соҳаи кишоварзӣ 19 фоиз хоҳад афзуд.

Далелҳо ҳокианд, ки қариб 90 фоизи офатҳои табиӣ дар ҷаҳон ба об вобаста буда, солҳои охир афзоиши онҳо мушоҳида мегардад. Дар як қатор кишварҳои дар ҳоли рушд солҳои 1990-2000 зарар аз офатҳои табиӣ аз 2 то 15 фоизи ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти солонаро ташкил дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи умумии СММ изҳор намуда буданд, ки ба андозаи афзудани аҳолӣ «зуҳуроти «задухӯрд»-и давлатҳо барои ба даст овардани манбаъҳои оби тоза» характери воқеӣ мегирад. Бо дарназардошти ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки: «масъалаи об мисли дигар проблемаҳои асри оянда бо масъалаҳои амният дар шароити бо ҳамдигар вобаста будани мамлакатҳо алоқамандии бевосита дорад».

Мувофиқи маълумоти СММ, дар ҷаҳон зиёда аз 200 ҳавзаи об дар қаламрави ду ва зиёда кишварҳо ҷойгир аст. Табиист, ки бо коҳиш ёфтани захираҳои об эҳтимоли сар задани муноқишаҳои байнидавлатӣ барои дастёбии бештар ба об меафзояд.

Бо вуҷуди аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани силсилаи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об, ҳамоно дар ин самт мушкилот мавҷуд аст. Истифодаи самараноки кӯли Сарез, ҳифзи пиряхҳо ва ғайра аз чунин масъалаҳо мебошанд.

Алҳол дар Осиёи Марказӣ, дар баробари буҳрони баҳри Арал, хавфи кӯли Сарез низ аз мушкилиҳои ба ҳалли бетаъхир ниёздошта маҳсуб мешавад. Бо такя ба натиҷаҳои тадқиқоти Бонки умумиҷаҳонӣ ва Барномаи рушди СММ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини аҳолии минтақа бо оби тозаи ошомиданӣ Консорсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи оби кӯли Сарез созмон дода шавад. Ин иқдом дар баробари коҳиш додани норасоии оби ошомиданӣ дар минтақа, имкон хоҳад дод, ки хавфи рахна шудани сарбанд бартараф ва аҳолии минтақа аз таҳдиди он эмин бошанд.

Ҳифзи пиряхҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат дар доираи чорабиниҳои марбут ба об ва тағйирёбии иқлим пайваста ба самъи ҷомеаи байналмилалӣ расонида мешавад. Ироа гардидани пешниҳод оид ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2009 дар Ҳамоиши III умумиҷаҳонӣ оид ба иқлим дар Женева ва Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген далели возеҳи ин гуфта аст.

Дар робита ба ин пешниҳод Роҳбари мамлакат 19 июни соли 2012 дар Конфронси СММ оид ба рушди устувор (Рио+20) изҳор намуданд, ки тағйирёбии иқлим ва коҳиши пиряхҳо, захираҳои барф, оби кӯлу дарёҳои кӯҳӣ на фақат бо суботи экологӣ, балки рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои минтақа таъсиргузор аст. Умедворем, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ мекунанд.

Гулнора Алиева, магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон