Зимистон дар мекӯбад

МБГ «Душанбе-2» чаро 29,4 миллион сомонӣ қарздор аст?

№123 (3917) 11.10.2018

1479283139_ugolТоҷикистон дорои захираи бойи ангишт буда, чанд сол пеш бинобар норасоии гази табиӣ аксар корхонаҳои саноатӣ ба истифодаи он гузаштанд. Алҳол корхонаҳои бузурги саноатии кишвар, аз қабили КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», корхонаҳои сементбарорӣ ва Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо истифода аз ангишт фаъолият доранд. Барои аҳолии деҳот низ ангишт воситаи асосии сӯхт ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, истихроҷи он сол то сол зиёд шуда, ба зиёда аз як миллион тонна расид. Аммо оё истихроҷи он ба таври зарурӣ амалӣ шудааст ва захирааш  то куҷо ҷавобгӯйи ниёзи мардум мебошад? Барои посух ба ин ва дигар саволҳо ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

Тавре сардори Раёсати саноати ангишти вазорат Баҳриддин Абдураҳимзода иттилоъ дод, ҷиҳати  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти  соли 2018,  №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» Ситоди фаврӣ таъсис дода шудааст.

- Ҳашт банди Нақшаи чорабиниҳои қарор ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав вобаста аст. То кунун 4 банди он пурра иҷро шуда, боқимонда дар марҳилаи иҷро қарор доранд, — зикр кард номбурда. Соли 2018 бо сабаби тамдид нагардидани муҳлати амали иҷозатнома аз 18 корхонаи дар соҳаи ангишт фаъолиятдошта танҳо 12 адад нақшабандӣ шуда, ба истихроҷи ангишт ва корҳои қабаткушоӣ машғуланд.

Алҳол 230 корхонаи соҳаҳои саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд.

Баҳриддин Абдураҳимзода изҳор дошт, ки дар натиҷаи пурмаҳсул ба роҳ мондани фаъолият истихроҷи ангишт дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ  ба зиёда аз 1 млн. 302,8 ҳазор тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 32,1 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 53,4 дарсад ба КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», 19,5 ба  Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Корхонаи металлургии тоҷик», 13,7 ба ҶДММ «Талко- Ресурс», 5,1 ба КФ «Зиддӣ», 3,4 ба ҶСК «Ангишт» ва  5 дарсад ба дигар корхонаҳо рост меояд.

Бино ба гуфти ӯ, дар давраи зикршуда содироти ангишт низ ба роҳ монда шуда, 33577 тонна ба маблағи 7,1 млн. сомонӣ  ба  Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 31039 тонна зиёд мебошад.

Фурӯши ангишт 1 миллиону 341,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки 47,9 дарсади он  ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» рост меояд.

Корхонаҳои саноатӣ бошанд, 537 ҳазор тонна  ангишт  захира намуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133,4 ҳазор  тонна зиёд мебошад.

- Аз ҷониби муассисаҳои буҷавӣ 37572,2 тонна  ангишт  захира шудааст, ки 67,3 дарсади талаботи онҳоро ташкил медиҳад. Захиракунии ангишт нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 6441 тонна  кам мебошад, — изҳор дошт Б. Абдураҳимзода.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, доир ба мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нав аз ҷониби КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» ва Департаменти истихроҷи ангишти  ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик» чораҳои дахлдор андешида шудааст.

КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» дар ҳамкорӣ бо «Рос­товгипрошахта»-и Федератсияи Россия лоиҳаи таҷрибавии истихроҷи зеризаминии ангиштро бо иқтидори  200 ҳазор тонна дар як сол аз қитъаи «Карерний» таҳия ва бо мақомоти дахлдор мувофиқа намуд. Моҳи сентябри соли ҷорӣ якчанд таҷҳизот, аз қабили занҷираи ангишткашонӣ,  ноқилҳои пармагарӣ  ва дигар таҷҳизот барои коркарди зеризаминӣ, 5  автомашинаи боркаши тамғаи «HOWO», автомашинаи тамғаи «МАН» ва боркунаки тамғаи «SDLC-LG-953» ба маблағи 3 миллион сомонӣ барои корҳои қабаткушоию истихроҷӣ дастрас шуд.

Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик» низ лоиҳаи истихроҷи зеризаминии ангиштро бо иқтидори  то 1 млн. тонна дар як сол дар қитъаи «Равот» таҳия ва бо мақомоти дахлдор мувофиқа намуда, сохтмони иншооти заруриро тибқи лоиҳа идома дода истодааст. Бо ин мақсад таҷҳизоти нақбмус­таҳкамкунии металлӣ, ду дастгоҳи нақбканию истихроҷӣ  ва дигар таҷҳизоти барои коркарди зеризаминӣ истифодашаванда, дар маҷмӯъ 16 техникаву таҷҳизот  ба маблағи 15,7 млн. сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  захира намудани 1 миллиону 100 ҳазор тонна ангишт барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» мебошад.

Мувофиқи маълумоти фаврӣ  ба Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2»  дар нуҳ  моҳи соли ҷорӣ 639429,8 тонна ангишт кашонида шудааст.

- Қарзи МБГ дар назди корхонаҳои истих­роҷкунандаи ангишт зиёда аз 29,4 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, андешидани чораҳои таъхирнопазирро аз ҷониби масъулини ШСХК «Барқи Тоҷик» тақозо менамояд, — изҳор дошт Баҳриддин Абдураҳимзода.

Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди сари вақт истих­роҷ ва захира шудани ангишт, барои ба аҳолӣ дастрас шудани он монеаҳо мавҷуданд. Нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунад, аммо на ҳамеша бо ангишт таъминанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки дар ин масъала саҳлангорӣ накунанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»