Меҳргон таҷассумгари хони пурнеъмати кишоварзон аст

№129 - 130 (3609-3610) 15.10.2016

САЛИМОВ А Ф 80 солСамара ва шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора эҳё ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад. Таҷлили ҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон низ аз рукнҳои худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта аст. Ин ҷашнҳои сегона ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, идомаи мантиқии якдигаранд. Таърихи ин идҳо то замонҳои қадим рафта мерасад ва ҳар яке хусусиятҳои фарқкунанда ва хоси худро дорад. Наврӯз ибтидои баҳор — шурӯи фасли ҷадиди ҳаёти табиат ва инсон мебошад. Меҳргон ибтидои фасли тирамоҳ, ки тағйир ва табдили санавии табиат аст. Сада дар фасли зимистон ҷашн гирифта мешаваду мақсад аз он омодагӣ ба корҳои саҳроӣ мебошад.

Таҷлили ин идҳо ба дӯст доштану ҳифзи марзу буми Ватан, замин-модар, муқаддасоти меҳан ва худогоҳию хештаншиносӣ, бедории ҳисси миллӣ ва зиракии сиёсии наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Барои аҳли Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ифтихори бузург аст, ки 8 октябри соли 2011 дар рӯзи ҷашни 80 – солагии таълимгоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Меҳргон таҷлил гардид ва дастур дода шуд, ки он ҳар сол дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта шавад. Ҳамин аст, ки имрӯз Меҳргон ба иди миллии суннатии тоҷикон табдил ёфтааст.

Меҳргон аз номи Меҳр яке аз бузургтарин худоёни ҳинду эронӣ — Митра гирифта шудааст. Дар сарчашмаҳо омадааст, ки моҳи Меҳр моҳи 7-уми авастоӣ буд. Тибқи солшумории авастоӣ Меҳргон ба рӯзи 16 — уми моҳи Меҳр, яъне ба 8 — уми моҳи октябри мелодӣ рост меояд. Меҳргон ҷашни тирамоҳ аст. Тирамоҳ фасли фаровонист. Кишоварзон дар ҳамин фасл ҳосили бо ранҷпарвардаи худро ҷамъоварӣ менамоянд. Ба фасли заррини тирамоҳ рост омадани Меҳргон далолат ба он аст, ки он ҳамчун ҷашни бардошти дастранҷи деҳқон ба хотири шукронаи Офаридгор доир мегардидааст.

Аксари ривоятҳо ва афсонаҳо оид ба ҷашни Меҳргон дар китобҳо ва рисолаҳои бостонӣ дида мешаванд. Ҷоҳизи Басрӣ ин ҷашнро ба Фаридун нисбат дода, мегӯяд: «Фаридун дар рӯзи Меҳри моҳи Меҳр Заҳҳоки ситамгорро зиндонӣ намуд» ва ибтидои ин ҷашнро ду ҳазору панҷоҳ сол баъд аз Наврӯз ёд мекунад, яъне ҷашни Меҳргон ҳам яке аз идҳои пуршукӯҳи аҷдодӣ аст, ки аз қадимулайём онро мардуми форсизабони дунё бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамуданд. Ин ҷашн таърихи 4 — 5 ҳазорсоларо доро буда, аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма гирифтааст. Дар замони Сосониёну Сомониён ин ҷашни аҷдодӣ хеле бошукӯҳ қайд карда мешудааст.

Абӯрайҳони  Берунӣ дар «Осор – ул — боқия» перомуни Меҳргон ба тафсил навиштааст. Ӯ аз ҷумла, чунин менигорад: «Мегӯянд, сабаби ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки мардум шуниданд Фаридун хурӯҷ кардааст. Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Беварасп хурӯҷ намуда буду ӯро мағлуб ва манкӯб сохта буд, мардумро ба Фаридун хонд. Рӯзи бисту якуми ромрӯз аст, ки «Меҳргони бузург» бошад ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард. Чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро ба хуни ҷаддат бикуш». Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас, бифармуд то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд. Ва мардум аз шарри ӯ роҳат шуданду он рӯзро ид доштанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки рӯймоли махсус ба камар банданду замзама кунанд ва дар ҳангоми таом сухан нагӯянд барои сипосгузории Худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод. Ва ин кор дар эшон суннату одат монд. Ҳамаи эрониён дар ин қавл ҳамдилу ҳамдостонанд, ки Беварасп ҳазор сол зиндагӣ намуд. Ин ҳазор сол муддати подшоҳӣ ва ғалабаи ӯ буд. Ва гуфтанд, ин ки эрониён ба якдигар ин тавр дуо мекунанд, ки «ҳазор сол бизӣ», аз он рӯз расм шуда, зеро чун диданд, ки Заҳҳок тавонист ҳазор сол умр кунад. Ва ин кор дар ҳадди имкон аст, ки ҳазор сол зиндагиро таҷвиз намуданд».

Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил мешуд. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

Қисме Меҳргонро бар Наврӯз афзал додаанд, чунонки тирамоҳро бар фасли баҳор. Ҳаким Умари Хайём дар ин боб навиштааст: «Мардум ин моҳро барои он меҳр номидаанд, ки одамон дар ин моҳ ба ҳамдигар меҳрубонӣ кунанд. Офтоб дар ин айём бар бурҷи Мизон омада, оғози тирамоҳ бошад».

Шоирони форсизабон дар тавсифи Меҳргон ашъори зиёд доранд. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» — и безаволи худ боби махсусеро ба ситоиши Меҳргон бахшидааст.

 Ба рӯзи Ҳуҷаста сари меҳрмоҳ,

Ба сар барниҳад он каёнӣ кӯлоҳ.

Замона беандӯҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба оини каёнӣ ҷашни нав сохтанд …

Бифармуд то оташ афрӯхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносоиву хӯрдан оини ӯст. 

Кунун ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,

Бикӯшу ба ранҷ эҷ манмой чеҳр.

Ин ҷашни бузург аз меҳррӯз (16 — меҳр – 8 — октябр) оғоз ёфта, то Ромрӯз (21 — меҳр – 13 — октябр) идома меёфт, яъне шаш рӯз тӯл мекашид. Рӯзи оғози ҷашнро меҳргони омма ва рӯзи анҷомашро меҳргони хоса мегуфтанд. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд, ки меҳр номи хуршед аст ва дар ин рӯз хуршед ошкор шуда, кураи моҳ, ки то он рӯз гӯё торик буд, аз хуршед фурӯғ ва рӯшноӣ гирифт. Ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ Худованд дар ин рӯз заминро бигустаронид.

Ромишгари маъруфи тоҷику форс Борбади Марвазӣ бо номҳои «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд», «Меҳргонӣ» оҳангҳои дилнавоз офаридааст, ки  дар таркиби «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом» ҷой гирифтаанд.

Дар аҳди қадим ҷолибтарин бахши базми Меҳргон ин оростани хони ҷашнӣ будааст, ки болои он меваҳову шириниҳо ва нӯшобаҳо мегузоштанд. Маҳбубтарину лазизтарин таоми болои хон мурғи Меҳргон ба ҳисоб мерафт, ки андаруни он ҳар гуна ғизоҳо ҷой мекарданд. Таомуле аҷиб буд, ки дар базмгоҳ танҳо кӯдаки бегуноҳе ҳуқуқи аввалин шуда, ба мурғи Меҳргон даст дароз карданро дошт.

Имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи сол, тирамоҳи заррин, иди ҳосил, анҷоми корҳои деҳқонӣ ва ёдгории ниёгон бо камоли эҳтиром таҷлил менамоем. Умед аст, ки Меҳргон дар дилу дидаи мо ҷой мегирад, олам-олам шодиву нишот, хайру эҳсон, ваҳдату имон, тинҷиву сулҳу салоҳ мебахшад, бори дигар пайванду ногусастанӣ будани риштаҳои дӯстии бани одамро дар рӯзгори баофияти ҷомеа нишон медиҳад.

САЛИМЗОДА Амонулло Файзулло,

ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, профессор