Минтақаҳои озоди иқтисодӣ: ҳолат, фаъолият ва дурнамо

№30 - 32 (3510 - 3512) 05.03.2016

imageЧаро то ҳол минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба фаъолият шурўъ накардааст?

Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки сол то сол ҳаҷми сармояи дохиливу хориҷӣ ба соҳаҳои гуногун зиёд мешавад. Масалан, соли сипаришуда бо вуҷуди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ воридоти  сармояи хориҷӣ 7,6 миллиард сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2014-ум 533 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин омил аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сармоягузорон кишвари моро давлати муносиб барои сармоягузорӣ меҳисобанд.

Сардори Раёсати маъмуригардонии минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Розиқов дар суҳбат бо мо гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию  содиротии мамлакат ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи хориҷӣ чор Минтақаи озоди иқтисодӣ — «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шудааст.

Ин кор пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 5 марти соли 2008 таҳти №103 оғоз гардид. Ҳамон сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» ба тасвиб расид.

Мутобиқи банди якуми қарори мазкур дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо масоҳати умумии 400  гектар ва дар мавзеи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии шакли истеҳсолию инноватсионии «Суғд» дар масоҳати 320 гектар  замин таъсис ёфт. Минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» 2 феврали соли 2009 таъсис ёфтанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғара масоҳати умумии 521 гектар ва Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим 200 гектарро фаро мегирад.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, бақайдгирии субъектҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бомаром идома доранд. Масалан, агар давраи таъсисёбӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳамагӣ 16 субъект ба қайд гирифта шуда бошад, имрўз шумораи онҳо ба 63 расидааст. Ҳаҷми сармояи мус­тақим низ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ  тамоюли афзоишро касб карда, солҳои 2011 -  2015 ба 259 миллион сомонӣ баробар шудааст.  Дар робита ин, солҳои 2014 — 2015 аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10,8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар солҳои зикршуда  ба Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 19,7 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо ворид шудааст.

- Рушди минтақаҳои ҷумҳурӣ бо дарназардошти имконот ва захираҳои воқеии онҳо дар мадди назари Ҳукумат қарор дорад. Ба шарофати амалисозии стратегияву барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тавассути дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ садҳо корхонаи хурду бузург, аз ҷумла корхонаҳои муштарак оид ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, мавриди истифода қарор гирифтанд, — изҳор дошт Фаридун Розиқов ва афзуд: Далели возеҳи ин гуфта оғози сохтмони се иншооти бузург — корхонаҳои сементбарорӣ, кафелбарорӣ ва шишабарорӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-и ноҳияи  Данғара мебошанд.

Бино ба гуфти номбурда, корхонаи сементбарорӣ дар минтақаи мазкур  дар масоҳати 20,8 гектар замин ва бо харҷи 1 миллиард сомонӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи корхонаи бунёдшаванда 1,6 миллион тонна сементро ташкил дода, маблағи фурўши солонаи маҳсулот ба 775 миллион сомонӣ расонида мешавад.

Ҳамсуҳбатам изҳор дошт, ки барои харидории таҷҳизоти технологӣ 625 миллион сомонӣ  пешбинӣ гардида, муҳлати ба истифода додани он соли 2016 дар назар дошта шудааст. Ба сохтмони корхона 150 нафар ҳамватанонамон ҷалб шуда, баъди ба фаъолият шурўъ кардан  дар маҷмўъ 800 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» то имрўз 27 субъект ба қайд гирифта шудааст. Соли 2015, зимни сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба вилоят Корхонаи коркарди чўбу тахтаи «Арча», ки дар назди ҶДММ «Фортуна КО» бунёд шудааст, ифтитоҳ шуд.

Масоҳати заминҳои азхудшуда то ин давра ба 178 гектар расидааст, ки қонеъкунанда нест. Ҳол он ки заминҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар маҷмўъ 1447 гектарро ташкил медиҳанд. Азхудкунии заминҳо аз замони оғози фаъолияти  минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 27 фоиз, Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» мутаносибан 7,6 ва 2,7 фоизро ташкил медиҳад. Иттилоъ гирифтем, ки на ҳама субъектҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бақайдгирифташуда фаъолият мекунанд. Масалан, аз 27 субъекти дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бақайдгирифташуда 11 субъект, аз 27 субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 5 субъект ва аз 9 субъекти  Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 2 субъект ба фаъолият шурўъ кардаанд. Дар Минтақаи озоди иқтисодии  «Ишкошим» бошад, то имрўз 2 cубъект ба қайд гирифта шуда, то ҳол ба фаъолият шурўъ накардаанд.

Оид ба истеҳсоли маҳсулот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бошад, ҳамсуҳбатам иттилоъ дод, ки соли 2015 аз ҷониби ҳамаи субъектҳо ба маблағи 57,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 55 миллион сомонӣ, Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 2,5 миллион сомонӣ ва Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» беш аз 103 ҳазор сомонӣ рост меояд.

- Ҳаҷми сармоягузории мустақим аз оғози соли 2015 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 12 миллион сомонӣ, минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 153,1 миллион сомонӣ ва минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 1,8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар маҷмўъ, аз замони ба фаъолият шурўъ кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ сармоягузории мустақим ба  259 миллион сомонӣ баробар гардид. Бояд гуфт, ки саҳми асосиро дар сармоягузории мустақим субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ташкил медиҳанд, — иброз дошт Фаридун Розиқов.

Оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ Шўрои нозирон амал мекунад ва тамоми камбудиву мушкилот ва монеаҳое, ки дар фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ  вуҷуд доранд, дар Шўрои нозирон баррасӣ мегардад. Пешниҳодҳо аз ҷониби роҳбарият, субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва аъзои Шўрои нозирон оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муовинони роҳбарони вазоратҳо ва идораву мақомоти дахлдор мебошанд,  ироа гардида, таҳти роҳбарии раиси Шўрои нозирон баррасӣ карда мешаванд.

Шўрои нозирони Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар як сол ду ҷаласа баргузор карда, рафти фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад. Ҷаласаҳои Шўро ба навбат дар чор минтақаи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Аз ҳамсуҳбатам оид ба тартиби бақайдгирии субъектҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ пурсон шудам.  Маълум гардид, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  комиссияи бақайдгирии субъектҳо амал мекунад ва барасмиятдарории ширкатҳо барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби он сурат мегирад. Нақшаҳои аз ҷониби соҳибкорон ва сармоягузорон пешниҳодгардидаро раёсатҳои вазорати номбурда баррасӣ мекунанд. Дар сурати ҷавобгўй будан ба талабот субъект ба қайд гирифта мешавад. Талабот барои фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ, пеш аз ҳама, дар нав будани техникаву технологияи воридшаванда буда, инчунин ҳаҷми сармоя бояд на камтар аз 500 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил диҳад.

Табиист, ки барои фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҳама гуна фаъолияти соҳибкориву сармоягузорие, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба роҳ монда шудааст, танҳо ду намуди андоз — андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ ситонида мешавад. Ғайр аз ин, ворид намудани таҷҳизот низ аз боҷи гумрукӣ озод аст.

Аз ҳамсуҳбатам пурсидам, ки оё фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ қонеъкунанда аст?  Ў дар ҷавоб изҳор дошт, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар дигар давлатҳо дар оғози солҳои 90-и асри гузашта таъсис ёфта буданд, аммо то солҳои 2002 рушди он ба назар намерасид, зеро  нофаҳмиҳои зиёд ҷой дошт. Дар Тоҷикистон таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ соли 2009 шурўъ шуд, вале сарфи назар аз ин онҳо дар муддати кўтоҳ  рушд намуданд. Бо бартараф шудани баъзе камбудиҳо ин раванд боз ҳам беҳтар мегардад.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёт дар навбати аввал аз самаранок истифода гардидани сарватҳои табиӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад. Дар ин раванд, татбиқи барномаҳои гуногун ба афзоиши сармоягузории дохиливу хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Равобити кишвари мо дар самтҳои гуногун бо давлатҳои хориҷи дур ва наздик сол то сол густариш меёбад. Пас зарур ва ногузир аст, ки масъулин барои тавсеаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ кўшиш карда, дар ин ҷода аз тамоми имконот самаранок истифода намоянд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»