Шарҳи қонун

Муҳтавои қонун набояд таҳриф шавад

№48 (3842) 19.04.2018

КоллажБо мақсади огоҳӣ пайдо намудани шаҳрвандон аз зарурату моҳияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» суҳбати хабарнигорамонро бо муовини якуми директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадшоҳи Алӣ пешкаш менамоем.

- Зарурати қабули қонун аз кадом омилҳо маншаъ гирифт?

- Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки тибқи таҷриба қонун догма набуда, бо тақозои замон ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба он маъмул аст. Дар мавриди қонуни зикршуда бояд гуфт, ки аз 20 марти соли 2008 мавриди амал қарор дошта, мутобиқгардонии он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатӣ» марбут буда, инчунин ҷиҳати бартараф намудани мухолифати меъёрҳои қонун, норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи мафҳуму ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ равона шудааст.

- Агар мухтасар аҳдофи ин иқдомро бозгӯйӣ намуданӣ шавем, пас кадом омилҳоро бояд дар мадди назар дошта бошем?

- Дар маҷмӯъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бақайд­гирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида, барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи заминро муайян менамояд. Муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ба низом даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, яъне ба ҷойи додани ду ҳуҷҷати тасдиқкунанда (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ) як ҳуҷҷат – Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдом аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 432 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани системаи ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» маншаъ гирифта, имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатгузорӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи гражданӣ ба роҳ монда шавад, ки минбаъд баҳсҳоро аз байн мебарад. Дар сурати барасмиятдарорӣ воридоти хироҷ ба буҷет беҳтар гардида, дар оянда хароҷоти иловагии беасос аз байн бурда, шароити иҷтимоии соҳибмулкон беҳтар мешавад.

Илова бар ин, тартиби содагардонии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқулро низ ин қонун ба танзим медарорад. Тағйиру иловаҳои воридгардида асосан ба моддаи 22-юми қонуни амалкунанда тааллуқ доранд. Мутобиқи онҳо 6 моддаи нав, аз ҷумла, моддаҳои 391, 44 1, 491, 601, 602 ва 681 ба қонун илова шудааст.

- Дар баъзе расонаҳо аҳдофи қонун муғризона боз­гӯйӣ шуда, ба ном таҳлилгарон «қонунӣ гардидани фурӯши замин»-ро меҳвари он арзёбӣ карданд…

- Дуруст гуфтед. Маълум мешавад, ки нафарони зикршуда аз муҳтавои қонун огоҳии комил надоранд. Дар моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Мутаассифона, муҳтавои қонун оид ба ин масъала аз ҷониби як идда пурра таҳриф шуд. Дар асл вобаста ба ин масъала моддаҳои 601 ва 602 илова шуданд, ки муҳтавояшон комилан дигар асту ба ҳеҷ ваҷҳ манзур қонунӣ кардани фурӯши замин нест.

Моддаи 601хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан дар бозори аввалияи заминро муқаррар менамояд. Тибқи он барои бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зерин — санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд ва санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи истифодаи якҷоя муқаррар менамояд, асос шуда метавонанд.

- Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он асос мебошад, кадом маълумотро бояд дар бар гиранд?

- Дар ин маврид тибқи муқаррароти қонун пешниҳоди маълумот оид ба заминис­тифодабарандагон, тартиби гузаштан (бемузд ё музднок), андозаи пардохт (дар ҳолати гузаш­тани музднок), тавсифи қитъаи замин ва ҷойгиршавии он ҳатмӣ аст.

Муқаррароти моддаи 602 ба хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар бозори дуюм­дараҷаи замин рабт дорад. Дар мавриди бақайдгирии давлатии бегона намудани ҳуқуқи бақайдгирифташудаи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ дар варақаи бақайд­гирӣ маълумоти зерин, аз ҷумла ҳуҷҷате, ки анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқию гражданиро тасдиқ менамояд, санади мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, қарорҳои суд барои муқарраркунӣ ё қатъи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегонакунии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатиро дар бар мегирад.

Нуктаи муҳим он аст, ки бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар ҳолати риоя накардани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин амалӣ намешавад.

- Зимни посух ба суоли қаблӣ ибораҳои бозори аввалияи замин ва бозори дуюмдараҷаи заминро зикр кардед. Инҳо чӣ гуна бозоранд?

- Зери мафҳуми бозори аввалияи замин аз давлат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ — заминистифодабарандагон гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар назар дошта шудааст. Бозори дуюмдараҷаи замин — аз ҷониби заминистифодабарандагон — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхтани ҳуқуқҳои онҳо (на замин) барои амалӣ гардидани аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарии қитъа­ҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад.

- Дар баъзе маврид ҷиҳати бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида нофаҳмӣ ба миён меояд. Оид ба ин масъала қонун чӣ муқаррарот дорад ?

- Ин масъала дар моддаи 441, ки ­«Асосҳо барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида» ном дорад, пешбинӣ шудааст. Тибқи он, агар дар ташкилоти бақайдгирии давлатӣ молу мулки ғайриманқули шахси фавтида ба қайд гирифта нашуда бошад, он дар асоси муроҷиати ворисони меросгузор мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Тибқи муқаррароти моддаи мазкур, дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда нисбат ба молу мулки ғайриманқул, он дар асоси қарори суд оид ба эътирофи ҳуқуқи моликияти шахси фавтида ё ворисони меросгузор ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

Мусоҳиб Далер Мерганов,

«Садои мардум»