Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

№55 (3849) 05.05.2018

6Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ — IMF/WB Spring meetings 2018 (шаҳри Вашингтони округи Колумбия (ИМА) апрели соли 2018), бо иштироки муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Зимни он ҷонибҳо оид ба раванди татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ дар самти таҷдиди инфрасохтори низоми молиявӣ» табодули андеша намуда, барои таҳким бахшидани ҳамкорӣ ҷиҳати идома ёфтани лоиҳаи мазкур ибрози назар карданд. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев оид ба компоненти 4 — уми лоиҳа дар бораи «Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ», раванди татбиқи он, тадбирҳои андешидашуда дар бахши мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зарурати идома додани лоиҳа баҳри рушди инфрасохтори низоми пардохт изҳори назар кард.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ оид ба итмом расонидани нақшаҳои пешбинишудаи лоиҳа ва дар хусуси тавсеа бахшидани раванди иҷрои баъзе аз қисмҳои дахлдори он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Бояд гуфт, ки барои татбиқи лоиҳаи зикр­шуда Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Шуъбаи матбуоти БМТ