Муназзимони фазои ҳавоии Осиё ва Аврупо дар Душанбе ҷамъ омаданд

№49 (3999) 02.05.2019

23 — 26 апрел гурӯҳи калони роҳбарону мутахассисони муассисаю корхонаҳои аэронавигатсионии кишварҳои Осиё ва Аврупо, намояндагони ширкатҳои машҳури ҷаҳонии авиатсионӣ дар шаҳри Душанбе қарор дош­танд. Бо иштироки онҳо 25 апрели соли ҷорӣ дар яке аз толорҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «АвруОсиё» баргузор гардид. Ҳайати бонуфузи меҳмононро директори Агентии авиатсияи граждании наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода  ва директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»  Лоиқ Ашӯров хайра мақдам гуфта, ба иштирокчиёни ҳамоиш барор хостанд.

- Ин ҷаласаи ҷашнӣ аст, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад. Бист сол пеш, яъне соли 1999, бо иқдоми ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизис­тон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия Шӯрои ҳамоҳангсозии «АвруОсиё» ташкил ёфта, баъдан,  ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон ва Арманистон ба он аъзо шуданд. Ҳамчунин, бузургтарин истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионӣ ва марказҳои таълимии соҳавии Федератсияи Россия, кишварҳои Аврупо ва Осиё нозирони доимии ташкилот мебошанд, — зикр кард раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии «АвруОсиё»  Игор Моисеенко.

Қайд гардид, ки таъмини ҳамоҳангсозии стандартҳо ва амалиёти расмӣ, амалиёти муштараки низомҳои аэронавигатсонии миллӣ, хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ташаккули низоми аэронавигатсионии миллӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои соҳа вазифаи асосии Шӯрои ҳамоҳангсозии «АвруОсиё» мебошад. Ин масъалаҳо дар маърӯзаю суханронии  роҳбарону мутахассисони ниҳодҳои аэронавигатсионии кишварҳои Осиё ва Аврупо ва меҳмонони фахрӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»