Муроҷиат барои кумакҳои моддӣ кам шудааст

№34 (3984) 30.03.2019

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоту ташкилоти дахлдор ирсол гардидаанд, танзим менамояд. Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) риояи ҳатмии қонуни мазкурро аз ҷониби шахсони мансабдор ва дигар хизматчиёни давлатӣ махсус таъкид карданд.

Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Баҳманёр Корчаев гуфт, ки муроҷиатҳои шаҳрвандон бетаъхир қабул ва ба идораҳои дахлдор, ки баррасии масъалаҳо ба салоҳияти онҳо мансуб аст, пешниҳод мешаванд.

- Соли 2018 ба шуъба 5692 мактубу муроҷиат ворид гардидааст, ки 1029 адади онҳо аз шаҳрвандон, аз ҷумла, 107 муроҷиат оид ба сафари ҳаҷ, мебошад. Инчунин, 500 муроҷиати шифоҳӣ аз қабули бевоситаи раиси ноҳия ба қайд гирифта шудааст, — гуфт номбурда ва афзуд, ки дар ин давра 412 муроҷиат оид ба расонидани кумакҳои моддӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба як соли пеш 689 адад камтар аст.

Бино ба қавли ӯ, соли гузашта аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ – ташкилоту муассисаҳо муроҷиатҳо оид ба ташкили хоҷагии ёрирасон, сохтмон, кушодани сех, нуқтаҳои савдо ва гирифтани иҷозатномаи вақти кор ба қайд гирифта шудааст. Аз муассисаҳои иқтисодӣ, савдо ва саноатӣ 349 муроҷиат ворид гардидааст, ки аксарият вобаста ба гирифтани иҷозатномаи вақти кор мебошад.

- Ду моҳи аввали соли равон дар шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати дастгоҳи раиси ноҳия 38 муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки ба масъалаҳои зиёрати Каъба аз ҳисоби мақомот, кумаки молиявӣ, баҳси манзил, дастрас кардани маълумотномаи камбизоатӣ, шомил намудан ба рӯйхати оилаҳои камбизоат, таъминот ба маводи сӯзишворӣ (ҳезум), гирифтани навбати замин ва хона вобастагӣ доранд, — илова кард Баҳманёр Корчаев.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»