Мушкили мо иқтисодист, на cиёсӣ

№48 (3349) 02.04.2015

Аз интихоботе, ки гузашт, фақат ҳамин натиҷаро бояд мегирифтем: ҳизби ҳокими халқии демократӣ пирӯзи мутлақ бояд мешуд ва ҳизби дар Тоҷикистон ба нуфуз дуюми наҳзати исломӣ бояд ба ҳеҷ натиҷа намерасид.

Як нафари огоҳ дар Тоҷикистон агар инро интизор надошт, пас аз вазъ хеле бехабар буд. Инро намедонист, ки ин натиҷагирӣ аз сиёсатҳои се соли охир на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки олами ислом ва тамоми ҷаҳон аст, на танҳо интихобот.

Мо бояд инро донем, ки дар Ҳукумати Тоҷикистон таҳлиле доранд ва ин таҳлил ба касе маълум нест. Вале тахмин мекунем, ки ин таҳлили дурусттаре бояд бошад.

Умедворем, ки ин таҳлил ба нафъи ояндаи Тоҷикистону халқаш хоҳад буд.

Интихоботе, ки гузашт, омодагӣ ба оянда буд. Ояндае, ки «сюрприз»-ҳои зиёд дорад.

Муҳиддин Кабирӣ дуруст мекунад, ки таслим мешавад ва боз аз сабр мегӯяд. Ӯ хуб мефаҳмад, ки дар чунин шароит «ва-банк» рафтан иштибоҳи бузурге хоҳад буд.

Дар асл ӯ хуб мефаҳмад, ки оянда нигарониҳои тамоман дигарро дар батн мепарварад ва ҷомеа онҳоро дуруст дарк карда наметавонад. Кабирӣ бештар аз интихобот дар бораи ин меандешад, ки дар ҳалли мушкилоти оянда чаро ҳизби ӯро Ҳукумат ҳамкор дидан намехоҳад.

Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 бо ҲНИТ ҳамкорӣ кард. Мутаассифона, дар ин 18 сол аз ин ҳамкорӣ исломишавии ҷомеаро ба мерос гирифт ва ҳоло ҷавонони тоҷик рӯ ба экстремизму терроризм овардаанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ – Амрикову Англия, ки ҳоло дар саросари олами ислом отрядҳои пешбарандаи манфиатҳои хешро дар симои Толибону Давлати исломӣ пеш-пеш карда, кишварҳои орому осудаи ин паҳноро ба ноамниҳо кашидаанд, ҳамчунин нақшаҳоро дар минтақаи мо — Осиёи Миёна ҳам доранд. Тоҷикистон ҳам дар ин нақша вуҷуд дорад, балки номзади аввал аст.

Бале, «Ҳизби таҳрир»–у салафия ва «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» – у «Ансоруллоҳ» – ро ҲНИТ ташкил накардааст, ҳарчанд дар аввал ҲНИТ идеологияи салафияро қабул карда, баъд пушаймон шуд. Ё бо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, ба манфиати сулҳу миллат аз ҳамкорӣ бо он даст кашид. «Ансоруллоҳ» – ро собиқ узви Раёсати олии ҲНИТ роҳбарӣ мекунад. Бале, ҲНИТ ӯро инкор менамояд ва дуруст мекунад. Барои таъмини молии ин созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ зӯри ҲНИТ намерасад, вале зӯри қудратҳое мерасад, ки онҳоро зидди мо ташкил кардаанд.

Ҳоло ҲНИТ даъво мекунад, ки сулҳ кард, як тарафи сулҳ буд, агар сулҳ намекард, ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз намерасид. Дар ин баҳс нест. Лекин пас аз марги Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ба сари кор омадани Муҳиддин Кабирӣ гапи ҲНИТ дигар буду кораш дигар.

Кабирӣ азбаски ҷавон буд, намефаҳмид, ки сабаби маҳбубият пайдо кардани ҳизбаш дар ҷомеа на идеяҳои ҲНИТ, балки мушкилоти иқтисодии кишвар буд. Мардум аз рушди коррупсия ва ба дасти як гурӯҳи хурд афтодани тиҷорату сарватҳои миллӣ норозӣ буданд. Барои ҳамин соли 2010 ба ҲНИТ овоз доданд. Ин электорати норозӣ буд, на ҷонибдори ҲНИТ.

Мутаассифона, Кабирии ҷавон ба ин баҳои воқеӣ дода натавонист ё мефаҳмиду худро ба нодонӣ мезад. Ин буд, ки хатоиҳои сиёсии зиёд кард. Якум, дар ҷустуҷӯйи пуштибонҳо дар хориҷ шуд. Туркия, Эрон, Амрико, Аврупо, Россия, Афғонистон… Аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки «Ихвонулмуслимин»–ро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кунад.

Кабирӣ ҳамчун раиси як ҳизб барои ҳал кардани сарнавишти мардуми Тоҷикистон даст зад. Оқибатҳои корашро намефаҳмид. Намефаҳмид, ки сарнавишти Тоҷикистонро бояд ҳукуматаш ҳал кунад. Намефаҳмид, ки фаъол шудани исломиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон душманони олами ислом–Амрикову Исроилро таҳрик медиҳад, бахусус, ки ин исломиҳо ба Эрону Туркия такя мекунанд. Россияву Ӯзбекистонро таҳрик медиҳад, тавре дар оғози солҳои 90-ум буд.

Агар ҲНИТ соли 1997, пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамкориашро бо Ҳукумат идома медод, мо ва ҳизб ба ин рӯз намерасидем. ҲНИТ бояд такя ба неруҳои дохилӣ мекард, ҳизби миллӣ мешуд. Нашуд.

Ҳоло агар Тоҷикистонро ба интихоботи ношаффофу ғайридемократӣ, худкомагӣ ва ғайраву ҳоказо муттаҳам мекунанд, ба истиснои коррупсионеру бюрократҳои бесавод дар Ҳукумати Тоҷикистон, нақши ҲНИТ ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ ҳам ҳаст. Ҳукуматхоҳии онҳо ва бозиҳои онҳо ба нафъи неруҳои хориҷӣ нагузошт, ки институтҳои демократӣ инкишоф ёбанд. Аз ҳамин сабаб мо фурсати хубро барои рушд аз даст додем.

Акнун саволе пеш меояд, ки чӣ тавр Ҳукумат бо ҲНИТ ҳамкорӣ кунад? ҲНИТ латтаи сурхе аст, ки барзаговҳоро ба худ ҷалб менамояд, яъне қудратҳоро барои ноамн кардани Тоҷикистон ҷалб мекунад. Аз ҳамин хотир, масъалаи баста шуданаш актуалӣ шудааст.

Бале, идея, ки бошад, ҳизбро бандед ҳам, вуҷуд хоҳад дошт. Ва бигзор ҲНИТ ба Тоҷикистон баргардад, замоне, ки як ҳизби миллӣ мешавад, шароит барояш фароҳам меояд ва барои хизмат ба миллат омода мешавад. Аммо ҳоло фурсате расидааст, ки барои дигар кардани андешаҳояш канор равад. Мо ҳам хоҳем дид, ки канор рафта, ба созмонҳои террористӣ ҳамроҳ мешавад ё худро дигар мекунад.

Умед дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон вазъро дуруст мефаҳмад. Ҳоло замоне расидааст, ки мардум ба хотири оянда муттаҳид шавад. Масъала иқтисодӣ аст, на сиёсӣ.

Моро буҳрони шадиди иқтисодӣ интизор аст ва мо нишонаҳои аввалини онро мебинем. Қурби пули миллӣ – сомонӣ рӯз ба рӯз паст меравад, вале Бонки миллӣ коре карда наметавонад.

Сабаб: воридоти пули муҳоҷирини кории мо аз Федератсияи Россия кам шудааст, дурусттараш, мисли пешина пули русӣ мефиристанд, аммо қурбаш дар баробари доллар хеле кам аст. Доллар кам шавад, захираи асъор ҳам кам мешавад.

Дар ду моҳи оянда муҳоҷирини мо боз ба Федератсияи Россия мераванд. Пул мефиристанд, аммо пули онҳо мисли пештара қурб надорад. Мардумро лозим меояд, ки камтар харҷ кунанд, фақат барои шикам харҷ кунанд, то фарзандонашон гурусна намонанд.

Ҳукумат чӣ кор карда метавонад? Қарз гирем, вобаста мешавем, зеро қарзро бояд баргардонд.

Як ба бозорҳои Душанбе сар занед ва аз савдогарон пурсед, ки савдо чӣ тавр аст? Бешак, посух мешунавед: савдо нест.

Аз ҳоло буҳрон дари моро кӯфтааст ва ин маънои онро дорад, ки мо бояд дар бораи мушкилоти ояндаи худ баҳс кунем, на натиҷаҳои интихобот. На барои ин, ки Ҳизби наҳзати исломӣ чаро нагузашту коммунисти солхӯрдаи матин Шодӣ Шабдолов бори шашум вакили парлумон нашуд.

Ҳоло ҷомеа бояд барои баррасии масъалаҳои иқтисодӣ сарҷамъ шавад ва коршиносон ин масъалаҳоро тавассути расонаҳо ба баррасӣ кашанд.

Ин, ки дар интихобот мо хато кардем ё дуруст кардем, вақт хоҳад нишон дод.

Икром Талбаков