Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Мушкилоти нақби «Истиқлол» аз мадди назари вазорат дур нашудааст

№117 (3102) 21.09.2013

Вокуниш ба мақолаи Далер Мерганов  таҳти унвони «Нақби «Истиқлол» — «бачаи ӯгай»-и Вазорати нақлиёт?»,  рӯзномаи «Садои мардум» аз 23 июли соли 2013 №89-90 (3074-3075)

 Масъалаи ба таъхир мондани сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» вақтҳои охир аз мавзуоти рӯз буда, мардум аз он шикояти бисёр мекунанд ва тавассути  воситаҳои ахбори омма низ пурсишу  дархост ва матолиби танқидомез ба чоп мерасонанд.

Муаллифи мақолаи номбурда муҳтарам Далер Мерганов зарурату  манзалати нақби «Истиқлол» ва ҷаҳду талошҳои Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати сохтмони иншооти муҳими роҳу нақлиёт ва раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ хеле хуб таъкид намуда, баъдан афзудааст: «Мутаассифона, ҳоло бинобар  саҳлангории масъулин, он ба ҳолати ногувор гирифтор асту роҳбарияти Вазорати нақлиёти кишвар «ба умеди оши ҳамсоя (манзурам маблағгузории Ҷумҳурии Исломии Эрон аст) турб метарошанд». Вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов  дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати нақби «Истиқлол» сухан ронда, аз ҷумла чунин гуфта буд: «Эрониҳо хуб мегӯянду вале корро пурра иҷро намекунанд». Шояд вазири муҳтарам то андозае  ҳақ  бошад, ҳарчанд бо ин шева сухан гуфтан хоси аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ набуду нест».

Бояд зикр  намуд, ки ман он чизеро, ки ҳаст, ҳамонро гуфтам. Оё вазир метавонад дар назди парлумони кишвар сухани дигар гӯяд ва ё ҳама ҷурму  навоқиси  сохтмони нақбро, ба гуфти муаллиф, аз «саҳлангорӣ»-и масъулин, аз ҷумла Вазорати нақлиёт донад?

Роҷеъ ба таъхири корҳои нақби «Истиқлол», ки ба сабаби пардохт нагардидани маблағҳои ҷониби эронӣ ва анҷом наёфтани корҳои боқимонда ба миён омад, на танҳо дар назди вакилон, балки ба ҳама мақомоти марбута, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоту дархост пешниҳод шудаанд. Яъне, Вазорати нақлиёт лаҳзае масъалаи ба анҷом расонидани корҳои боқимондаи ин нақбро аз мадди назар дур накардааст ва медонад, ки нақб барои кишварамон  то чӣ андоза  муҳиму зарур аст.

Дар ҷойи дигари мақола омадааст, ки «вазирони собиқи нақлиёти мамлакат А. Ашӯр ва О. Бобоев низ дар замони вазириашон ваъдаи ба талабот ҷавобгӯй намудани онро дода буданд».

Бале, вазирони собиқ низ умед доштанд, ки паймонкорони эронӣ сохтмонро дар вақташ месозанд. Агар ҳамин тавр мешуд, иншоот аз ҷониби комиссияи корӣ ва давлатӣ  қабул мегардид.

Қобили зикр аст, ки ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масъалаи сохтмони нақби «Истиқлол» аз 18 майи соли 2003 оғоз ёфта, Ёддошти тафоҳум, ҳамчунин тафоҳумномаи  кӯмакҳо ва ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон 20 майи соли 2003 ба имзо расида буд.

Корҳо 1 январи соли 2004 оғоз гардиданд, вале лоиҳа пурра анҷом наёфт. Минбаъд ҷараёни сохтмон аз сабаби резишҳои зиёд ва суст будани мустаҳкамии  санги нақб дар қисмати ҷанубӣ тири нақби таҳвия тағйир дода шуд. Гузаргоҳҳо (дастакҳо) 27 дона буда, дар тӯли нақбҳои автомобилгард ва таҳвия  онҳоро бо ҳам мепайванданд. Инчунин ҳаҷми обҳои зеризаминӣ дар ин ҷо нисбат ба лоиҳа хеле зиёд пайдо гардида, ба хароҷоти иловагӣ ва  тамдиди муҳлати сохтмони иншоот оварда  расонд.

Дар вақти иҷрои лоиҳа бо сабабҳои зикргардида як қатор корҳои ғайричашмдошт пайдо гардиданд, ки дар лоиҳа пешбинӣ  нашуда буданд. Аз ҷумла фарқияти мустаҳкамии санги нақб нисбат ба лоиҳа, корстҳо ва дар лоиҳа ба назар нагирифтани иҷрои корҳои васли системаҳои таҳвия, рӯшнойӣ,  бо барқтаъминкунӣ ва зидди сӯхтор ва ҷудо нагардидани маблағ барои корҳои ғайричашмдошт ба болоравии нархи лоиҳа оварда расонд. Муҳлати сохтмон низ се маротиба тамдид гардид. Лекин Ширкати «Собир» уҳдадориҳои  ба зимма гирифтаашро иҷро накард ва иншоот ба фармоишгар супорида нашуд.

Дар робита ба корҳои боқимондаи сохтмонӣ ҷониби эронӣ пешниҳод намуд, ки маблағгузории иҷрои корҳои боқимонда ва иловагии нақби «Истиқлол», ки айни замон тақрибан шаш миллион  доллари амрикоиро ташкил медиҳад, бо усули баробарӣ  (50 фоиз маблағҳо аз ҳисоби гранти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 50 фоиз аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) сурат гирад, ки татбиқи саривақтии лоиҳаро таъмин менамуд. Вале, сарфи назар аз пайгириҳои зиёд, аз се миллион доллари ИМА-и ҳиссаи молиявии ҷониби Ҷумҳурии Исломии  Эрон танҳо 1100,0 ҳазор доллари ИМА таъмин карда шуду халос.

Вобаста ба ин, 16 декабри соли 2012 дар шаҳри Теҳрон ҷаласа баргузор гашта, мушкилиҳои  ҷойдошта дар сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» баррасӣ гардида, ба масъулин вазифаҳои мушаххас дода шуд.

Боиси таассуф аст, ки муҳлати муайяншуда паси сар шуда бошад ҳам, бандҳои протоколи мазкур иҷро нагардид.

Аз аввали соли 2013 қатъ гардидани корҳои бозсозӣ  дар иншоот вазоратро ба ташвиш овард. Зикр намудан бамаврид аст, ки бо сабабҳои сари вақт пардохт нагардидани маблағҳои пешбинигардидаи тарафи эронӣ, ширкат имкони давом додани корҳои сохтмониро аз даст дод ва пардохти қарзҳои маоши коргарон, истифодаи қувваи барқ, маводи семент ва дигар маводҳои сохтмониро  таъмин карда натавонист.

Айни замон  дар иншоот ҳамагӣ нуҳ нафар коргар ба ҳайси посбон ва нигоҳдории муваққатии нақб кор мекунанду халос.

Рост аст, ки пайдо шудани чуқуриҳо  ва обҳои зеризаминӣ яке аз сабабҳои мушкилоти нигоҳдории нақб шуд. Вазорати нақлиёт то оғози корҳои боқимонда аз ҷониби ширкати эронии паймонкори  «Собир» як мошини борбардор, як грейдер ва ҳафт нафар коргарро  ба нақб сафарбар намудааст. Албатта, ин ҳанӯз  салоҳи кор нест. Вале, Вазорати нақлиёти кишвар ин масъалаи муҳимро ҳеҷ гоҳ  аз таваҷҷуҳи худ дур наандохта, ба хотири оғози корҳои бозсозии нақб тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Чунончӣ, 21 августи соли равон бо ташаббуси Вазорати нақлиёт мулоқот баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оқои  Алиасғари  Шеърдӯст, муовини вазири неру оқои Доимӣ, мудиромили ширкати «Собир» оқои Саҷҷодӣ, менеҷери лоиҳа оқои Иброҳимӣ, аз ҷониби Тоҷикистон — вазири нақлиёт  Низом Ҳакимов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Д. Ҳотамов, муовини вазири корҳои хориҷӣ Н. Зоҳидов, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатӣ  А. Наҷмиддинов ва дигар мутахассисону масъулини Вазорати нақлиёт ширкат намуда, масоили вазъи кунунии нақби «Истиқлол», пардохти маблағҳои ҷониби эронӣ, таҳияи барномаи иҷрои корҳо ва мушаххас намудани фаъолияти минбаъда дар ин самтро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор доданд.

Ман аз вазъи бамиёномада изҳори ташвишу нигаронӣ намуда, аз тавофуқоти бадастомада ва иҷро намудани вазифаҳо аз ҷониби паймонкор ёдовар шудам  ва дуруст амалӣ шудани лоиҳаро талаб намудам. Оқои Доимӣ барои идомаи корҳои  нақби «Истиқлол» оиди ҷудо намудани маблағи зарурӣ изҳори розигӣ намуд.

Ба қавли мавсуф, айни замон мавзуи интиқоли саҳми ҷониби эронӣ ҳалли худро ёфтааст.

Хуллас, тасмим гирифта шудааст, ки ширкати «Собир» барномаи иҷрои корҳоро дар даҳ рӯз пешниҳод мекунад. Шояд, бо дарназардошти таҳлилҳои ҳар ду ҷониб, дар қарордод тағйирот ворид карда шавад.

Чунонки  мебинем, ваъдаҳои Вазорати нақлиёт аз рӯйи қарордоду тасмимҳои ҷониби Эрон ба миён меоянд. Умед дорем, ки масъалаи бамиёномада ба зудӣ ҳалли худро меёбад, вагарна ба дарозо кашидани сохтмони нақби «Истиқлол» боз ҳам боиси ташвишу нигаронӣ ва зарарҳое мегардад, ки дар мақола номбар шудаанд.

Н. ҲАКИМОВ, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон