Доғи рӯз

На ҳама чизе, ки медурахшад, тилло аст

№18 (3319) 10.02.2015

Мутаассифона, бархе аз харидорон бо сарфи назар намудани ин омил бозори соҳибкорони бевиҷдонро «гарм»  намудаанд

Тилло аз  ҷумлаи металлҳои қиматбаҳо маҳсуб ёфта, давоми асрҳо арзишу манзалати хешро гум накардааст. Ҳатто дар замонҳои қадим сармояи инсонҳо ва кишварҳои алоҳида  аз рӯйи ҳаҷми ин металли гаронбаҳо ҳисоб карда мешуд. Дар ҷаҳони муосир низ тилло ҳамчун муайянкунандаи сатҳи иқтидори иқтисодии мамлакатҳо боқӣ мондаву буҳронҳои молиявии чанд соли охир арзиши онро бамаротиб боло бурдааст. Инсонҳо низ кӯшиш мекунанд, ки аз ин металли  камёфт барои худ ороишот харидорӣ намуда, ба ин васила, завқи зебоипарастӣ ва имконоти молиявии хешро ба маҳзари ом гузоранд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар замони собиқ шӯравӣ  дастрасии мардум ба маснуоти заргарӣ саҳлу осон набуд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми манотиқи мамлакат фурӯши чунин маснуот роиҷ буда, ҳамагон метавонанд дар доираи имконоти молиявии худ онҳоро дастрас намоянд.

Манзури банда аз иншои матлаби мазкур чизи дигар аст. Мушоҳида мешавад, ки ҳамрадиф бо маҳсулоти баландсифати заргарӣ, маснуоте ба харидорон пешниҳод мегардад, ки сифати он ҷавобгӯйи талаботи мавҷуда нест. Барои мисол, дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба харидорон пешниҳод намудани тиллои «низкий», «туркӣ», «арабӣ» ва ғайра ба падидаи маъмулӣ табдил ёфта, харидорон низ аз «бренд» -ҳо таври мунтазам ва дар ҳаҷми зиёд харидорӣ намуда истодаанд. Ҳол он ки аксари чунин маснуот, агар зебоии зоҳириашонро сарфи назар намоем, оҳанпорае беш нестанд. Мутаассифона, қисмати аъзами харидорон ин ҷиҳати масъаларо ба инобат нагирифтаву бозори тоҷирони бевиҷдонро «гарм» намуда истодаанд. Чунин нафарон бо харидории чунин тиллои бесифат мақоли «Хоҷа, боғ дорӣ? -Дорам»-ро амалӣ  карда, дарк намекунанд, ки «на ҳама чизе, ки медурахшад, тилло аст».

Борҳо мушоҳида намудаам, ки бо пайдо шудани нафари олуфтаи шиму костюмпӯш дар «тиллобозор»-и Корвон фурӯшандагон филфавр дари дӯконҳои худро баста, гӯшае паноҳ мебаранд. Вақте ба ин масъала таваҷҷуҳ намудам, маълум гардид, ки фурӯшандагон дар симои чунин нафарони хушлибос кормандони «Пробнадзор» (Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро медидаанду маҳз аз тарси онҳо фирор мекунанд. Боиси таассуф аст, ки фурӯшандагон аз мавҷудият ва рисолату ваколати Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилои комил доранду  қисми зиёди харидорон аз сохтор бехабар мебошанд.

Ҳолатҳои зиёде мавҷуданд, ки харидорон аз ҷониби тоҷирони беинсоф зимни фурӯши тилловорӣ  фиреб  хӯрдаву иқдоме барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолии худ накардаанд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки баҳри таҳия ва пешбурди сиёсати ягона дар соҳаи ташаккул ва истифодаи захираҳои давлатии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, коркард, истеҳсол ва рушди муомилоти бозори металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо вазифадор аст, назорати коркард, истифода, нигаҳдошт ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки чунин фаъолиятро пеш мебаранд, ба зиммаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоикистон вогузор намудааст. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ назорати иёргирӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳову сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати носолим ва  ҳимояи манфиати давлат гузаронида мешавад.

Аз суҳбат бо сардори Нозироти давлатии иёргирии назди  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фахриддин Амиров маълум гардид, ки кормандони Нозирот баҳри дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани ваколат ва рисолаташон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд. Ҳамсуҳбатам аз мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ барои фаъолият изҳори қаноатмандӣ кард. Мавсуф минҷумла гуфт, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи тасдиқи Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр рӯёнида мешавад ва Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда» барои густариши фаъолият мусоидат намуданд. Зимни ироаи мушоҳидаҳоям бобати мавҷудияти маснуоти пастсифат дар бозорҳои ҷумҳурӣ Фахриддин Амиров мавҷудияти ин камбудиро эътироф намуда, ин «падида»-ро ба омилҳои гуногун, аз ҷумла бетарафии харидорон ва бевиҷдонии як идда соҳибкорон марбут донист. Дар раванди шиносоӣ бо фаъолияти ин зерсохтор  иттилоъ гирифтам, ки  Нозирот бо намояндагиҳои  худ дар вилоятҳои Хатлону Суғд иёргирӣ ва назорати давлатиро оид ба ин масъала амалӣ намуда истодааст. Дар посухи саволи инҷониб бобати нишондиҳандаҳои фаъолият ҳамсуҳбатам зикр намуд, ки  давоми соли 2014  байни соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба 834 нафар соҳибкор огоҳинома дода шудааст. Инчунин нисбати 50 нафар соҳибкор, ки ба харид ва фурӯши маснуотҳои заргарӣ машғуланд, санҷиш гузаронида шуд. Соли сипаришуда амали 20 адад иҷозатнома бинобар қатъ намудани фаъолият, иваз намудани макони фаъолият ва ҳукми суд  манъ гардиданд. Аз суханони Ф. Амиров бармеояд, ки вобаста ба зарурат кормандони Нозирот якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейд ва санҷишҳо гузарониданд. Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо соли гузашта  барои оғози 32 адад парвандаи маъмурӣ ва ҷиноӣ асос ошкор  гардид. Ҳангоми гузаронидани ин рейдҳо 49,3 килограмм маснуоти заргарӣ аз ташхис гузаронида ва аз ин ҳисоб тариқи ҷаримавӣ 109,5 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шуд. Дар баробари ин, Нозирот ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои 177,1 кг маснуоти аз металл ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда хулосаи ташхисӣ пешниҳод намуд. Додани иҷозатнома ва шартномаи қайди махсус аз самти дигари фаъолияти Нозирот маҳсуб ёфта, дар ин зимн ба соҳибкорон 163 адад иҷозатнома ва 68 адад шаҳодатнома дода, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 106,4 ҳазор сомонӣ ворид шуд.

Зимни посух ба пурсиши банда вобаста ба ҳаҷми маснуоти аз ташхисгузашта зикр шуд, ки давоми соли 2014 аз ташхиси Нозирот 559,4 кг маснуоти заргарии аз тилло ва нуқра сохташуда гузаронида, 1224 адад сертификати мутобиқат дода шуд. Аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 708,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 239 ташхиси ройгони сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин дар раванди санҷишҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воридот ва содироти металл ва сангҳои қиматбаҳо тариқи қочоқ ошкор ва пешгирӣ шуда, аз ин ҳисоб ба Хазинаи сарватҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 584,5 ҳазор сомонӣ металл ва сангҳои қиматбаҳо супорида шудааст. Дар раванди суҳбат ҳаҷми маснуоти пастсифати ошкоршуда аз масъалаҳои меҳварӣ буд. Маълум гардид, ки ин давра зимни  гузаронидани ташхис дар  озмоишгоҳи Нозирот 354 адад маснуоти пастсифат бо вазни 1,5 кг муайян шуда, онҳо тибқи тартиби муқарраршуда корношоям  ва ба соҳибонашон баргардонида шуданд.

Табиист, ки дақиқияти ташхис бидуни таҷҳизоти замонавӣ ғайриимкон аст. Биноан,  соли гузашта барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ таҷҳизотҳои махсус ва маводи лаборатории истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ дастрас гардид.  Нуктаи муҳим он аст, ки тӯли 20 соли фаъолияти Нозирот аввалин маротиба ин гуна таҷҳизот дар раванди фаъолият  истифода мешаванд.

Доир ба дурнамои фаъолият сухан ронда, Фахриддин Амиров зикр намуд, ки  минбаъд ҳамкориҳои Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар самти назорат ва барасмиятдарории гумрукии маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти маишии аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, вусъат меёбанд. Ҳамчунин бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар минтақаҳои дурдаст  ифтитоҳи намояндагиҳои  Нозирот дар ВМКБ ва водии Рашт дар нақша аст.

-Мутаассифона, то ҳанӯз аҳолӣ оид ба рисолат ва ваколатҳои Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилои комил надоранд ва дар ҳолатҳои нақзи ҳуқуқҳояшон ҳангоми харидории маснуоти заргарӣ аксаран хомӯширо ихтиёр менамоянд. Ҳол он ки ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо оид ба ин масъала вазифаи ҷонии мост, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Фахриддин Амиров.

 

Далер Мерганов, «Садои мардум»