На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт…

№48 (3685) 04.05.2017

4006234Ҳар гоҳ ки гирумони мансабталошонро дар зиндагӣ мушоҳида менамоям, беихтиёр байтҳои зерини Хоҷа Ҳофизи бузург ба ёдам меоянд:

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,

На ҳар кӣ оина созад, Сикандарӣ донад.

На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулаҳдориву оини сарварӣ донад.

Ҳақ ба ҷониби лисонулғайб аст, ки аз таҷриба ва дидаву шунида барои ояндагон андарзро ба мерос мондааст. Яъне, ҷомеа бояд дар шинохти сарвар ҳамеша дурбин бошад. Шахсиятро озмояд, ки оё ӯ дар вазифаи масъули ба зиммагирифтааш метавонад барои мардум ҷонфидоӣ кунад ва ҳастиашро танҳо ба хотири рушду нумӯи кишвару таъмини зиндагии шоистаи зердастон сарф намояд. Муҳим нест, ки он шахс дар мансаби баланд аст ё паст. Дар навбати худ, ҳар фарде, ки дар дил орзуи мансабдор шудан дорад, бояд қобилияту истеъдод ва неруву тавони хешро ба инобат гирад. Яқин кунад, ки аз уҳдаи кор мебарояд ё дар нимароҳ аз по мемонад…

На ҳар як фард ҷавонмардона ба истеъдоду қобилияти худ баҳо медиҳад. Ҳастанд шахсоне, ки тӯли умри хеш барои Ватан ва миллат кори некеро ба анҷом нарасонидаанд. Ин афрод имрӯз дастовардҳои миллат ва ободии Ватанро ба инобат нагирифта, талош мекунанд, ки мардумро  гӯл зананд. На аз Худо шарм мекунанду на аз бандаи Худо. Аз тариқи матбуоти бегона ва расонаҳо давлату кишвари моро бадном кардан мехоҳанд…

Агар Худованд миллатеро дӯст дорад, барояш пешвоеро насиб мегардонад, ки туфайли кордонию истеъдод ва фидокориҳояш Ватан ободу миллат хушбахт мегардад. Халқи тоҷик аз зумраи чунин миллатҳост ва маҳз дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид будан ва содиқона пайи ободӣ ранҷ кашидан, ободии кишвар ва пирӯзиро дар ҳама ҷода таъмин менамояд.

Ҳар кӣ шоҳиди иваз намудани маҷрои дарёи Вахш буд, бори дигар иқрор мешавад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи он мардонест, ки нангу номуси ватандорӣ, меҳри миллату Меҳан, хизмати софдилонаву содиқона, ҷасорату матонат,  нерумандиву якрӯӣ дар рафтору гуфтораш тавъаманд. Солҳои сарварӣ танҳо ба хотири ободии Тоҷикистони азиз ва хушбахтии миллат саъю талош намудааст. Ӯ дар шароите  сари қудрат омад, ки сиёсатмадорони номдор «хонаи муш сад тилло» гуфта, дар гӯшаҳои хилват ва ором зиндагии осударо авло донистанд. Вале ин ҷавонмарди матинирода миёнро мустаҳкам баста, ба ободии харобазор иқдом намуд.

Агар ба таърих назар афканем,  Неругоҳи барқи обии «Роғун»  солҳои ҳаштодуми асри бист тарҳрезӣ шуда буд ва ҳамон давра қисме аз корҳо ба анҷом расиданд. Мутаассифона, боду борон ва обхезиҳо корҳои анҷомдодаро хароб кард. Замони соҳибистиқлолии кишвар Сарвари давлат дарк кард, ки бе бунёди ин неругоҳи бузург Тоҷикистон наметавонад аз бунбасти мушкилот раҳоӣ ёбад ва мақсад гузошт, ки бояд он сохта шавад. Муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба миллат ба Пешвои миллат зӯру тавон дод. Тавонист бо ақлу заковат ва матонату ҷасорат ба орзуи чандинсолаи тоҷикон ҷомаи амал пӯшонад. Баъди сию шаш сол Вахш маҷрояшро дигар кард…

Аз он ифтихор мекунам, ки дар қатори зиёиёни кишвар дар он чорабинии муҳим ширкат доштам. Он лаҳза, ки Пешвои миллат паси фармони булдозер нишаст, аз чашмони иштирокчиён ашки шодӣ дамид. Ва лаҳзае, ки булдозер бомаром сангу хокро даруни дарё тела медод, садои аҳсант аз даҳони пиру барно баланд мешуд. Онҳо бовар карданд, ки Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон аз уҳдаи тамоми кор мебарояду мушкилотро бо зӯру тавони мардона ва иродаи рустамона аз байн мебарад. Бо ин рафтор исбот кард, ки қодирем якҷоя тамоми мушкилро аз байн бубарем ва кишварро ба гулистони ҳақиқӣ табдил диҳем.

Он лаҳза ман бо онҳое, ки дур аз Ватан садо баланд менамоянд ва дар муқобили давлати имрӯзаву давлатмардон бадгӯӣ мекунанд, дар муҳовара будам: — Куҷоянд он хонашерони майдонғариб, то бо чашми сар бубинанд, ки мардуми Тоҷикистонро Пешвои миллат ба сӯи кишвари бахту саодат раҳнамоӣ мекунад!!!

Бовар дорем, ки Тоҷикистон ба кишвари пешрафта табдил меёбаду сокинони он дар як муҳити боз ҳам шоиста зиндагӣ хоҳанд кард. Зарур ва ногузир аст, ки дар ин даврон  ҳар як фарди ватандӯст заҳматҳои Пешвои миллатро арҷгузорӣ намояд, шукронаи неъмати Худо ва Пешвои оқилу фарзонаро кунад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»