Нақби «Истиқлол» мавриди истифода қарор гирифт

№128(3429) 26.09.2015

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, аз 22 июни соли равон инҷониб, бо мақсади анҷоми корҳои таъмиру таҷдид ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» маҳдуд гардида буд. Тибқи нақша корҳои фавқуззикр бояд то 30-юми сентябри соли равон ба итмом мерасиданд. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ корҳои сохтмонӣ пеш аз муҳлат ба сомон расида, шурӯъ аз соати 1000-и рӯзи 25 сентябри соли равон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт тавассути нақби мазкур иҷозат дода шуд.

Таъмиру таҷдид тибқи талаботи мавҷудаи бахши роҳсозӣ сурат гирифта, кулли мушкилоте, ки то ин замон ронандагону мусофирон ҳангоми гузаштан аз нақб бо онҳо мувоҷеҳ мегардиданд, бартараф шуданд.

 

Далер Мерганов,

«Садои мардум»