25 июл-Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ

Нақлиёт — таконбахши рушди дигар соҳаҳо

№82 (3228) 24.07.2014

Мусоҳиба бо сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзимад Ҳакимов

наќлиёт- Саҳми нақлиётчиёнро дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

- Воқеан, дуруст зикр кардед, ки нақлиёт соҳае мебошад, ки ҳар фард бевосита ба он пайванд аст. Алалхусус дар кишвари мо инкишофи хоҷагии халқро бидуни истифодабарии ин намуд нақлиёт тасаввур кардан мумкин нест. Имрӯзҳо даҳҳо ҳазор адад автомобил дар хидмати мардум қарор дошта, бевосита баҳри рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳмгузоранд. Фаъолияти нақлиётчиён сол ба сол густариш меёбад. Барои мисол, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ, тавассути нақлиёти автомобилӣ 6,2 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбати соли 2013-ум 4,7 фоиз зиёд аст. Дар ин давра ба 90 миллион мусофир хизмат расонида шуд.

Пешрафти соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз вазъи роҳҳо вобастагии зич дорад. Аз ин хотир, дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ҳисобида шуд. Дар натиҷа, ин вазифа иҷро гардида, пайванди кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардид. Ин корҳои шоиста  ба таҳкими ваҳдати миллӣ, зиёд шудани ҳаҷми бору мусофиркашонӣ ва рушди дигар соҳаҳои ҳаёт мусоидат намуд. Ҳоло дар ин самт корҳои ободонию созандагӣ идома доранд ва идомаи сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ — Панҷакент, Душанбе- Данғара, Восеъ- Ховалинг, Шоҳон – Зиғар далели ин гуфта мебошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид  намуданд: «Дигар омили муҳимтарине, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад, татбиқи лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори коммуникатсионии дорои аҳамияти дохиливу минтақавӣ мебошад.

Соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 1,1 миллиард сомонӣ ва дар ҳафт соли оянда зиёда аз 8 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон -Тоҷикистон, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе -Турсунзода, Айнӣ -Панҷакент, Восеъ -Ховалинг ва хусусан роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон -Қӯрғонтеппа барои беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард».

- Чаро маҳз 25 июл ҳар сол ҳамчун Рӯзи нақлиётчиёни мамлакат таҷлил мешавад?

- 25 июли соли 1939 Комиссариати халқӣ оид ба нақлиёти автомобилии РСС Тоҷикистон ташкил шуда, хоҷагии автомобилӣ, базаҳои автомобилӣ, гаражҳо ва корхонаҳои таъмири автомобилҳо муттаҳид гардиданд.

-Табиист, ки дар шароити имрӯза барои рушди соҳаи нақлиёт ва дар ин замина пешбурди корҳо дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва ғайра таҳкими равобити байналмилалӣ зарур аст…

- Дуруст аст. Айни ҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик оид ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ созишномаҳои дуҷониба ба тасвиб расонидааст. Имрӯз бо 21 давлати хориҷи дур ва 13 давлати хориҷи наздик ҳамлу нақли байналмилалиии нақлиёт ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳ Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалиро дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ расман эътироф намуд. Дар натиҷа, боркашонии байналмилалӣ ба маротиб зиёд гардид, ки пеш аз ҳама, ба афзудани интиқоли содиротӣ ва транзитӣ вобаста аст. Ҳиссаи  интиқолдиҳандагони тоҷик дар раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ 51,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар самти рушди ҳамлу нақли байналмилалии мусофирбарӣ низ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Барои мисол, соли ҷорӣ хатсайрҳои мусофирбарии байналмилалии «Хуҷанд — Ош», «Хуҷанд — Боткент», «Душанбе — Кобул» ва «Қӯрғонтеппа — Қундуз»  тасдиқ гардиданд. Айни замон аз ҷониби интиқолдиҳандаи ватанӣ — ҶСП «Эйшн Экспресс Терминал» корҳои омодагӣ ҷараён дорад.

- Барои рушду танзими фаъолияти мусофиркашонӣ чӣ корҳо анҷом дода мешавад?

- Яке аз намудҳои асосии фаъолияти нақлиёти автомобилӣ мусофирбарӣ мебошад.  Ин соҳаест, ки мушкилиҳои худро дорад. Ин ҷо манфиатҳои одамони дорои хислату талабот ва рағбаташон гуногун ба назар гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон бахши мусофирбарӣ аз соли 1930 оғоз шудааст. Дар ибтидо фаъолияти нақлиёти мусофиркашӣ маҳдуд буд ва дар масофаҳои кӯтоҳ сурат мегирифт. Чунин сайрҳо бо автомобилҳои  тамғаи «Штеер» (Фаэтон), ки ҳашт ҷои нишаст дошт ба роҳ монда мешуд. Имрӯз навъҳои гуногуни нақлиёти автомобилӣ хеле зиёд ва талаботи мусофирон низ афзоиш ёфтааст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 220 адад корхонаи нақлиётӣ, 57 адад терминали мусофирбарӣ, 18 адад терминали боркашонӣ, 836 адад хатсайри мусофирбарӣ ва 43 ширкати нақлиётии байналмилалӣ фаъолият доранд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ як қатор қонуну қарорҳо ва санадҳои зарурӣ қабул гардидаанд. Дар шаш моҳи сипаригардида бо мақсади мукаммалгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва бақайдгирии онҳо дар феҳристи ягона нуҳ адад санади меъёрии ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардид.

Ҳамзамон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» таъсис дода шуд, ки айни замон дар ин корхона зиёда аз 150 нафар корманд  фаъолият намуда истодаанд. Ин корхона хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикиро дар қаламрави кишвар бо зерсохторҳои худ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, амалӣ намуда истодааст. Доир ба ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, минҷумла зикр намуд: «Ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётии минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмилалии нақлиётӣ мусоидат намояд, ки ин ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам манбаи даромади иловагии буҷет ва рушди иқтисодиёт мебошад».

Хулоса, нақлиётчиёни кишвар дар пешрафту ободии давлат нақши муҳим мегузоранд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»