Нақшаи солонаи истеҳсоли пахта дар мамлакат иҷро шуд

№127 (3764) 28.10.2017

2_41Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд. Аз аввали мавсим 366355 (103,6 фоиз) тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 124687 тонна зиёд мебошад.

Дар иҷрои нақша, хусусан ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Данғара, Ашт, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Рӯдакӣ, Фархор, Ёвон, Конибодом ва Сарбанд назаррас аст.

Нақшаи солона то 27 октябри соли 2017 дар вилояти Суғд 109,4 фоиз, вилояти Хатлон — 101,3 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 106,3 фоиз иҷро гардидааст. Ҳоло кишоварзон баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили боқимонда аз тамоми воситаю имкон самаранок истифода бурда истодаанд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»