Нақши маблағгузории хурд дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ муассир аст

№109 (3589) 20.08.2016

ффвфвТайи солҳои охир истилоҳи «камбизоатӣ» ва ибораи «маблағгузории хурд»-ро донишмандон ва олимони соҳа баробармаъно истифода мебаранд. Камбизоатӣ дар вазъи бекорӣ, камсаводӣ, бе сарчашмаи мушаххаси даромад ва дар сатҳи паст қарор доштани зиндагии инсон буда, ба ин ақида дорандаи ҷоизаи «Нобел» профессор Муҳаммад Юнус низ розӣ аст.

Маблағгузории хурд бошад, аз воситаҳоест, ки таъиноти асосии он бевосита барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона шудааст. Дар ҳақиқат, камбизоатӣ барои кишварҳои ҷаҳон проблемаи мубрам мебошад. Аз маълумоти мақомоти омор ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки соли 1990 тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон дар вазъи камбизоатӣ (баробар ба 2,5 доллари ИМА дар як рӯз) умр ба сар мебурд. Ченаки нишондиҳанда дар ҷаҳон, ки шумораи аҳолии сатҳи зиндагиашон ба камбизоатии мутлақ тааллуқ дорад (1,25 доллари ИМА дар як рӯз), аз 1,9 млрд.  нафар дар соли 1990 то 836 млн. нафар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Қайд намудан бамаврид аст, ки сатҳи аз ҳама баланди камбизоатӣ дар давлатҳои Африқои Ҷанубӣ ҷой дошта, камбизоатии мутлақ дар ин кишварҳо ба 70 фоизи аҳолии онҳо баробар аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки камбизоатӣ ба ду омили мушаххас алоқамандӣ дорад: аввалан, сатҳи миёнаи даромади миллӣ ва сониян, дараҷаи нобаробарӣ дар раванди тақсими даромад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи аз ҳама баланди камбизоатӣ соли 1999 ба қайд гирифта шудааст, ки сабаби он, пеш аз ҳама, вазъи ноустувори сиёсӣ дар Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя буд. Маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади устувор намудани рушди иқтисодиёти кишвар ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ  якчанд стратегияи миёнамуҳлати миллӣ, аз ҷумла «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ барои солҳои 2013-2015», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2003-2007» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009» қабул ва амалӣ гардид.

Тазаккур бояд дод, ки солҳои 1999, 2003, 2007 ва 2009 аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ тадқиқотҳо оид ба омӯзиши сатҳи зиндагии аҳолӣ гузаронида шуд. Мувофиқи ин тадқиқотҳо, сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 72,4 фоиз дар соли 2003, 53,5 фоиз дар соли 2007, 46 фоиз дар соли 2009 ва 38,3 фоиз дар соли 2014 коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи татбиқи оқилонаи сиёсати иҷтимоии Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Оғози рушди низоми маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли 1996 рост меояд. Маҳз аз ҳамон вақт ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба додани қарзҳои хурд шурӯъ намуданд. Соли 2004 бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» барои дар доираи қонунгузорӣ фаъолият намудани ташкилотҳои маблағгузории хурд замина гузошта, барои танзим ва назорати минбаъдаи фаъолияти онҳо санадҳои меъёрӣ омода гардид. Маблағгузории хурд яке аз сарчашмаҳои бо кор таъмин намудани аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 99 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият менамояд.

Дастгирии маблағгузории хурд бо мақсади ҳалли масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии бонкӣ, рушди соҳибкории хурду миёна яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа барои рушди иқтисодиёт ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бояд махсус таъкид намуд, ки манфиатдорони асосии барномаҳои маблағгузории хурд муштариёни ташкилотҳои маблағгузории хурд мебошанд, на худи ин ташкилотҳо, зеро дар натиҷаи гузаронидани пурсиш аз шумораи умумии истифодабарандагони маблағгузориҳои хурд 91,5 фоиз аз беҳтар шудани вазъи истеъмолии оилаҳо ва 87,5 фоиз аз баланд шудани даромади худ дарак доданд. Инчунин, 73 фоизи муштариёни ташкилотҳои маблағгузории хурд аз беҳтар шудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, 71,3 фоиз аз рушди тиҷорат ва 65,8 фоизи онҳо аз беҳтар шудани дастрасӣ ба таҳсилот хабар расониданд.

Албатта, сабаби пастшавии сатҳи камбизоатӣ танҳо пешниҳод ва истифодаи қарзҳои хурд нест. Барои нишон додани омилҳое, ки боиси паст шудани сатҳи камбизоатӣ шуданд, бояд таҳлилҳои амиқтар гузаронд. Вале танҳо назари сатҳӣ ва ҳаҷму андозаи маблағгузории хурд нишон медиҳад, ки дар он минтақаҳое, ки маблағгузории хурд бисёр истифода мешавад, сатҳи камбизоатӣ низ пасттар мебошад.

Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки рушди маблағгузории хурд ва фаро гирифтани минтақаҳои ҷумҳурӣ бо ин навъи хизматрасонӣ боиси ҳар чӣ бештар тараққӣ додани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт шуда, сатҳи зиндагии мардум боло хоҳад рафт.

 Ҷомии АБДУРАҲМОН, корманди Бонки миллии Тоҷикистон