Нақши Пешвои миллат дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

28659584742_233882068c_oДар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози мазмун ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад, ки ҳар кадом ба рушди кишвар нигаронида шудааст.

Дарвоқеъ, ин неругоҳ аз ҷиҳати иқтидори техникӣ ва истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза барои саноатикунонии кишвар заминаи асосӣ мегузорад ва ин нукта дар сиёсати Сарвари давлат ҷойгоҳи хоса дорад.

Агар ба таърихи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» назар кунем, ба далелҳое вомехӯрем, ки аз мавқеи собитқадамонаи Пешвои миллат дар сиёсати энергетикии кишвар шаҳодат медиҳанд. Агар Иттиҳоди Шӯравӣ барои сохтмони ин неругоҳ чорсад корхонаро ҷалб карда бошад, тибқи сиёсати имрӯзаи Сарвари давлатамон сохтмони неругоҳ на бо даъвати бештари мутахассисони давлатҳои ҳамҷавор, балки бо ҷалби бинокорону сохтмончиёни маҳаллӣ ҷараён мегирад. Боиси зикр аст, ки ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари давлатҳоро дар ҳайрат гузошт.

корМоҳи октябри соли 2009 раиси бахши россиягии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории миёни ду кишвар Сергей Шмотко ба Душанбе омада, изҳор дошт: «Мо аз талоши Тоҷикистон, ки сарфи назар аз буҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, дар танҳоӣ мехоҳад Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро, ки ғуллаи энергетикист, бунёд кунад, ба ҳаяҷон омадаем».

Азим Иброҳим-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китоби «Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Роғун» менависад: «Бисёр лоиҳаҳои замони шӯравӣ, ки вобаста аз имкониятҳои бузурги ин давлати абарқудрат барои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия ва амалӣ мегардиданд, пас аз пош хӯрдани он маблағгузорӣ нашуда, дар канор монданд. Дар байни онҳо лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» ҳам буд, ки метавонист ба «боди фано» ё «кӯи фаромӯшӣ равад»… Вай нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи бунёди неругоҳи зикршуда ҳамчун саҳифаи тозаи корнамоиҳои сарнавиштсоз арзёбӣ намуда, онро далели барҷастаи татбиқи барномаҳои фарогир ва ояндасози Тоҷикистони соҳибис­тиқлол маънидод месозад.

Бемуболиға, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони давлатҳо ва нишасту ҳамоишҳои бисёрҷонибаи сатҳи баланди созмонҳои байналмилалӣ, — Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои марбутаи он, Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои дахлдораш, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ захираву иқтидорҳои обиву энергетикии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун»-ро муаррифӣ намуда, таъкид мекарданд, ки ҳалли дурусти мушкилоти норасоии неруи барқ дар минтақа тавассути ба роҳ мондани истифодаи босамари захираҳои обӣ, бахусус, сохтмони неругоҳи бузурги барқи обӣ ва кам кардани талафоти бесобиқаи об дар соҳаи кишоварзӣ, имконпазир аст.

- Агар инқилоби Горбачёву Елсин сурат намегирифт, — бо таассуф изҳор дошт собиқ роҳбари сохтмони НБО-и «Роғун» Н. Г. Савченков, — баъди ду сол нахус­тин чархаи он ба кор медаромад. Вай Ширкати «РУСАЛ»-ро барои баҳонаи беасоси «бо бетон сохтани сарбанд» айбдор дониста, таҷрибаи сохтмони Норакро, ки дарбанди он аз сангу хок бунёд ёфтааст, далели раднопазир шуморид.

Баъди ба Россия баргаштан Н. Г. Савченков ба Сарвари давлаташ бо мактуб муроҷиат намуда, нигоштааст: «Ман беш аз 30 сол дар вазифаҳои гуногун дар Тоҷикистон кор кардам, захираҳои бузурги энергетикии онро медонам. Медонам, ки барқи Тоҷикистон ба Сибир ва Урал ба воситаи Осиёи Миёна ворид мешавад. Об сиёсат аст. Ҳар касе онро соҳиб шавад, сиёсатро дар минтақа муайян мекунад. НБО-и «Роғун» воситаи муҳими амалӣ шудани ин сиёсат аст…».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ранг гирифтани корро дида, изҳор намуданд, ки НБО-и «Роғун»-ро худамон месозем. Ин иқдоми ҷасурона ва пайгирона мардумро нисбат ба неругоҳи азим дилгарм сохт. Онҳо дар симои НБО-и «Роғун» беҳбудии рӯзгор, бахти рӯзафзуни хешро медиданд.

Дар ин миён, албатта, мақом ва мартабаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун баёнгари неруи азими зеҳниву фардии миллат ҷойгоҳи хоса дорад, зеро ин коргоҳи нур орзую ормони деринаи тоҷикистониён аст, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ даҳсолаҳо мунтазири бунёдкор буд. Дар маросими ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли барқ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳи мазкурро ҷабҳаи созанда эълон карда, аз мардуми кишвар, аз ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯст барои пуштибонӣ аз ин иқдом даъват ба амал оварданд.

Гузориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгаген бо ҳузури сарварони бисёре аз давлатҳои ҷаҳон бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикис­тону минтақа, балки барои беҳдошти иқлими ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти мусбат доштани НБО-и «Роғун» боис шуд, ки ин андеша аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид далели муътамад арзёбӣ гардид.

Идомаи мантиқии масъалаи мазкур тасдиқи тадбирҳои барномаи ҷаҳонии «Об-барои ҳаёт» буд, ки аз ҷониби СММ соли 2010 макони баргузории ҳамоиши ҷаҳонии марбут ба об пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пазируфта шудани пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтихормандии сиёсӣ ва ташаб­бускориро ба вуҷуд овард, зеро дар ҳуҷҷати қабулнамудаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун ташаб­бускори масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.

Мақсади аслии ин навиштаҳо танҳо нишон додани аҳамияти сиёсии НБО-и «Роғун» нест. Натиҷаи дигаре, ки бо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» пайванд мебошад, таъсири беназири он ба болоравии худшиносии миллист.

Мавриди таъкид аст, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ мо майли худнамоии онро надоштем, ки як иншооти гидроэнергетикӣ ба як лоиҳаи сиёсӣ ё ормони миллии мо табдил ёбад». Дар даврони соҳибис­тиқлолии кишвар бо татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон якчанд неругоҳи барқи обӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Сиёсати пешанамудаи роҳбарияти кишвар дар иртибот ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо такя ба сармояи миллӣ муҳиму саривақтӣ буда, фазои созандагиро тақвият мебахшад ва мо ин сиёсати оқилонаро дар бунёди неругоҳҳои Зарафшон, Шӯроб, Даштиҷум ва корхонаҳои калони саноатӣ сармашқи кор қарор хоҳем дод.

Муминшо ХУРРАМЗОДА, магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон