Нақши Пешвои миллат дар низоми молиявии давлат

№133 (3770) 14.11.2017

Рушди молия«Рушди молияи давлатӣ дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад китоби корманди Дастгоҳи  иҷроияи Президенти мамлакат Аъламхон Наимӣ, ки бо тавсияи Шӯрои илмии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик таҳти назари Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ашӯрбой Солеҳзода ба нашр расидааст. Он шарҳу арзёбии мухтасари саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такомули низоми молиявии давлатии кишвар мебошад. Китоб барои доираи васеи хонандагон, алалхусус омӯзгорон ва донишҷӯён пешбинӣ шудааст.

Дар оғоз Ашӯрбой Солеҳзода мундариҷаи онро ба тариқи зайл муаррифӣ мекунад: «Муаллиф кӯшиш намудааст, ки ташаккули низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даврони аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз таҳлил намуда, рушди онро бо факту далелҳо ва рақамҳои оморӣ возеҳ нишон диҳад… Мавзӯи густариши ҳамкориҳои Тоҷикис­тон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ҷалби сармоягузориҳоро таҳлил карда, қайд намудааст, ки татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба рушди иқтисодиёти миллиамон такони ҷиддӣ бахшиданд».

Аъламхон Наимӣ таъкид месозад, ки тибқи сарчашмаҳои илмӣ, низоми молияи давлатӣ дар давлатдории тоҷикон таърихи тӯлонӣ дошта, ҳатто дар аҳди Ҳахоманишиёну Сосониён амал мекард. Усули марказонидашудаву мураттаби мубодилоти молию пулӣ дар империяҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду корбурди нави давлатдорӣ, такя ба анъаноти идории пешиниён, такмил дода шуда, идома ёфт.

Бо оғози Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мақсаду вазифаҳо дар ин самт тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ дар ҷумҳурӣ такмил дода шуд.

Аъламхон Наимӣ менигарад, ки маҳз бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мамлакат, бахусус баъди дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори давлат интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуд.

Ҳамин тавр, дар китоб ҷанбаи гуногуни барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, молиявӣ ва зиддибуҳронӣ дар кишвар таҳқиқ гаштааст, ки бо забони содаву равон эҷод шудааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»