Нақши реклама дар болоравии маънавиёт

№12 (3492) 28.01.2016

Ҷаҳони муосирро бе реклама тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин аст, ки дар шароити  иқтисоди бозорӣ ва пешрафти босуръати илму техника мавқеи реклама дар ҳаёти ҳаррӯза боло меравад. Тавассути реклама ташкилот, корхона ва ширкатҳои гуногун молу ашё ва хизматрасониҳои худро тарғиб менамоянд ва мусаллам аст, ки муштариёни зиёдеро ҷалб карда, манфиати молиявӣ мебинанд. Ба назар мерасад, ки аксаран сектори хусусӣ пешрафти кор ва натиҷаҳои фаъолияти худро бо реклама ва истифодаи самараноки он марбут медонад. Онҳо барои муаррифии молу ашё ва хизматрасониҳои гуногуни худ маблағҳои калонро сарф менамоянд. Хароҷоти ширкати машҳури дорусозии «Pfizer» (PFE) дар соли 2010-ум барои реклама 542,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз рӯи тадқиқоти гузарондаи фонди оилавии Кайзер ин ширкат ба ҳар як доллари ИМА барои реклама хароҷотнамудааш 4,2 доллари ИМА фоида ба даст меорад.

Ширкати «Шевралет» барои рӯи пероҳани варзишии бозингарони тими Манчестер Юнайтис ҷой додани номи ширкат дар як сол 84 млн. доллари ИМА пардохт кардааст.

Рекламаро дар Тоҷикистон ҳамчун падидаи нав – падидаи даврони соҳибистиқлолӣ метавон арзёбӣ намуд. То давраи расидан ба истиқлолият дар ҳаёти ҳаррӯзаамон қариб ба реклама вонамехӯрдем, ки ин албатта, ба низоми иқтисодӣ ва ҳамчунин сиёсии давр вобаста буд. Дар ин давру замон реклама дар шаклҳои гуногун аз тарафи агентиҳои рекламавии хусусӣ ва бахшҳои тиҷоратии ширкатҳои давлатӣ пешниҳод шуда истодааст.

Аз тақвиму дафтарчаҳои хурди кисагӣ, буклетҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо сар карда, то навиштаҷоти болои ашёҳои конселярӣ, хоҷагӣ ва лавҳаҳои ҳаҷман гуногуни сари роҳҳо ё аз тариқи навиштаҳои барқии ҳаррангаи кӯчаю хиёбонҳо ва боми биноҳои баландошёна, сомонаҳои интернетӣ ташкилоту муассиса ва ширкатҳо молу колои худро тарғиб мекунанд.

Яке аз воситаҳои асосии паҳн намудани реклама дар Тоҷикистон телевизион маҳсуб меёбад. Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон аз ҷумлаи шабакаҳои маъруфтарин аст ва бешакку шубҳа теъдоди тамошобинонаш аз дигар шабакаҳои амалкунанда зиёданд. Барномаҳои тамошобоби ин шабака касро водор менамоянд, ки фориғ аз кор ба тамошои онҳо машғул шавад. Яке аз бахшҳои фаъолияти тиҷоратии телевизиони мазкур низ реклама ба шумор меравад.

Чӣ тавре мушоҳида мешавад, аксари ин рекламаҳо ба тарғиби ҳар гуна дору, нӯшокӣ, таҷҳизот, хизматрасонии тиббӣ ва фароғатӣ  равона гардидааст ва мақсад аз он ба даст овардани маблағ мебошад.

Мо ин ҷо на ҷониби фармоишгарон ва на иҷрокунанда — телевизионро мавриди танқид қарор доданӣ нестем. Ҳар як ширкат, ташкилоту муассиса, хоҳ давлатӣ бошад, хоҳ хусусӣ ва ё соҳибкори инфиродӣ кӯшиш менамояд, ки дар бозор мавқеъ дошта, тиҷораташ дар ривоҷ бошад. Телевизион ҳам дар ин қатор аст. Он нуктаро бояд иброз намоем, ки фаъолияти тарафҳои зикршуда  бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба реклама қабулнамудаи Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.

Мақсад аз ин навиштаҳо чизи дигар аст. Дар ҷаҳони ноороми имрӯза гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ифротгаро таҳти сарпарастии хоҷагони худ – бархе аз давлатҳои абарқудрат амалҳои ҷинояткоронаашонро дар ҳар гӯшаи олам ривоҷ дода, ба қатлу куштор, террор, одамрабоӣ, барангехтани низоъҳои миллӣ, динӣ ва мазҳабӣ машғуланд. Бар асари амалҳои даҳшатноки Давлати исломӣ ҳазорон нафар кушта, даҳҳо ҳазор гуреза, шаҳрҳои обод харобу валангор ва ёдгориҳои фарҳангӣ пурра несту нобуд гашта истодаанд. Нодида гирифтани чунин ҳолат, фориғболӣ ва бетарафӣ  метавонад ҳар як кишвари орому осударо ҳам ба нооромӣ ва зулмот кашад.

Сари вақт истифода бурдан аз ҳама восита ва роҳҳои имконпазири пешгирикунандаи ҳолатҳои даҳшатзо, албатта, пешгирӣ кардани ҳолатҳои эҳтимолии рух додани чунин амалҳоро кам карда, ҳатто батамом аз байн бурда метавонад.

Реклама ва равона кардани имконоти васеъ ва беҳудуди он  ҷиҳати тағйири фаҳмиши инсон дар шароити кунунӣ ҳамчун як воситаи мислаш беназир метавонад барои нигоҳдории фазои сулҳу ваҳдат, рушд  ва амнияти кишвар хизмат намояд. Аз тариқи рекламаи мазмунан дуруст таҳиягардида дар диду нигоҳ ва фикри ҷомеа метавон нисбат ба падидаҳои номатлуб, аз  қабили ифротгароӣ, таассуби динӣ, майпарастию нашъамандӣ, фасод, фоҳишагӣ, дуздӣ, пайравӣ ба тарзи либоспӯшии бегона ва дигар рафторҳои ношоям, ки мутаассифона, бархе аз шахсон, хусусан ҷавонон, донистаю надониста пайравӣ мекунанд, нафрат ва бадбинӣ бедор намуд. Ҳамзамон бо истифода аз рекламаҳои  дорои ғояи тарғибкунандаи ахлоқи ҳамида метавон ҷомеаро ба роҳи дуруст ҳидоят кард. Магар иқтидори зеҳнии аҳли зиёи кишвар ва мутахассисони соҳа барои таҳия ва пешниҳоди рекламаҳои дар ниҳоди кӯдакону наврасон ва ҷавонон бедоркунандаи эҳсоси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, расидан ба қадри сулҳу ваҳдат, ҳурмати волидон, мавқеи дониш дар ҳаёти инсон, ҷалби онҳо ба китобхонӣ, интихоби тарзи ҳаёти солим ва боз дигар амалҳои инсонгароёна намерасад? Итминони комил дорам, ки мерасад. Фақат ошкор бояд иброз намуд, ки чунин равиш ва чунин фаҳмиш дар истифодаи реклама ҳанӯз роиҷ нашудааст ва агар бошад ҳам, ҷо-ҷо ба назар мерасад ва таъсири назаррас  надорад. Яъне, аксаран бо пахш ё паҳн намудани реклама ба аҳамияти молиявии он таваҷҷуҳ дода, қариб, ки  аҳамияти маънавӣ ё тарбиявии онро ба назар намегирем.

Рекламаро ба қатраи оби аз лаби бом чакандае, ки ҳангоми вақти зиёд ба як нуқта чакидан, агар болои санги хоро ҳам бошад, онро сӯрох мекунад, метавон ташбеҳ дод.  Ҳақиқат он аст, ки реклама ба шуур, фаҳмиш ва ба ин васила ба рафтору амали кӯдакону наврасон ва ҷавонон таъсири ҷиддӣ расонида метавонад.  Дар ин давраи синнусолӣ қобилияти зеҳнии қабули маълумот ва дар хотир нигоҳ доштани он ба мисли нақш дар санг аст. Агар ба ҳаёти ҳаррӯзаи худ назар андозем, баръало инро метавонем ҳис намоем.  Аксари кӯдакон бисёре аз рекламаҳоро аз ёд мегӯянд. Ба дорухона даромадан замон ба хотири мо доруҳои дар рекламаҳои телевизионӣ дидаамон пеши рӯ меояд ва беихтиёр он доруро талаб мекунем.

Мусаллам аст, ки паҳнкунандагони рекламаҳои аз ҷиҳати молиявӣ манфиатовар аз ҷумлаи ширкатҳои дар тиҷорат муваффақ мебошанд. Ин аст, ки фазои иттилоотиро доир ба ин масъала ба манфиати хеш  истифода бурда, фоида ба даст оварда истодаанд. Сабаби кам ба назар расидани рекламаҳои моҳияти маънавидоштаро дар он мебинем, ки ниҳодҳои давлатии масъули ин ё он соҳаи фаъолият ба масъалаи аҳамияти реклама барои аз байн бурдани мушкилоти маънавии дар ҷомеа ҷойдошта камтаваҷҷуҳӣ намуда, аз сарфи маблағҳо дар ин бора худдорӣ менамоянд ё ин ки барои иҷрои ин мақсад маблағ дарёфт карда наметавонанд.

Барои рекламае, ки метавонад мардумро ба сӯйи олами дониш, ҷаҳонбинии илмӣ, ахлоқи ҳамида, созандагию ободкорӣ, ифтихори ватандорӣ, эхтиром ба арзишҳои миллӣ, падару модар, арҷ гузоштан ба таърих, фарҳанг, забони тоҷикӣ, мероси гузаштагон, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати саросарии кишвар ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бубарад ва ҳамзамон нисбат ба амалҳои зишт — ифротгароию терроризм, дуздию фасод, танфурӯшӣ, нашъамандию майпарастӣ, пайравӣ аз бегонагон, хоинию ватанфурӯшӣ ва бесаводӣ нафрат бедор намояд, иттиҳодияҳои эҷодӣ – дизайнерҳо, рассомон, нависандагону шоирон, сенаристон, барномасозон ва масъулини ниҳодҳои ҳукуматӣ–сохторҳои қудратӣ, маориф, ҷавонон, занон, ҳифзи иҷтимоӣ,  телевизион, радио, нашрияҳо ва ҳамчунин сарватмандони бонангу номус, тоҷирону соҳибкорон имрӯз дониш, истеъдод, маҳорат,  кордонӣ, касбият ва маблағҳоро набояд дареғ доранд.  Фардо дер хоҳад шуд.

Муллоҷон Аҳмадов, директори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт