Нафақахӯрӣ корношоямӣ нест!

№103 (4365) 13.08.2021

Давлатзода210Мусоҳиба бо директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода

- То ҷое иттилоъ ёфтем, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид кардани тағйиру илова ба якчанд қонуни амалкунандаи соҳа таклифу пешниҳод кардааст. Хоҳишмандам муҳтаво ва зарурати онҳоро шарҳ медодед.

- Ба ислоҳоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки аз такмили қонунгузории соҳа маншаъ мегирад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Маълум аст, ки соҳа рукни асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва бояд ҳамқадами замон бошад. Марҳила ба марҳила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, ки мунтазам аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, моро вазифадор месозад, ки барои иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастурҳо, такмили низом, беҳбуд бахшидани шароиту имконоти моддии шаҳрвандон ва дастгирии аҳолӣ, хусусан, қишри ниёзманд, тадбир андешем.

Қадами аввалин дар ин самт, ворид намудани тағйироти дахлдор ба «Тартиб ва андозаи хароҷоти маб­лағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо» буд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январи соли 2017 тасдиқ гардид. Он дар заминаи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мат­раҳ гардид, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 дода буданд. Дар ин раванд, меъёри маблағи солимгардонии меҳнаткашон ва аъзои оилаи онҳо ба 1,5 фоизи маблағи ҳисобишудаи андози иҷтимоӣ муқаррар шуда, доираи ҳуқуқу имкониятҳои маъмурият ва кумитаҳои иттифоқи касабаи корхонаву муассисаҳо васеътар гардид.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» омода гардида, тибқи тартиби муқарраргардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор 30 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул дониста шуда, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.

- Оё зарурат ба миён наомадааст, ки синну соли нафақа дар мамлакат бознигарӣ шавад?

- Нафақаи шаҳрванд дар мавриди фаъолият ва пардохт намудани андозҳои иҷтимоӣ, ки саҳмгузории ӯ ва корфармо барои вай мебошад, дар доираи ҳамин саҳмгузорӣ таъин мешавад. Дар мавриди имконияти фаъолият надоштан ва саҳмгузорӣ накардани шаҳрванд барои таъминоти иҷтимоии минбаъда, танҳо барои он ки ӯ шаҳрванди Тоҷикис­тон аст, барояш нафақаи иҷтимоӣ дода мешавад. Яъне, омили асосӣ барои таъини нафақа, ба истиснои нафақаи иҷтимоӣ, собиқаи суғуртавии шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Нисбат ба тағйири синну соли баромадан ба нафақа бошад, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соли 2020 бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодоти нафақагирон чунин иқдом гирифта буд, ки мутаассифона, аз ҷониби баъзе аз вазорату идораҳо дастгирӣ наёфт. Вобаста ба он ки ҳоло шароити зисти шаҳрвандон нисбатан беҳтар гардида, заминаи асосии дарозумрии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, масъала дар солҳои наздиктарин бори дигар таҷдиди назар хоҳад шуд.

- Айни ҳол занон аз 58 ва мардон аз 63 — солагӣ ба нафақа мебароянд. Дар ин синну сол аксарият қобилияти хуби корӣ доранд. Оё ин ҳолат ба одам таъсири рӯҳию равонӣ намерасонад?

- Нафақахӯрӣ корношоямӣ нест. Мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ омодаи коранд ва фазои орому осоиштаи кишвар қобилияти кории ҳар як ҳамватанро тақвият мебахшад. Сатҳи маъюбӣ бошад, дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 2,1 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳад, ки ин нишондод аз рӯи маълумоти оморӣ аз кишварҳои дигар хеле кам мебошад. Иқдом барои баланд бардоштани синни баромадан ба нафақа низ аз ҳамин маълумоту далелҳо замина мегирад.

- Қаблан бо якчанд ниҳоди ИДМ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо шудаанд. Онҳо кадом самтҳоро дар бар мегиранд?

- Шартномаҳое, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия намуда, ба кишварҳои будубоши шаҳрвандон пешниҳод менамояд, танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Дар ин раванд, моҳи июни соли ҷорӣ, зимни ташрифи президентҳои кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, созишномаҳои ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ин ду кишвар ба имзо расид. Моҳи марти соли ҷорӣ дар натиҷаи баргузории мусоҳиба дар шакли видеоконфронс бо намояндагони Федератсияи Россия, омилҳои баҳсноки лоиҳаи созишнома бо ин кишвар бартараф карда шуда, бо риояи муқаррароту расмиёти зарурӣ барои баррасӣ ба ҳукуматҳои ҳар ду ҷониб пешниҳод гардид. Итминон дорем, дар вохӯрии сарони ҳар ду кишвар имзо мешавад.

- Бисёриҳо бар он назаранд, ки нафақаи онҳо ниҳоят кам аст? Сабаб чист?

- Мо гуфта наметавонем, ки нафақа дар сатҳи зарурӣ қарор дорад, лекин нафақаи ҳар як шахс, тавре дар ибтидо қайд намудем, аз саҳмгузории ӯ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вобастагӣ дорад. Низоми ҳозираи таъминоти нафақа аз шаҳрванд талаб мекунад, ки дар ташаккули сармояи нафақавӣ ва ба даст овардани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ фаъол бошад. Бояд коргар аз корфармо пурра нишон додани музди меҳнат ва сари вақт пардохт намудани андозҳои иҷтимоиро талаб намояд.

Мисоли дигари равшан шаҳрвандоне шуда метавонанд, ки ба соҳибкорӣ машғуланд. Новобаста аз он ки меъёри андози иҷтимоие, ки соҳибкорон пардохт мекунанд, хеле паст буда, дар мавриди расидани онҳо ба синни нафақа ба андозаи нафақаи ҳадди ақал баробар буда наметавонад, на ҳамаи онҳо андози иҷтимоиро месупоранд ва ба мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисобот пешниҳод менамоянд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо, ба аксари онҳо ё нафақаи иҷтимоӣ ва ё бо андозаи хеле паст нафақа таъин мешавад.

Шукр мекунем, ки душвориҳои баъд аз ба даст омадани истиқлолият дар соҳаи таъмини нафақа бамиёномада, аз ҷумла, то ду сол вуҷуд доштани қарзи нафақаро дар баъзе аз манотиқи кишвар бартараф намуда, кӯшиш мекунем онро марҳила ба марҳила баланд бардорем. Агар тӯли панҷ — шаш соли қаблӣ имкониятҳои молиявии мо барои баланд бардоштани нафақаи шаҳрвандон маҳдуд буду афзоиши нафақа ба назар намерасид, пас тайи ду соли охир бо супориши Пешвои миллат тавонистем нафақаи қишри нисбатан осебпазири ҷомеа, маъюбонро баланд бардорем ва нафақаҳои суғуртавиро индексатсия намоем.

- Ҳоло дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо бозори мардикорон мавҷуд аст. Корро баъзан пайдо мекунанд, аммо фаъолияти онҳо оянда, зимни ба нафақа баромадан, ба назар гирифта мешавад? Агар не, пас чӣ бояд кард?

- Яке аз самтҳои хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро маб­лағгузории чорабиниҳо вобаста ба барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ташкил медиҳад, ки тавассути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Танҳо соли 2020 барои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ, идрорпулии шаҳрвандони бекор, ки ба тайёрии касбӣ сафарбар мешаванд, ­бозомӯзии бекорон ва ташкили корҳои ҷамъиятии музднок барои бекорон аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ 15,3 млн. сомонӣ сарф шуд.

Мардикороне, ки аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ба кор ҷалб мешаванд, бояд мувофиқи қонунгузории амалкунанда, барои ба даст овардани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ бо корфармо шартнома ё қарордоди меҳнатӣ банданд ва дар баробари гирифтани ҳаққи хизмат, пардохти андози иҷтимоиро талаб намоянд. Танҳо дар ҳамин маврид зимни таъини нафақа фаъолияти меҳнатии онҳо ба назар гирифта мешавад.

- Дар баъзе аз кишварҳои Аврупо ва Осиё нафақа якбора бозҳисобӣ мешавад. Оё ин таҷриба қобили дастгирӣ ҳаст?

- Чунин таҷриба дар кишвари мо ҳам ҳаст. Маблағи андӯхти нафақавӣ, ки ҳамчун андози иҷтимоии инфиродӣ бо меъёри як фоиз аз музди меҳнати шаҳрвандон гирифта мешавад, дар мавриди расидани шаҳрванд ба синни нафақа, дар ҳолате ки аз даҳ музди меҳнати ҳадди ақал кам бошад, якбора ба шаҳрванд дода мешавад. Дар ҳолати аз ин андоза зиёд будан, маб­лағҳои андӯхташуда ҳамчун илова ба нафақа ҳармоҳа ба шаҳрванд пардохт мешавад. Фарқияти кишвари мо аз кишварҳои Аврупо ва Осиё дар ин самт дар он зоҳир мешавад, ки меъёри андози иҷтимоии инфиродӣ дар онҳо мутаносибан зиёд аст. Масалан, ин меъёр дар Федератсияи Россия 6 фоиз, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 8 фоизро ташкил медиҳад. Масъалаи зиёд намудани ин меъёр дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор дорад.

- Хоҳишмандам, тартиби ба нафақа баромаданро каме шарҳ диҳед, зеро бархе аз хонандагони рӯзнома дар ин бобат мунтазам пурсон мешаванд?

- Дар мавриде ки шаҳрванд барои баромадан ба нафақа ҳуқуқ пайдо менамояд, дар асоси Қоидаҳои ташкили кор оид ба таъин, индексатсия, бозҳисобӣ ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ бояд ба мақомоти маҳаллии муассисаи суғурта дар шакли хаттӣ ё электронӣ муроҷиат намояд. Мувофиқи банди 2.5.1 — и қоидаҳои мазкур, муроҷиат барои таъини нафақа пас аз пайдо намудани ҳуқуқ ба нафақа, вале на пештар аз як моҳ то расидан ба синни нафақа метавонад амалӣ шавад. Дар мавриди муроҷиат, шаҳрванд ба аризаи аз рӯи шакли муқарраргардида пешниҳоднамуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, синну сол, шаҳрвандӣ, собиқаи кор, шаҳодатнома дар бораи қайд дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақа дар нусхаи асл ва ё нусхаҳои ба воситаи идораи нотариалӣ тасдиқшударо бояд пешниҳод намояд.

Муҳлати таъини нафақа дар мавриди пурра ва мукаммал будани ҳуҷҷатҳо 30 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад. Дар мавриди нопурра пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо, ки дар таҷрибаи корӣ аксаран ба назар расида, боис ба таъхири таъини нафақа мегардад, 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзае шуморида мешавад, ки ҳуҷҷатҳо пас аз такмил дубора пешниҳод мегарданд.

Қобили қайд аст, ки бо мақсади сода гардонидани низоми муроҷиат барои таъини нафақа, аз соли 1999 низоми баҳисобгирии инфиродӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҷорӣ шудааст, ки маълумоти шахси суғурташударо дар манбаи маълумот ба таври электронӣ маҳфуз медорад. Низоми мазкур дар мавриди пурра дар манбаи маълумот ворид намудани маълумоти ҳар як шаҳрванд, раванди таъину пардохти нафақа ва муҳлати онро сода ва кӯтоҳ месозад.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»