Насби ноқилҳои бехатар

№113 (3414) 24.08.2015

ҶСК «Помир Энерҷи» дар ВМКБ солҳои охир баҳри беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ кӯшишҳои зиёди соҳавиро ба харҷ медиҳад.

Соли равон дар баробари насби ҳисобкунакҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон аз ҷониби ширкат боз як қатор корҳои дигари соҳаи энергетикӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки як қисми онҳо аллакай иҷро гардиданд. Дар маркази ноҳияи Рӯшон сими муқаррарии интиқоли барқ ба ноқили мунҳасири мухтор (СИП) иваз карда мешавад. Оид ба ҷараёни корҳои энергетикӣ дар ноҳия бо роҳбари КЭМ-и ноҳия Алибердӣ Элназаров ҳамсуҳбат гаштем, ки мавсуф, аз ҷумла, чунин изҳор дошт:

- Ноқили мунҳасири мухтор (СИП) аввалин маротиба дар шаҳри Хоруғ ҳамчун таҷриба рӯи кор омад.  Баъдан, мувофиқи нақшаи барнома барои марказҳои ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим ва Роштқалъа тарҳрезӣ гашт.

Мақсад аз иваз намудани сим, пеш аз ҳама, кам кардани талафоти барқ, бехатарии ноқилҳо ва ба меъёр мувофиқ кардани намуди зоҳирии ноҳия мебошад. Масъалаҳои норавшану баҳсноке, ки барои талафоти барқ имрӯз дар байни аҳолӣ ва муассисаҳои давлатию ғайриҳукуматӣ вуҷуд доранд, хеле зиёданд.

Бо мақсади хушсифату бенуқсон пайваст кардани сими мазкур дар ноҳия гурӯҳи кории ҶСК «Помир Энерҷи» сафарбар гардидааст. Гурӯҳи номбурда аз нуҳ нафар иборат буда, баҳри самараноку хушсифат анҷом додани кор дар муддати муайян талош меварзанд. Айни замон кашидан ва васлкунии ноқилҳо босуръат идома дорад. Аллакай 79 сутуне, ки симҳои барқиро ба ҳам мепавандад, аз нав насб гардидаанд. Инчунин мувофиқи нақша ба ноҳия бояд кабели пастшиддат ворид гардад ва ҳисобкунакҳои барқие, ки дар ҳавлӣ ва ҷойҳои дигари аҳолинишин насб карда шудаанд, қад — қади роҳ ба як шакли муайян дароварда мешаванд. Дар нақша аст, ки то охири моҳи октябри соли равон кор дар ин самт ба охир мерасад.

Баъди пурраю хушсифат анҷом пазируфтани пайвастшавии кабели нав мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар рӯзҳои сарду шамолҳои тунд хомӯшшавии қувваи барқ, кандашавии ноқилҳои барқӣ ва дигар мушкилоти соҳа дар маркази ноҳия аз байн меравад.

Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»