Наврӯз нишонаи ҳамгироии инсону табиат аст

№43 (3523) 31.03.2016

25295315974_ec4e41b621_oНаврӯз мавсими зудудани ғубори дилҳо, бастани умед ба пирӯзию комёбӣ, шодию  сурур, мавсими  дилбозӣ бо табиат ва бо ҳамдигар, мавсимест, ки инқилобро мемонад, на фақат иқболу навшавии табиат, балки тозагии рӯҳу равон, парвози андешаҳо, хаёлоти ширини зиндагӣ, дил додану дил рабурдан, қаламкашии рӯзгору айёми зиндагист. Наврӯз рӯзи эҳсоси тавоноӣ ва хушбахтист.

Наврӯз пайванди инсон бо табиат аст, зеро маҳз дар ҳамин айём табиат аз сахтиҳо нисбат ба инсон дар канор мешавад ва оғӯши худро дар қиболи ӯ боз мекунад. Дар тӯли сол инсон бо табиат дар набард аст, муқовимати онро шикастан мехоҳад ва дар пайи он аст, ки худро аз сармою гармо ва хушкию сахтӣ, аз селу оташсӯзиҳои он нигоҳ дорад ва ризқу рӯзиашро дарёбад. Вале дар Наврӯз гӯё табиати  саркаш сар ба инсон фуруд меорад, ба ӯ муҳаббату шафқатро раво мебинад. Инсон низ аз шафқати табиат ба ваҷд омада, ёду хотираи худро аз кудуратҳо зудуда, ба истиқболи табиат мебарояд. Ҳатто аз камингоҳи худ, ки барои ҳифз аз  гармову сармо сохта буд, берун мешавад. Наврӯз нишонаи ҳамгироии  инсону табиат аст, табиат инсонро дар бағали гарми худ ҷой медиҳад, ба ӯ тавону рӯҳи тоза мебахшад. Кас бовар мекунад, ки қуввату дармонаш то Наврӯзи дигар мерасад, бо орзуи он ки ӯро Наврӯзи дигар дар пеш аст, зинда мемонад ва ҳамин тавр тамоми умр ба поён нарасад.

Орзу мекунем, ки Худованди замину осмон шафқати табиатро нисбат ба инсон дар ҳама фасли сол чун мавсими Наврӯз арзонӣ дорад.

 Файззода Раҳматулло Нусратулло