НБО «Роғун». Фурсати фатҳи қуллаи мурод наздик аст

№134 (3928) 08.11.2018

33726583624_ff54fccb49_oБо тақозои касб борҳо ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтаам. Аммо сафар дар ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ, ки бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи дуюми моҳи марти соли равон сурат гирифт, то дергоҳ аз лавҳи хотир зудуда нахоҳад шуд, зеро омӯзандаю ҷолиб буд. Гузашта аз ин, дар ҳайат роҳбарони як қатор вазорату кумита, аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоирону нависандагон, рассомон, ходимони театру кино, рӯзноманигорон ва ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон шомил буданд ва таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаб­бор Раҳмонзода имкон даст дод бо сохтмончиёну муҳандисон, кормандони техникӣ ва нақбканони НБО-и «Роғун» ошноӣ пайдо намуда, аз суҳбат бо онҳо таассуроти нек бардорем. Ба ҷараёни бунёди сарбанд, толори мошинҳо, озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ, ҳолати нақбҳо, иншооти техникӣ-муҳандисӣ ва ҷойи хобу хӯрокхӯрии кормандони неругоҳ аз наздик шинос шавем.

Он рӯз, бо вуҷуди он ки ҳаво каме сарду боронӣ буд, ҳама табъи болида доштанд. Инро, албатта, ҳар кас ҳар гуна шарҳ медод, аммо бисёриҳо изҳор доштанд, ки бори аввал ба иншооти муҳими аср сафар мекунанд ва ин барояшон мояи ифтихору сарбаландист.

Субҳи барвақт аз назди бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо автобусҳои наву замонавӣ ба роҳ баромадем. Ғарқи дарёи андеша, суҳбатҳои гарму самимӣ ва тамошои манзараҳои дилфиреби атроф, ки аз файзи қудуми баҳори нозанин боз ҳам зеботар менамуданд, чӣ тавр ба шаҳри Роғун расиданро нафаҳмидем. Дар нимаи рӯз шаҳри нурофарон моро бо ҳавои каме боронӣ пешвоз гирифт. Аз истиқболи гарму самимии масъулон хастагии роҳ низ зуд рафъ шуд. Мо ба се гурӯҳ тақсим шуда, дар тафреҳгоҳҳо бо бунёдгарони неругоҳ, ки баъди тановули хӯроки нисфирӯзӣ гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омаданд, вохӯрдем. Адибон дар мавзӯъҳои ифтихор аз ватану ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва ғайра шеърҳо қироат ва ҳунармандон бо суруду таронаҳои дилошӯб табъи ҳозиринро болида намуданд. Инро аз чеҳраи ҳар яке ба осонӣ пай бурдан душвор набуд. Ҳатто бархе аз коргарон ба рақс даромада, то ибтидои ­басти дуюми корӣ хушу хурсандона истироҳат карданд.

Ману ҳамкасбонам Қурбоналӣ Раҳмонзода ва Маҳбуба Камолова лаҳзаҳои таърихию хотирмонро аксбардорӣ намуда, маълумоти заруриро дар дафтари хотира ёддошт кардем ва бо ёрии кормандони ҷавони мудирияти неругоҳ шумораҳои махсуси рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва «Народная газета»-ро, ки дар онҳо аз ҳаёти коргарони НБО-и «Роғун» мақолаҳо ба табъ расида буданд, ба ҳозирин тақсим намудем. Бахтиёр Ҳамдамов (сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ»)-у Бахтовар Каримов («Ҷавонони Тоҷикистон») ва Ёқубҷон Абдуманнонзода («Халқ овози») низ ҳамин корро дар дигар гурӯҳҳо ба анҷом расонданд.

Яке аз лаҳзаҳои ҷолибу хотирмон барои ман он буд, ки либоси корӣ ба бар карда, ба қитъаҳои корӣ рафтем. Роҳбаладон моро ба рафти корҳо аз наздик шинос намуданд. Дар ҳама самт кор бо сифати хубу реҷаи муайяншуда ҷараён дошт. Азму талоши сохтмончиёнро дида, қалбҳо аз фараҳ лабрез гаштанд.

Воқеан, НБО-и «Роғун» майдони диловариро мемонад. Дар он беш аз 19 ҳазор мутахассис, ки намояндагони халқу миллатҳои гуногун мебошанд, паҳлуи ҳам кору фаъолият доранд. Онҳоро як ҳадаф — дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани неругоҳ муттаҳид кардааст.

33759130603_fc21b53c1c_oДар бунёди иншоот зиёда аз 2100 техника ва мошину механизмҳо истифода гардида, аввалин маротиба мошинҳои пуриқтидори тамғаи «БелАЗ» (иқтидори борбардориаш 75 тонна), булдозерҳои амрикоии тамғаи «Дрессер», японии «Каматсу» ва техникаҳои дигари навтарин кор мекунанд. Сохтмончиён чанд нақби сохтмонию обпарто, пулҳои мошингузар, роҳҳои нақлиётии мавзеи дарғотро ба истифода додаанд.

Ширкати итолиёии «Салини Импреҷило», ки дар соҳаи сохтмони иншооти гидротехникӣ дар арсаи байналмилалӣ яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба ба шумор меравад, масъули сохтмони сарбанди неругоҳ аст.

Корҳои омодасозӣ, бетонрезӣ ва мус­таҳкамкунии иншоот, махсусан инфрасохтори зарурии хизматрасон барои агрегатҳо ва дигар таҷҳизоти танзимкунанда дар толори мошинҳои неругоҳ, бо сифати баланд иҷро гардидаанд. Тамоми кор дар неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ анҷом дода мешавад. Назорати сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ба зиммаи ширкати бонуфузи «Трактебел инҷиниринг» — и Фаронса, ки дар самти корҳои машваратӣ ва муҳандисӣ таҷрибаи зиёд дорад, вогузор шудааст.

Ҳамроҳи роҳбалад Мӯсо Зиёев — сардори коргоҳи барқии Мудирияти истифодабарии НБО-и «Роғун», ки ӯро ба мо сардори шуъбаи технологияи компютерӣ Сафарбек Валиев шинос кард, ба Маҷмааи таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазии 500 ва 220 — киловолта рафтем. Сохтмони бинои он якуним сол қабл шурӯъ шуда, аз таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ иборат мебошад, ки барои қабулу тақсим намудани неруи барқи дар неругоҳ истеҳсолшуда хизмат мекунанд. Неруи барқ аз бинои трансформаторҳо то маҷмаа ба масофаи 1200 метр тавассути кабелҳои баландшиддат интиқол дода мешавад. Аз он ҷо неруи барқ тавассути 6 хати барқ бо шиддати 500 киловолт ба зеристгоҳҳои гуногуни кишвар интиқол меёбад.

- Барои васлу насби Маҷмааи таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ (гази электротехникӣ, гексафтори сулфур) таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Федеролии Олмон ворид карда шудааст. Онҳо истеҳсоли ширкати машҳури «Сименс» буда, сифати баланд доранд. Бартарии дигари онҳо дар он аст, ки ҷойи зиёдро ишғол намекунанд. Масалан, дар маҷмааи таҷҳизоти тақсимоти барқи давраи шӯравӣ масофаи байни ячейкаҳо на камтар аз 4,5 метр буд. Дар таҷҳизоти нави истеҳсоли ширкати «Сименс» масофа 7 сантиметрро ташкил медиҳад. Агар Маҷмааи таҷҳизоти тақсимкунандаи 220 — киловолта дар НБО-и «Норак» қариб 4 гектарро ташкил диҳад, дар НБО-и «Роғун» дар бинои дарозиаш 112 метр ва бараш 16,5 метр ҷой гирифтааст, — гуфт Мӯсо Зиёев.

Кор дар маҷмаа аввали моҳи феврал бо иштироки ғолибони озмуни тендери васлу насби таҷҳизот — ширкати ватании «Тоҷикгид­роэлектромонтаж» ва покистонии «Нитрокол» оғоз шуда, тибқи нақша бояд ба итмом расад. Намояндагони ширкати «Сименс» низ дар корҳои васлу насби таҷҳизот ширкат меварзанд. Кафолати кории таҷҳизоти воридшуда 50 сол аст.

Кор дар ду баст ба роҳ монда шудааст. Дар басти якум 44 нафар ва дар басти дуюм 40 нафар кор мекунанд. Барои кормандон шароити хуби истироҳат, хӯроки гарм, сарулибоси корӣ фароҳам аст. Дар қатори тоҷику ӯзбеку рус, инчунин қазоқу украин, олмонӣ ва покистониҳо бо ҳисси баланди масъулият баҳри дар муҳлати муайяншуда хушсифат анҷом додани корҳо заҳмат мекашанд. Аксари мутахассисони ватанӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак» иштирок карда, таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд. Умуман, аз лиҳози мутахассисон дар ин қитъаи сохтмонӣ норасоӣ ба назар намерасад. Рӯҳияи кормандон баланд буда, ҳар кадом корро хуб медонад.

43600733932_8b6827f1fc_o- Ҳарчанд дар навбати аввал ду агрегати НБО-и «Роғун» ба истифода дода шавад ҳам, Маҷмааи таҷҳизоти тақсимкунандаи элегазӣ барои 6 агрегат тайёр карда хоҳад шуд, — гуфт Мӯсо Зиё­ев. — Зеро мумкин аст, ки бо пеш рафтани технология баъди чанд сол корхонаи «Сименс» истеҳсоли таҷҳизоти навро ба роҳ монда, истеҳсоли таҷҳизоти кунуниро қатъ намояд. Аз ин рӯ, якбора барои фаъолияти шаш агрегат таҷҳизоти зарурии тақсимкунандаи элегазӣ харида шудааст.

Ба таҷҳизоти навтарин ва дилгармии мутахассисони маҷмаа нигариста, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш баён намуда буданд, ёдам омаданд:

«Қобили зикр аст, ки лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба «иқтисоди сабз», ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад. Бо дарназардошти ин, мо тасмим гирифтем, ки ин иншооти ҳаётан муҳимро бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ бунёд намоем».

Воқеан, барқе, ки дар НБО-и «Роғун» истеҳсол мешавад, арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза хоҳад буд. Мувофиқи лоиҳа, ғунҷоиши обанбори неругоҳ 13,3 километри мукааб обро ташкил дода, бунёди он воридшавии лою такшинҳоро ба обанбори НБО-и «Норак» қатъ ва муҳлати истифодабарии «Норак»-ро зиёдтар мекунад.

Зимни бозгашт раҳораҳ бо худ меандешидам, ки Тоҷикистони офтобрӯя захираи фаровони нефту газ надошта бошад ҳам, оби фаровон дорад, ки арзиши он сол ба сол боло меравад. Аз рӯи ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоён ва аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи якумро ишғол мекунад. Шумораи пиряхҳо дар мамлакат зиёда аз 13 ҳазор буда, масоҳати умумии онҳо 11000 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавҷудияти захираҳои бузурги энергияи обӣ барои дар мамлакат бамаротиб зиёд намудани истеҳсоли қувваи барқ имкони воқеӣ фароҳам меорад.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25000 дарёи хурду калон ва сой мавҷуданд, ки дарозиашон ба 90 000 километр мерасад. Яке аз дарёҳои барои рушди гидроэнергетика мувофиқ Вахш аст, ки дар натиҷаи баҳамрезии дарёҳои тезоби Сурхобу Хингоб ташкил ёфтааст ва дарозиаш 525 километр аст. Соли 1958 дар он агрегати аввалини нахустин неругоҳи барқи обӣ бо номи «Шаршара» (иқтидораш 29,4 мВт) ба кор даромад. Соли 1962 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» (иқтидораш 210 мВт) ба фаъолият оғоз кард. Баъди ду сол сеюмин неругоҳи барқи обии дарёи Вахш бо номи «Марказӣ» (иқтидораш 114 мВт) ба истеҳсоли барқ шурӯъ намуд.

Неругоҳи барқи обии «Норак» чорумин неругоҳи дарёи Вахш ба шумор рафта, сохтмони он аз соли 1962 то соли 1979 идома ёфтааст. Иқтидори лоиҳавии нуҳ агрегати НБО-и «Норак» 2700 мегаваттро ташкил медод. Дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори он аз 3000 мегаватт бештар шуд.

Дар дарёи Вахш, ҳамчунин, неругоҳҳои «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1 ва «Сангтӯда- 2» сохта шуда, иқтидори энергетикии кишварро афзун намуданд. Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки 98 фоизи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда маҳсули неругоҳҳои обианд.

Ҳарчанд дар ҷумҳурӣ ба ғайр аз силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш, инчунин, дар дарёҳои Варзобу Сир, Ғунд ва ғайра неругоҳҳои хурду миёна ва калон мавҷуд бошад ҳам, афзоиши аҳолӣ ва рушди саноат дар мамлакат талаботро ба неруи барқ сол ба сол зиёд мекунад. Аз ин рӯ, бе сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст.

Сарбанди НБО-и «Роғун», ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) ба ҳисоб меравад. «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Бунёди НБО-и «Роғун» имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба калонтарин бозори неруи барқи Осиёи Марказӣ мубаддал гардида, содироти неруи барқи арзону тозаро ба ҳамсоякишварҳо ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монад.

Азму талоши бинокорони неругоҳро дида, кас боварӣ ҳосил мекунад, ки онҳо ба мақсади дар пешгузошта, яъне 16-уми ноябри соли равон — дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани агрегати якуми НБО-и «Роғун», ҳатман хоҳанд расид. Ба ибораи дигар, фурсати фатҳи қуллаи мурод наздик аст ва мардуми кишвар он рӯзро бесаброна интизоранд.

Самариддин АСОЗОДА, «Садои мардум»