Нигаҳбони яке аз қисматҳои роҳи бузурги абрешим

№117 (3911) 27.09.2018

Назаре ба таърихи таъсисёбӣ ва роҳи паймудаи кормандони филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накӯкорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин, роҳсозиву роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад».

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН

РАМЗИ 10-СОЛАГӢҲарчанд 10 сол дар назди таърих марҳилаи чандон тӯлонӣ нест, вале роҳи паймуда ва дастовардҳои ноилгашта арзандаи онанд, ки ба онҳо назар намоем. Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад зарур буд. Ҳанӯз дар ҳамон вақт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки: «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳа, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.

IMG_8491 (1)Роҳбари давлат бо қатъият иброз дошта буданд, ки: «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад». Дар ин замина моҳи июли соли 2016 азнавсозии яке аз шоҳроҳҳои муҳими мамлакат, ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок он бо роҳи байналмилалии Қароқурум — Кулма — Хоруғ — Кӯлоб — Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд.

IMG-35c4dd53e93f3df5ed75e13024ec749d-VМуҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани он на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.

Аз лиҳози моҳият роҳи зикршуда дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда, кишварҳои ҳамсоя, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад. Ин буд, ки таҷдиди он ду солро дар бар гирифта, моҳи августи соли 2008-ум ба истифода дода шуд.

Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чанок мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба тасвиб расонид.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

Ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд, ин нишондиҳанда бамаротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали ширкат ба 180 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» зимни фаъолият технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад. Далели возеҳи ин гуфта ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои то он вақт амалкунанда маҳсуб мешавад. Дар баробари ин омилҳо муҳим он аст, ки филиали ширкат ба мактаби омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи роҳнигоҳдорӣ табдил ёфта, роҳбарияти он тасмим доранд дар оянда ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.

Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори он зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, қабл аз ҳама саноати кӯҳӣ, яъне истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, инчунин истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъект­ҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад. Ҳамчунин, бо афзун гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳ иншооти хизматрасонӣ низ зиёд шуда, аҳолии деҳоте, ки ба роҳҳо наздиканд, ба худ ҷойи кор пайдо карданд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки алъон нигоҳдориаш ба зиммаи филиали ширкат вогузор аст, роҳи мошингарди Душанбе -Айнӣ-Истаравшан -Хуҷанд -Бӯстон -Чанок ба шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ табдил ёфта, ҳаракати мошинҳои сабукраву боркаш дар ҳама фасли сол ба самти пойтахт ва вилояти Суғд таъмин гардид.

Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки солҳои охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамчунин, пешниҳод шуд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад. Ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии қариб 100 километр роҳ, ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард. Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар роҳ бо харҷи маблағи зиёд низоми нав­созишудаи толлингӣ ҷорӣ шуд, ки дар минтақа беназир аст. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Инчунин, бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.

Иқтисодшиноси бузурги ҷаҳонӣ Адам Смит гуфта буд: «Шахс барои манфиати худ фаъолият карда, ҳис наменамояд, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат расонидааст». Воқеан ҳам, ба даст овардани фоида маъмулан дар маркази фаъолияти дилхоҳ ширкати саҳомӣ қарор дорад, вале масъулин бо камоли масъулият иброз менамоянд, ки дар мадди назари онҳо на танҳо ба даст овардани фоида, балки имконоти иқтисодии ҳамватанон низ қарор дорад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолият ширкат тавонист, ки масъалаҳои зиёди ташкилӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро ҳаллу фасл намояд. Қабл аз ҳама, роҳбарияти ширкат дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳар чӣ зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Пас аз ҷамъоварии маълумот, системаи гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ таҳия гардид, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад. Ибтикори дуюми муҳим дар фаъолияти ширкат аз баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ иборат буд. Бо мақсади сарфа кардани вақт хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Бо ин мақсад механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ба роҳ монда шуда буд. Суръати хизматрасонии мизоҷе, ки аз кортҳои толлингии электронӣ истифода мебарад, назар ба ашхоси ба таври нақдӣ пардохткунанда ду маротиба фавритар аст. Зикр кардан бамаврид аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъминанд, вобаста гардидааст. Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифа имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода менамояд. Баъзан аз ҷониби баъзе коршиносон андеша баён мегардад, ки гӯё филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод бошад. Дар давоми фаъолият аз ҷониби филиали ширкат ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани миллионҳо сомонӣ ба сифати андоз аз сафсатае беш набудани чунин андешаҳоро собит менамояд. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Дар соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд. Дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз мақсадҳои асосии роҳбарияти филиали ширкат маҳсуб мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар аз ин, роҳбарияти филиали ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 2 июни соли 2018 дар километри 138- ум, дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафт. Дар муҳлате, ки нигоҳдории роҳи Душанбе – Чанок ба зиммаи филиали ширкат вогузор аст, маротибаи аввал чунин ҳолат ба миён омад. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникӣ замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Ду соат пас аз рух додани офат кормандон дар дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор намуда, тавассути он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба роҳ монданд. Худи ҳамон рӯз қитъаи фурӯрафта барқарор ва дар давоми як моҳ мумфаршкунии роҳ низ бо истифода аз асфалти хушсифат, дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ чандин рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкат барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо, пурра аз байн бардоштани дидбонгоҳҳои БДА ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Мавҷудияти он яке аз талаботи асосии бахши роҳсозӣ буда, саҳми хатҳои уфуқӣ дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бориз аст ва роҳро зебову назаррабо менамояд. Биноан, кормандон масъалаи мазкурро мунтазам мадди назар қарор дода, фаъолиятро дар робита ба кашидани чунин хатҳо тавсеа бахшидаанд.

Солҳои охир, дар заминаи тадбирандешиҳои саривақтӣ, аз ҷониби кормандони намояндагиҳои минтақаи Варзоб, Зарафшон ва Суғд дар масофаи садҳо километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ин иқдом бо истифода аз ранги босифат ва тавассути техникаи замонавӣ амалӣ шуда, кафолати муддати зиёд беосеб монданаш таъмин аст.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки роҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати аъзамаш аз чунин минтақаҳо мегузарад, аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолиятро тавсеа бахшидаанд. Вале табиат қонунҳои нонавишта дорад, ки пешгирии ҳамаи он берун аз имкон аст. Новобаста аз ин, дар лаҳзаҳои аввали рух додани тармафароӣ, омадани сел, фурӯ рафтани роҳ, лағжиши сангпора ва ғайра роҳбарияти намояндагиҳои филиали ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар менамоянд.

Роҳи Душанбе – Чанок махсусиятҳо дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, роҳбарияти филиали ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз вазифаи аввалиндараҷа медонанд.

Боиси ифтихор аст, ки ки филиали Ширкати саҳомии «Innovative Road Solutions» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми фаъолияти на чандон тӯлонӣ аллакай аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Hubei Chengli Special Automobile Co., LTD, Liugong Mashinery Co., LTD и XCMG Group Co., LTD ҳамчун шарики беҳтарин шинохта шуд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи мардумро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънии мусбаташ дигар кард, пеш бурд, мактаби бузурги омӯзишӣ ва андӯхтани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ гардид.

 Далер Мерганов, «Садои мардум»