Нигаронӣ не, қаноатмандӣ бояд кард

№59 (3696) 27.05.2017

«Барои ҳалли масъалаи ба оби нӯшиданӣ таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар солҳои 2010-2018 беш аз як миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ тибқи нақша амалӣ мегардад»

Аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал – «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028»-ро ба инобат гирифта, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳоро беҳтар ба роҳ монд.

- Ин ташаббуси Пешвои миллат ҳар ­фардро водор менамояд, ки муносибати худро нисбат ба беҳдошт ва истифодаи оқилонаи об дигар намояд, — мегӯяд директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Мирзомурод Убайдов. — Ҳоло дар шаҳри Душанбе дар 93 ҳазор хона дастгоҳҳои обҳисобкунӣ насб гардидааст. Корхона тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ дар 110 ҳазор хонаи дигар ҳисобкунакҳоро васл намояд. мутаассифона, як идда садди роҳи ин иқдоми шаҳрдорӣ мегарданд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд ба он боис гардад, ки онҳо нигаронӣ не, балки қаноатмандӣ кунанд.

Мисол, барои 5 нафар сокини як манзил истифодаи 54 мукааб об пешбинӣ шудааст, ки маблағи истифодаи он 34 сомонию 2 дирамро ташкил медод. Таҳлилу санҷишҳо нишон дод, ки дар манзилҳое, ки истифодаи 54 метри мукааб об дар назар буд, баъди насби обҳисобкунакҳо дар як моҳ ҳамагӣ 20-25 метри мукааб об истифода мебаранд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» системаи «Билинг»-ӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар муштарӣ дар алоҳидагӣ суратҳисоб дорад ва метавонад дар сурати муайян кардани маблағи оби истифодашуда дар дилхоҳ нуқтаи хизматрасонии «Амонатбонк» онро пардохт кунад.

- Айни замон 21 нозир оид ба пешгирии талафоти оби ошомиданӣ сафарбар шудаанд. Дар робита ба ҷумакҳои бемурвати кӯчаю назди биноҳо ва қубурҳое, ки ғайриқонунӣ, бе риояи талаботи техникӣ дар манзили шаҳрвандон мавриди истифодаанд, санадҳо тартиб дода, гунаҳкорон муҷозот мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки дар самти сарфа ва истифодаи оби нӯшокӣ муваффақ бошем, — изҳор дошт Мирзомурод Убайдов.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»